Адабиёти тоҷик

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Адабиёти Тоҷик)
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Адабиёти Тоҷикадабиёт ба забони тоҷикӣ.

Тавсиф[вироиш]

Дар қарнҳои III-VII дар Осиёи Миёна қавмҳои эронии шарқӣ сокин буданд, ки онҳо дар гӯиш ва шеваҳои мухталиф, вале ба ҳам наздики суғдӣ, хоразмӣ ва портиву сакӣ ҳарф мезаданд ва ба ҳамин забон адабиёти фанниву бадеӣ низ эҷод карда буданд. Ёдгориҳои хаттии ниҳоят кам, вале пурарзиши адабии «Дарахти Асурик» ва «Аяткори Зарирон» ба забони портӣ дар таркиби луғавии худ бисёр калимаву вожаҳое доранд, ки дертар дар забони Дарии асри Сомонӣ ба назар мерасанд.

Ҳамзамон дар ҳамин қарнҳо давлати муқтадири Сосониён (221-651 мелодӣ) вуҷуд дошт, ки адабиёти, фарҳанг ва осори меъмориву тасвирии онҳо дар мамолики Шарқу Ғарб шӯҳрати мафтункунандае дошт. Дар давлати Сосониён ба забони паҳлавӣ осори бой ва бузурги адабиву ахлоқи таълиф гардид. Адабиёти ҳам Эрони ғарбиву ҳам шарқи, яъне Мовароуннаҳр аз ҷиҳати мазмунҳои асотирӣ ва ҳамосавии бостонӣ ва аз ҳайси таркиби луғавӣ бисёр умумият ва ҳамонандиҳо доштанд. Қавмҳои гуногуни эрониро суннатҳои қадими мардумӣ ва ойини мазҳабию динӣ (яъне ойини Зардуштӣ) ба ҳам наздик мекарданд.

Дар қарни VII милодӣ лашкари аъроб зери парчами ислом ба тасхир ва истилои сарзамини Эрон ва баътар Осиёи Миёна бархост. Дар натиҷаи ҷангҳои шадиду пурталотум на танҳо бинои давлати Сосонӣ ва мулкҳои мардуми эронии шарқӣ пош хӯрданд, балки осори маданиву фарҳангӣ ва маънавии чандинасрии Эронзамин хароб гашт. Баробари ҳамин дини мубини ислом бо суръат ва вусъати ҳайратангези ба ҷойи дину мазҳабҳои қадими эронӣ дар Эрону Мовароуннаҳр истеҳком ёфт. Лашкари аъроб дар баробари ислом ба ин сарзаминҳо забони арабиро низ овард. Забони арабӣ ҳамчун забони муқаддас ва забони китоби осмонии ислом - Қуръон дар коргузории давлат, дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангӣ ҷойгузини забонҳои бумии эронӣ гашт. Олимону шоирон ва адибони маҳаллӣ осори манзум ва мансури худро ба забони арабӣ таълиф менамуданд.

Дар Эрону Мовароуннаҳр шеъри араб шаклҳои классики назм ва насри бадеии аъробро ворид намуд. Вазни арӯз ва тарзи қофиясозии шеъри араб, воситаҳои тасвири шеъри бодиянишинони араб, анвои шеъри ғаноиву мадеҳӣ, мисли ғазалу қасида дар ашъори шоирони арабизабони маҳаллӣ устувор гардид. Баробари ҳамин шеъри араб дар зери таъсири муҳит ва иқлими мулкҳои нави обшору сабзу хуррам, бо таъсири суннатҳои бостонии адабиёти хаттии қадими эронӣ аз ҷиҳати санъати сухан ва воситаҳои тасвир ғанитар гардид ва аз шеъри бумии худи арабҳо хеле дур ҳам рафт. Намоҳои достонҳои асотириву ҳамосавӣ, мазмунҳои қиссаҳои қадими эронӣ, гуфтан мумкин аст адабиёти араби маҳаллиро ба вуҷуд овард, ки мо онро метавонем адабиёти эронии арабзабон гӯем. Аз ин ҷост, ки дусад соли «сукути адабиёти форсиро» мо имрӯз давраи арабизабони адабиёти форс-тоҷик меномем.

Бо вуҷуди он ки дар Эрону Хуросону Мовароуннаҳр адабиёти хаттӣ ба забонҳои маҳаллӣ аз мавҷудият боз монд, аммо дар байни мардум ва аҳли илму дониши эронитабор адабиёти шифоҳӣ ва муоширату муомилот ҳамчунон дар забонҳои хеш идома дошт. Намунаи чунин назму шеърҳои форсиро таърихнависони араб дар китобҳояшон ба ҳуруфоти арабӣ сабт кардаанд. Шеъри ҳаҷвомези хатлониён дар шикасти ҷанговарони араб, мисраъҳои ҳузномези Абулянбағӣ дар харобиву вайронии Самарқанд, ки дар таърихномаҳои муаллифони араб сабт гардидааст, шоҳиди он аст, ки мардум ба забони маҳаллии худ шеър мегуфт, арзи ҳол мекард. Ҳамаи ин далолат ба он мекунад, ки забону суннатҳои қадими бостонӣ ва нақши ойини зардуштӣ ва дигар анъанаҳои ба ислом бегонаро мардум нигаҳбонӣ мекард, дар ёду хотир пос медошт.[1]

Хонадонҳои ҳукумрони маҳаллӣ, ки дар мулкҳои эронии шарқи хилофати араб аз ҷониби халифа ҳокимони нисбатан мустақил таъйин мешуданд, ба ҳифз ва ҷорӣ гардидани урфу одат ва ойину русуми мардуми эронинажот сидқан мусоидат мекарданд. Ду сулолаи эронинажот – Тоҳириёну Саффориён, ки аз оғози қарни IX ба тарзи мустақил дар Хуросону Мовароуннаҳр ҳокимият доштанд, дар устувории давлати худ асосан ба мардуми маҳаллӣ ва расму ойини қадими халқ такя мекарданд. Ин волиён дар дарбори худ шоиронеро, ки ба забони маҳаллӣ ва форсӣ шеър менавиштанд, ҷамъ намуда, онҳоро дар пос доштани забони адабиёти маҳаллӣ таблиғ ва ташвиқ менамуданд. Дар сарчашмаҳо омадааст, ки Ҳанзали Бодғиси маддоҳи дабори Тоҳириён буд. Чанд абёти, ки аз ин шоир дар дастраси мост, шоҳиди он аст, ки дар замони вай шеъри форсӣ дар шаклу чорчӯбҳои шеъри араб иншо мешудааст:


Ёрам сипанд агарчи бар оташ ҳамефиганд
Аз баҳри чашм, то нарасад мар варо газанд.
Ӯро сипанду оташ н-ояд ҳаме ба кор
Бо рӯйи ҳамчу оташ бо холи чун сипанд.
Меҳтарӣ гар ба коми шер – дар аст,
Шав, хатар кун, зи коми шер биҷӯй!
Ё бузургию иззу неъмату ҷоҳ,
Ё чу мардон-т марги рӯёрӯй.

Дар дарбори воли қавидасти Саффорӣ Яъқуб ибни Лайс (867-879м.), Муҳаммад ибн Васиф, Бассоми Курд ва Муҳаммад ибни Муҳаллад шоирони маддоҳу дарборӣ буданд. Фирӯзи Машриқӣ, Варроқи Ҳиротӣ, Абӯсулайки Гургонӣ низ аз шоирони давраи салтанати Саффориён ба шумор меравад. Намунаи шеъри мадеҳавии Ибни Васиф дар ситоиши Яъқуб ибни Лайс чуни наст:

Ай амире, ки амирони ҷаҳон хосаву ом
Бандаву чокару мавлою сагбанду ғулом,
Азалӣ хате дар лавҳ, ки «мулке бидиҳед,
Ба Абӣ Юсуфи Яъқуб бину –л-Лайси ҳумом!»
Амр Аммор туро хост в-аз ӯ гашт барӣ,
Теғи ту кард миёнҷӣ ба миёни даду дом.
Амри ӯ назди ту омад, ки «ту чун Нӯҳ бизӣ!»
Дари Окор тани ӯ, сари ӯ боби Туом.

Аз он чи иқтибос шуд ва аз он абиёти бозмондаи Вассофи Курду Ибни Муҳаллад бармеояд, ки дар шеъри ибтидои қарни XIII мо нақши сурудаҳои мардумӣ ва луғоту вожаҳои халқиро намебином. Ашъори ин шоирон бештар бо ибораву калимоти арабӣ ва дар доираи ташбеҳоту истиороти шеъри араб сохта шудааст. Ба ибораи дигар гӯем, шоирони ин қарн аз тақлид ва пайравии шеъри араб дур наратааст ва ба суруду таронаҳои халқӣ камтар рӯй оврадаанд. [2]

Дар охири асри IX ба арсаи мубориза намояндагони хонадони Сомонӣ баромаданд, ки онҳо аз оғози асри IX ба идораи вилоятҳои гуногуни Мовароуннаҳр аз ҷониби хилофати Араб маъмур буданд. Аз ин ҷо давлати бузурги Сомониён дар сарзамини паҳновари Мовароуннаҳр ва Хуросон аз ҷиҳати иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ яке аз бузургтарин ва пешқадамтарин давлати онвақтаи дунё гардид. Исмоил сиёсатмадори замони худ буд. «Ҳеҷ касс аз оли Сомон бисёрдонтар аз вай набуд» - гуфтааст Наршахӣ.

Исмоили Сомонӣ баробари хотима додан ба муборизаи дохилӣ ва ғалаба аз болои душманони хориҷӣ барои боз ҳам мустаҳкамтар гардидани иқтидори иқтисодии давлат, амнияти марзҳои он аз ҳуҷуми хориҷиён, устувории дарбори амирӣ, ташкили артиши бонизом ва ғайра ислоҳотҳои борвар гузаронидааст. Дар замони ӯ ба илму фарҳанг роҳи васеъ кушода шуд. Ҳамаи чораҷӯйиҳое, ки Исмоили Сомонӣ дар роҳи истиқлол ва истеҳкоми давлат анҷом дод, ба инкишофи иқтисодиёт, соҳаҳои кишоварзӣ, ҳунармандӣ, тиҷорат, кашфи маъдан, шаҳрсозӣ корҳои меъмориву бинокорӣ, пешрафти фарҳанг ва ғайра роҳ кушод. Робитаи тиҷоратии шаҳрҳои Осиёи Миёна бо кишварҳои ҳамсоя пурқувват гардид.

Пешрафти иқтисодии кишвар барои равнақи ҳаёти фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам овард. Дар маркази давлати СомониёнБухоро намояндагони беҳтарини илму маданият гирд омада, дар роҳи тараққиёти илм, санъат, фалсафа, адабиёт ва таърих корҳои бузурге анҷом медоданд. Таърихшиноси маъруф Абӯбакри Наршахӣ (вафоташ соли 959 м.), муаррих ва адиб Абдуллоҳи Диноварӣ, ки бештар бо номи Ибни Қутайба машҳур аст (829-889 м.), мунаҷҷим ва риёзиётшинос Абӯмаъшари Балхӣ, табиб ва файласуф Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (замони зиндагияш байни солҳои 850-923 м.), мутарҷими «Таърихи Табарӣ», вазири ибни Нӯҳи Сомонӣ Абӯалӣ Муҳаммад ибни Абулфазл Муҳаммади Балъамӣ (вафоташ соли 937 м.), риёзидон Муҳаммад ибни Мӯсо ал-Хоразмӣ (780-863м.), мутафаккири ҷаҳонӣ Абӯалӣ ибни Сино (980-1038 м.), ва ғайраҳо дар ин давра зиндагӣ ва эҷод намудаанд.

Яке аз воқеаҳои таърихии мардуми форсизабон дар ин давр ба таври мустаҳкам пойдор гаштани забон ва адабиёти форс-тоҷик (дарӣ) буд. Пайдоиш, ташаккул ва тараққиёти баъдии адабиёти классики форс-тоҷик дар ин аср заминаҳои маънавии таърихӣ дошт. Намунаҳои олии адабиёти бостонии форс-тоҷик дар ҳазораи дувуми қабл аз милод арзи вуҷуд намуда, «Готҳо»-и «Авасто» ҳанӯз дар асрҳои XII-X-и пеш аз милод дар рӯйи чандин ҳазор пӯсти гов забту сабт шуда буданд. Он эҷоди пайғамбари эронитаборон Зардушт буд. Баъдтар порчаҳои «Худойномак», «Дарахти Асурик», «Пандномаи Анӯшервон», «Аржанг»-и Монӣ ва ғайра зуҳур карданд. Адабиёти қадими форс-тоҷик (то қарни IX милодӣ) ба забонҳои қадими эронӣ; авастоӣ, паҳлавӣ, суғдӣ, хоразмӣ, баъдтар ҳатто ба забони арабӣ ва амсоли инҳо таълиф шудаанд.

Истилои араб дар муддати муайян ҷараён ва шукуфоии адабиёти пешазисломии форс-тоҷикро қатъ намуд. Аммо анъанаҳои пешини ин адабиёт дар байни халқ, дар адабиёти шифоҳӣ ҳамчунон пойдор будааст ва халқ ба лаҳҷаҳои маҳаллии худ пайваста эҷод мекардааст ва таронаву бадеҳаҳо месурудааст. Порчаҳои манзум, ки аз Абулянбағӣ, Ҳанзалаи Бодғисӣ, Фирӯзи Машриқӣ, Абӯсулайки Гургонӣ ва ғайра боқи мондаанд, гувоҳи онанд, ки дар асри VIII ва оғози асри IX, яъне ҳанӯз то замони ҳукумронии Сомониён адабиёти хаттӣ ба забони дарӣ вуҷуд доштааст ва дар ин адабиёт равияи пешқадами халқи дорои мавқеъи назаррасе буда. Намояндагони равияи пешқадам қаҳрамонии халқи худ, муборизаи онҳоро ба муқобили истилогарон мадҳу ситоиш мекарданд. Шоири асри IX Масъудии Марвазӣ аз гузаштаи қаҳрамонии халқҳои ин сарзамин дар давраи Сомониён афсонаву қиссаву ривоятҳои халқиро ҷамъ намуда, ба назм даровард, ки ин низ тазоҳури ҳамин равияи пешқадам дар назм буд.

То истилои араб Эрону Хуросон ва Мовароуннаҳр минтақаҳои равнақи динҳои мухталиф буд. Дар ин кишварҳо ойини зардуштӣ, кеши монавӣ, мазҳаби исавӣ, маслаки яҳудӣ ва дар баъзе ҷойҳо ҳатто таълимоти будоӣ ва эътиқодии ҳиндӣ вуҷуд дошт. Барои нашри афкор ва тарғиби ақоиди худ мубаллиғини ин адёну мазоҳиб забонҳои арабӣ, паҳлавӣ, сурёнӣ, санскрит ва ғайраро ба кор мебурданд. Дабистону дабиристонҳо, мадрасаҳо, масҷидҳо, оташкадаҳо, дайрҳо, китобхонаҳо ва амсоли инҳо чун қонунҳои баҳсу ташвиқи андешаҳои гуногун буданд. Аксари китобҳои паҳлавӣ баъд аз асрҳои VIII-IX ба забони арабӣ нақл шудаанд».

Баъди истилои араб дар сарзамини эронитаборон, ки онро баътар қавмҳову халқиятҳои атрофу акнофи Мовароуннаҳру Хуросон низ қабул намудаанд, фотеҳони араб алифбои арабӣ ва забони тозиро расман ҷорӣ карданд. Ин кӯшише буд барои аз байн бурдани забону фарҳанги мо. Вале ин тавр нашуд. Мардуми маҳаллӣ мероси фарҳангии то истилои арабро сина ба сина бо истифода аз хотираҳои дарроку қавӣ ба наслҳои баъдӣ мерасониданд, урфу одат, расму русуми миллиро кам андар кам ба дасти фаромӯшӣ медоданд, бо он ки ба адабиёти шифоҳиву китобии форс-тоҷик, бо қабул намудани дини ислом, мавзӯъҳои тозае аз ривоятҳои Қуръон дар хилқати Оламу Одам, киштии Нӯҳ, қиссаҳои Юсуфу Сулаймон, асҳоби Каҳф, масалҳои мардумии арабӣ, биҳишту дузах, меъроҷ ва ғайра ворид шуд. Ҳатто кор ба ҷойе расид, ки баъзе нақлу ривоятҳои арабӣ вориди кутуби таърих гардидаанд. Дар баробари ин, фарҳангу тафаккури эрониён ба адабиёти арабӣ ҷилои тозае бахшид, назму насри арабиро ҳамаҷониба ғанӣ гардонид, дар кишварҳои зердасти арабҳо ҳатто суханварони дузабона ба майдони адабиёти эронинажодон ворид гардидаанд. Дар Хуросону Мовароуннаҳр осори илмӣ асосан ба забони арабӣ навишта мешудаанд. Аз ҷумлаи 415 шоире, ки дар тазкираи Абӯмансур Абӯмалик ибни Муҳаммад ибни Исмоил ас-Саолибӣ (961-1038м.) «Ятимату-д-даҳр» оварда шудааст, беш аз 120 нафарашон дар замони ҳукумати Сомониён (875-999м.) ва ибтидои асри XI м. дар Хуросону Мовароуннаҳр умр ба Сар бурда , ба арабӣ ва ё ба ду забон; арабӣ ва форсии тоҷикӣ асар эҷод мекарданд.

Бунёди бегазанди адабиёти нави форс-тоҷик, ки имрӯз ҳам дарёи бузурги он шодоб аст, дар асрҳои IX-X милодӣ гузошта шудааст. Баъди он ки Бухоро пойтахти дувуми Оли Сомон (892 м.) эълон шуд (пойтахти аввалӣ шаҳри Самарқанд), ба он ҷо беҳтарин суханварон, мунаҷҷимон, олимон, табибон, аҳли ҳунар ва ғайра гирд омадаанд. Дар зери таъсири ишон амирону вазирон, мирзоёну ҳокимони маҳалҳо ва фарзандони онҳо беш аз пеш ба илму адабиёт рӯй меоварданд. Дар Бухоро барои илмомӯзӣ шароити мусоид муҳайё гардида буд. Китобхонаи бузурги Сомониён «Сивону-л-ҳикмат» («Ганҷинаи ҳикмат») хазинаи илму фалсафа, донишу фарҳанги Шарқу Ғарб буд. Абӯалӣ ибн Сино сохти китобхонаро чунин ёдовар шудааст: «Ман ба иморате дохил шудам, ки хонаҳои зиёде дошт. Дар ҳар як хона сандуқҳои пур аз китобро бар болои якдигар ниҳода буданд. Дар як хона китобҳои арабӣ ва девонҳои шуъаро ва хонаи дигар китобҳои дин ва фиқҳ ва ҳамчунон ҳар хона шомили китобҳое дар соҳае буд. Ман феҳристи китобҳои муаллифони қадимро хостор шудам ва он китобҳо, ки ниёзманди онҳо Будам , хостам ва онҷо китобҳое дидам, ки ниёзманди онҳо будам, хостам ва он ҷо китобҳое дидам, ки ҳатто номи онҳо бар бисёр касон маҷҳул (номаълум) буд ва аз он пас чунин ҷамъомади китобҳоро дар ҳеҷ ҷой надидам».[3]

Дар ҳақиқат Сомониён дар баробари таъмин намудани ҳаёти осудаи кишвар, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоъиву сиёсӣ ба илму фарҳанг диққати ниҳоят бузурге равона карда буданд, ки як рукни намоёни онро адабиёт ташкил менамуд, адабиёте, ки дар асрҳои VIII-IX ташаккул ёфта, дар асри X ба зинаи баланди инкишоф расида буд.

Адабиёти тоҷик яке аз бойтарин адабиётҳои ҷаҳон мебошаду таърихи ҳазорсола дорад. Рӯдакӣ аз саромадон асосгузорони ин ҷараёни навшӯҳрати адабӣ ба шумор мерафт. Дар атрофии устод Рӯдакӣ ва махфилҳои адабии ӯ суханварони маъруфе, моанди Шаҳиди Балхӣ, Муродӣ, Фароловӣ, Абӯшакри Балхӣ, Абулмасали Бухороӣ, Абулмуайяди Балхӣ, Абӯзароъаи Гургонӣ Абуттаййиби Мусъабӣ, Абулҳасани Оғоҷӣ ва ғайра ҷамъ меомаданд, базмҳои адабӣ меростанд, аз дастовардҳои адабии худ ҳамдигарро воқиф менамуданд. Вай дар ривоҷу равнақи фарҳанги ҷаҳонӣ нақши муҳиммеро бозӣ кардааст. Намояндагони адабиёти классикии тоҷик аз қабили Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофиз, Носири Хисрав, Умари Хайём ва бисёр дигарон, ки имрӯз мояи ифтихори халқанд, на фақат дар инкишофи адабиёт ва маданияти мардуми тоҷик, балки дар пайдо шудан ва пеш рафтани адабиёт ва маданияти дигар халқҳои Шарқ ҳисса гузоштаанд.[4]

Адабиёти халқи тоҷик то Инқилоби Октябр[вироиш]

Адабиёти замони шӯравӣ[вироиш]


Адабиёти муосири тоҷик[вироиш]


Эзоҳ[вироиш]