Jump to content

Агроинвестбонк

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Агроинвестбонк
Соли таъсис 1992
Макон

ҶСК «Агроинвестбонк», дар соли 1992 асос ёфта, яке аз Бонкҳои пешбари Тоҷикистон ба шумор меравад, ки дар тамоми миқёси ҷумҳурӣ дорои шабакаи пурқудрати филиалҳо мебошад. Сармояи оиинномавии Бонк аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣрезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин аз тарафи Бонки Аврупоии Рушд ва Тараққиёт ташкил дода шудааст.

«Агроинвестбонк» - бонки универсалиест, ки маҷмӯи пурраи хидматрасониҳои бонкиро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод менамояд. Ба шахсони воқеӣ шакли гуногуни интиқоли маблағҳо, барномаҳои депозитӣ, амалиётҳои сейфӣ ва интихоби васеи кредитҳоро пешниҳод карда мешавад. Дар асоси ҳамкори бо шахсони ҳуқуқӣ – таваҷҷӯӯҳи бонк ба талабот ва муносиботи фардии мизоҷон, ки ба рушди боварӣ ва ҳамкориҳои судманд мерасонад, нигаронида мешавад.

Бо риояи стратегияи дастгирии аҳолии ниёзманди ҷомеа, сиёсати қредитии Бонк ба мизоҷон рушди тиҷарет ва дар минтақаҳо ташкил намудани ҷойҳои кории навро имконият медиҳад. Вазифаи «Агроинвестбанк» дар тамоми нуқтаҳои мавҷудият – рушд додани иқтисодиёти он минтақа ва дастгирии тиҷорати хурд ва миёна мебошад.

Рақамҳо ва далелҳои фаъолияти ҷории Бонк аз хусуси рушди бомуваффақияти он шаҳодат медиҳанд: филиалҳои нав кушода мешаванд, ва мутахассисони баландихтисос ба мизоҷон хидматрасонии босифатро мувофиқи талаботи замони муосир таъмин мекунанд. Бонк тақрибан дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон шинохта шудааст, ҳампайвандии минтақавии шабакаи фурӯши маҳсулоти молиявӣ ва хидматрасониҳои Бонк ба ҳолати июли соли 2011 чунин ба қайд гирифта шудааст:

дороиҳои асосии Бонк ин муносибат бо мизоҷон ба шумор меравад. Мо мизоҷонро қадр мекунем, ва муносиботи мо пеш аз ҳама дар асоси принсипҳои масъулиятшиносӣ, боэътимодӣ ва ҷавобгарӣ доштан сохта мешаванд.

Эътимоднокии баланди ҶСК «Агроинвестбонк»- ро мукофотҳои соҳибшудаи байналмилалии он далолат медиҳанд. Октябри соли 2002 дар конфронси Женева таҳти унвони «Bussiness Initiative Directions» Бонк бо мукофоти "International Star Award for Quality" (сетораи Байналмилалии сифат) бо арзиши "Тилла"-ӣ, барои дастовардҳои ноилгашта дар истифодабарии фаъолияти хидматрасонии ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ба даст овард. Моҳи марти соли 2003 дар конфронси дар шаҳри Франкфурт бо унвони «Bussiness Initiative Directions» баргузоргашта, Бонк бо нишони "The Arch of Europe" (Аркаи Европа) бо арзиши "Фӯлодин" барои сифати баланди хидматрасониҳои бонкӣ ва истифодабарии технологияи муосир мукофотонида шуд.