Адибони тоҷик дар асри XX

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Адабиёти тоҷик дар асри XX)
Jump to navigation Jump to search

Ташаккул[вироиш]

Ғалабаи Инқилоби Октябру истиқрори низоми шӯравӣ дар Осиёи Миёна боъис гардиданд, ки миллати азийяткашидаи тоҷик дигарбора самандарвор аз хокистари зиллат бархоста, бар минбари иззату шарофат барнишинад ва дар баробари соҳати дигари ҳаёту иқтисоди кишвар ба соҳаи фарҳангу адаби деринасоли худ сару сомони наву матлубе бахшад, ки таъсиси нахустин конуни суханварони мамлакат аввалқадами чунин иҳёву таҷаддудҳо будааст. Ба иборати дигар, баъди таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сӯсиёлистии Тоҷикистон (1924)) ва Ҷумҳурии Шӯравии Сӯсиёлистии Тоҷикистон (1929) ниҳоди ҷадиди нависандагони Тоҷикистон арзи ҳастӣ намудааст, ки гурӯҳу дастаҳои парешони суханварони диёрамонро ҷамъ оварда, фаъолияташонро ба талаботи замони инқилобӣ мутобиқу мувофиқ гардонидааст. Иттифоқи навини нависандагони Тоҷикистон моҳи майи соли 1934 ҳамчун қисми таркибии Иттифоқи нависандагони СССР ташкил ёфта, то таъсиси он адибони тоҷик дар ҳайъати «Ҷамъияти шоирон» (1922) «Ҷамъияти муҳаррирон» (1925), «Қалами сурх» (1930), «Сексияи нависандагони шӯроии тоҷик» (1930), «Ассосиатсияи нависандагони пролетарии Тоҷикистон» (1931) амал кардаанд ва ҳар кадоме аз ин гурӯҳу ҷамъияту иттиҳодияҳо мақсаду маром ва уҳдадорию вазифаҳои мушаххаси худро дошта, муттаҳидию якмаромии нависандагонро таъмин карда наметавонистанд. Аз ин рӯ, зарурати таъсиси Иттифоқи ягонаи нависандагони Тоҷикистон ба миён омада, чунин зарурат дар Қарори Комитети Марказии ҳизби коммунисти ҷумҳурӣ «Дар бораи аз нав сохтани ташкилотҳои адабӣ-бадеӣ» (1932) таъкиду таъйид ёфтааст. Баъди аз тарафи аҳли қалам мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифтани қарори мазкур мақсад гузошта шудааст, ки Анҷумани муассиси иттиҳодияи нависандагони ҷумҳурӣ даъват намуда, масъалаи таъсиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳал карда шавад. Бо ин мақсад, Бюрои ташкилотии Иттифоқи нависандагони шӯроии тоҷик созмон дода, ба ҳайъати он Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, К.Трегулов, Қ. Дайламӣ, М. Ҳасанӣ, М. Рустамов, Б. Азизӣ, М.Бурҳонов ва Юртаев ворид оварда шудаанд. Раиси Бюрои ташкилотӣ вазири вақти маорифи ҷумҳурӣ Саид Носиров таъин гардидааст. Бюрои мазкур, ки баъдан номи Кумитаи ташкилотиро гирифтааст, то моҳи майи соли 1934 – то баргузории Анҷумани якуми нависандагони ҷумҳурӣ фаъолият кардааст. Анҷумани якуми нависандагони Тоҷикистон рӯзҳои 10-18 майи соли 1934 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, таъсиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро эълон ва Абулқосим Лоҳутӣ раиси он интихоб намудааст. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз рӯзи таъсисаш тамоми адибони маъруфу навкори ҷумҳуриро ҷамъ оварда, ба кори фаъоли эҷодӣ, ба тасвири меҳнати бунёдкоронаи халқ ҳидоят намудааст.

Солҳои 30-ум[вироиш]

Дар натиҷа, адабиёти солҳои сиюми тоҷикро асарҳои навини устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ ғанӣ гардонида, дастае аз адибони ҷавони боистеъдод, монанди Пайрав Сулаймонӣ, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Раҳим Ҷалил, Алӣ Хуш, Ҳаким Карим, Ғанӣ Абдулло ва диг. дар ҳаёти адабии замон мавқеи намоён ишғол намудаанд. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баррасию таҳриру нашри асарҳоро ба сомон расонда, ҷашну базмҳои эҷодии адибонро баргузор менамудааст. Бо ҳидояти бевоситаи Иттифоқи нависандавони Тоҷикистон тарҷумаи осори гуногуни классикони адабиёти ҷаҳон роҳандозӣ шуда, хонандаи тоҷик бо намунаҳои сарвати маънавии халқҳои дигари олам ошнойии бештаре пайдо кардааст. Адибон, дар навбати худ, дар ҷараёни тарҷумаи осори бузургони адабиёти ҷаҳон дарси маҳорат омӯхтаанд; дилгармона ба гирд овардан ва интишор додани намунаҳои биҳини эҷодиёти шифоҳии мардум ва классикони адабиёти тоҷик шурӯъ кардаанд. Ҳамчунин, робитаҳои байналмилалии адабиёти тоҷик муназзаму ҳадафнок гардида, самараҳои судманд овардаанд. Жанрҳову навъҳои тозаи адабие вориди адабиёти тоҷик шуда, драматургияи тоҷик ба гунаи навъи мустақили адабӣ ва соҳиби вижагиҳои миллӣ ташаккул ёфтааст. Дар баробари ин, воқеаҳои мудҳиши солҳои 1937-1939 ба ҳаёти адабии ҷумҳурӣ ва ҳайъати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бетаъсир намондаанд. Адибон Аҳмадҷон Ҳамдӣ, Раҳим Ҳошим, Рашид Абдулло, Ғанӣ Абдулло, Алӣ Хуш, Ҷалол Икромӣ, Тӯрақул Зеҳнӣ, Холиқ Мирзозода, Саъдулло Рабиъӣ ва диг. Гирифтори таъбиду шиканҷаву маҳбасҳо гардидаанд. Бо вуҷуди ин, солҳои сӣ дар адабиёти тоҷик асарҳое ба миён омаданд, ки пояҳои аввалини жанрҳои навини гуногунро бунён гузошта, ба вусъати мавзӯъу мундариҷаи адабиёт мусоядат намудаанд. «Ғуломон»-у «Марги судхӯр»-и Садриддин Айнӣ, шеъру достонҳои Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ хусусиятҳои муҳимтарини насру назми давраро дар худ инъикос намудаанд.

Солҳои 1941-1945[вироиш]

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) адибони тоҷик дар атрофи созмони худ беш аз пеш муттаҳид гардида, тавассути осору пайкори ҳамарӯзаашон ғамшарики мардум будаанд. Дар асарҳои давраи ҷангии Устод Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, А. Деҳотӣ, Ҷ. Икромӣ, С. Улуғзода ва диг. образи муҳташами халқи тоҷик ба тасвир омадааст, ки ҳамдиливу ҳаммаслакӣ бо дигар халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва қаҳрамониву фидокорӣ муҳимтарин сифати ӯст. Адибони тоҷик Ҳаким Карим, Ҳабиб Юсуфӣ, Абдушукур Пирмуҳаммадзода, Лутфулло Бузургзода, Ҳамид Бақозода дар майдони ҷанг ҳалок шудаанд. Мавзӯи ҷангу фоҷиаву оқибатҳои он дар эҷодиёти М. Турсунзода, С. Улуғзода, Ф. Ниёзӣ, А. Қаҳҳорӣ, М. Қаноат ва чанди дигар мақоми шоистае пайдо намудааст. Бахусус, достони «Сурӯши Сталинград»-и Мӯъмин Қаноат, ки дар мавзӯи ҷанг офарида шудааст, комёбии нотакрорест дар адабиёти тоҷику шӯравӣ.

Давраи баъди ҷанг[вироиш]

Солҳои баъди ҷанг дар ҳамаи навъу жанрҳои адабиёти тоҷик, дар баробари тасвири воқеаҳои айёми ҷанг (1941-1945), мавзӯи тарғибу ташвиқи сулҳ аҳамияти махсусе касб кардааст. Мубориза барои пойдории сулҳу таҳкими дӯстии халқҳо ва ҳамдилӣ бо халқҳои мамолики мустамликаву ниммустамликаи Осиёву Африқо аз соҳаҳои муҳимми фаъолияти адибони тоҷики давраи мазкур гардидааст. Силсилаҳои «Қиссаи Ҳиндустон»-у «Ман аз Шарқи Озод», манзумаи «Садои Осиё»-ву достонҳои «Ҳасани аробакаш» ва «Ҷони ширин»-и Мирзо Турсунзода мавқеи адабиёти тоҷикро дар арсаи умумишӯравӣ ва мақоми шахсии ӯро ба ҳайси муборизи сулҳу ваҳдати умумиҷаҳонӣ ва арбоби бузурги фарҳангу давлат ба маротиб баланд бардоштаанд. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар солҳои ҷангу даҳсолаи аввали баъди ҷанг пайваста кӯшидааст, ки сафи адибони тоҷик аз ҳисоби шоиру нависандагони ҷавон афзояд. Дар ин давра, ба шарофати дастгириву ҳидояти бевоситаи устодон Айнию Лоҳутию Турсунзода гурӯҳи калони адибони ҷавон ба майдони фаъолияти эҷодӣ қадам ниҳодаанд, ки Пӯлод Толис, Ғанӣ Мирзо, Аминҷон Шукӯҳӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Муҳиддин Фарҳат, Файзулло Ансорӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Убайд Раҷаб, А. Шарифӣ, Бобо Ҳоҷӣ ва диг. Аз он қабил буда, ҳар кадомашон, баъдан, дар жанрҳои мухталифи адабӣ ва тасвири мавзӯъҳои гуногуни адабиёт мавқеъу мақоми муносибе пайдо кардаанд.

Адабиёт дар марҳалаи нав[вироиш]

Аз нимаи дувуми солҳои 50-уми асри гузашта дар адабиёти тоҷик марҳалаи наве ба сӯйи мушаххасбаёнӣ ва даст кашидан аз умумигӯйии номатлуб оғоз гардида, фаъолиятмандии иҷтимоъии нависандагон ва дахолати ҷасуронаи онҳо ба ҳаёти воқеъии ҷомеа ба маротиб афзуда, ҷойи публитсистикаи хушкро насри таъаммуқу андеша ва шеъри иҷтимоию фалсафӣ ишғол карда, дар ҳамин асос ин давраро муҳаққиқон даврони тилоии адабиёти тоҷик номидаанд. Ба туфайли романи Ҷ. Икромӣ «Ман гунаҳкорам» таҳлили амиқи масъалаҳои муҳимми ахлоқиву маънавии ҳамзамонон оғоз ёфта, чунин тарзи таҳқиқи бадеӣ солҳои 60-ум дар қиссаҳои П. Толис «Тобистон», Ҷ. Одинаев «Авроқи рангин» ва «Иншо дар мавзӯи озод» идома пайдо кардааст. Ф. Муҳаммадиев аввал дар қиссаҳои «Одамони кӯҳна» ва «Дар он дунё», баъдтар дар романи «Палатаи кунҷакӣ» тамоюли услубии мазкурро хеле вусъат бахшида, пояҳои фалсафӣ ва иҷтимоию реалистии насри бадеиро пойдортару устувор гардониданд. Масоили ахлоқи ҷомеа ва шахс, маънавиёти мардум, муносибати инсон ба муҳити зиндагӣ дар насри солҳои 70-80-уми тоҷик бо роҳу василаҳои гуногуни тадқиқи бадеӣ зуҳур карда, дар ин росто Ю. Акобиров, М. Хоҷазод, С. Турсун, У. Кӯҳзод, М. Бахтӣ, Сорбон, Б. Фирӯз, А. Самад, А. Истад, М. Бобоҷон, М. Солеҳ, А. Рабиев, Ҷ. Акобиров, С. Р. Афардӣ, Баҳманёр ва дигарон қиссаву ҳикояҳое офариданд, ки меъёрҳои эстетикии насри тоҷикро амиқтару фарохтар ва густардатару муассиртар гардониданд. Дар насри ин давра асарҳои таърихимавзӯъ мавқеи асосиро соҳиб гардида, нависандагон зинаҳои гуногуни гузаштазамони халқамонро ба туфайли офаридани чеҳраҳои афроди барҷаста ва тасвири воқеаҳои муҳимми таърихӣ равшан намуданд. Романҳои С.Улуғзода «Восеъ»-у «Фирдавсӣ», Ҷ. Икромӣ «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» (сегона), Ҳ. Ирфон «Дар кулбаи косибон», Р. Ҳодизода «Ситорае дар тирашаб», (дилогия), қиссаи С. Улуғзода «Ривояти суғдӣ» ва ғ. Чашмандози насри тоҷикро фарохтар гардонида, принсипҳои ғоявиву эстетикии насри таърихиро хеле такмилу густариш бахшиданд ва хонандаро ба дарку шинохти саҳифаҳои рангину шахсиятҳои бузурги таърихӣ ҳидоят намуданд. Баъзе аз нависандагонамон ба тафаҳҳуму бозгӯйи тозаи гузаштаи дуру наздик рӯй оварда, воқеаҳои арафаву айёми инқилоб ва даврони шукуфойии давлати шӯравиро бо диди нав қаламдод карданд ва дар тасвири воқеаҳо тақдири инсону халқро ба ҷойи аввал гузоштанд, ки романҳои Ф. Ниёзӣ «Сарбозони бесилоҳ», М. Хоҷаев «Нангу номус», Саттор Турсун «Се рӯзи як баҳор», Меҳмон Бахтӣ «Хубон», қиссаҳои Ӯ. Кӯҳзод «Як рӯзи дароз, рӯзи бисёр дароз», А. Самадов «Парончакҳо» ва ғ. аз ҳамин қабиланд.

Инкишофи назм[вироиш]

Вусъатафзойии уфуқҳои ғоявиву эстетикии адабиёти тоҷик дар даврони шӯравӣ аз роҳу равишҳои инкишофи шеър ҳам ба хубӣ намоён мегардад. Таҳқиқи бадеии мавзӯъҳои ҷангу сулҳ, тақдири башарият, бедории халқҳо ва муборизаи онҳо дар роҳи озодиву истиқлол, ҳамдилии мардуми шӯравӣ бо халқҳои озодихоҳ, ки дар шеъри тоҷикӣ аз даврони баъд аз ҷанг оғоз ёфта буд, дар солҳои 60-80-ум суръату вусъати бештаре пайдо карда, дар достони «Аз Ганг то Кремл»-и М. Турсунзода тобиши нави таърихиву фалсафӣ касб намуд. Дар ин давра достон аз шаклу усулҳои тасвири романтикӣ ба самти устувор гардонидани пояҳои реалистӣ рӯй овард, ки чунин ҷараён аз «Ҳасани аробакаш»-и М. Турсунзода шурӯъ ёфта, дар «Асрор»-у «Тоҷи давлат»-и Ғ. Мирзо, «Кӯчабоғи ошиқон»-и А. Шукӯҳӣ, «Дашти лаванд»-и М. Миршакар хеле қувват гирифт. Дар назми давра таълифи достони лирикӣ ва лирикии фалсафӣ, ки аз хатти ягонаи сужет маҳрум, вале аз андешаҳо ва драматизми шадид саршор аст, инкишофи бештаре пайдо карда, дар ин навъи адабӣ кӯшиши падид овардани хусусиёт ва моҳияти замонҳову шахсиятҳо, дарки иҷтимоъиву фалсафии таърих, муносибати инсону ҷомеа мақоми хосса пайдо кард. Достонҳои М. Турсунзода «Чароғи абадӣ» ва «Ҷони ширин», Ғ. Мирзо «Тоҷи давлат»-у «366 паҳлӯ», М. Қаноат «Мавҷҳои Днепр»-у «Достони оташ», «Сурӯши Сталинград»-у «Тоҷикистон – исми ман» ва «Гаҳвораи Сино», А. Қаҳҳорӣ «Шаби пеш аз марг», Қ. Киром «Аввалин дидор», Гулрухсор «Мотами сафед» агарчи аз лиҳози мавзӯъ, усули корбасти сухан ва хусусиёти жанриву услубӣ аз якдигар тафовути ҷиддӣ доранд, аз нигоҳи драматизми тасвири инсон дар шароиту ҳолатҳои гуногун, гузоришу ҳалли масъалаҳои пуртазоди муносиботи инсону ҷомеаву таърих умумиятҳои зиёде дошта, дар пешбурди жанри достон ва, умуман, назми муосири тоҷик нақши намоёне гузоштанд.

Аз нимаи дувуми солҳои 50-уми асри гузашта то имрӯз дар шеъри тоҷик тағйироти ҷиддии эстетикиву ғоявӣ рух намуда, сохтмони жанриву услубии шеър бо суръати тамом дигаргунӣ пазируфт. Аз ҷумла, асосҳои таҳлилӣ ва мушахассоти тасвир дар ашъори Ғаффор Мирзо дар омезиш бо фалсафаи мардум ва ҷузъиёти аҷибе падид омаданд. Ғаффор Мирзо ва Мӯъмин Қаноат тозагӯйиву навҷӯиҳоеро пеш гирифтанд, ки баъдтар дар эҷодиёти Файзулло Ансорӣ, Бобо Ҳоҷӣ, Ашӯр Сафар, Мастон Шералӣ, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар Келдӣ, Гулрухсор Сафиева, Ҳабибулло Файзулло, Сайидалӣ Маъмур, Камол Насрулло, Ҳақназар Ғойиб, Алӣ Бобоҷон, Аскар Ҳаким, Султон Шоҳзода, Раҳмат Назрӣ, Ҳоҷӣ Мурод, Муҳаммад Ғойиб, Низом Қосим, Ширин Бунёд, Сафармуҳаммад Айюбӣ, Салимшо Ҳалимшо, Зулфия Атоӣ, Аҳмадҷони Раҳматзод, Фарзона, Сиёвуш, Ато Мирхоҷа, Озарахш, Раънои Мубориз, Салими Хатлонӣ, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Алимуҳаммад Муродӣ ва диг. самараҳои хуб оварданд. Дар эҷодиёти номбурдагон унсурҳои тасвиру таҳлили бадеии ҳам воқеъияти имрӯзу гузашта, ҳам ғалаёнҳои ботинии инсон қувват гирифта, ҷанбаи ҳунарии шеър ба ҷойи аввал баромад.[1]

Драматургияи тоҷик[вироиш]

Драматургияи касбӣ дар адабиёти тоҷик падидаи наве буда, песаҳои А. Усмонов «Мубориза», С. Саидмуродов «Раъно», Ғанӣ Абдулло «Вахш», Сотим Улуғзода «Шодмон» ва «Калтакдорони сурх», Ҷалол Икромӣ «Душман», ки воқеъияти солҳои 30-юмро бо рангомезиҳои романтикию реалистӣ тасвир кардаанд, барои пешрафти ин навъи адабӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд. Ҳамзамон, адибони тоҷик маҳз дар осори драматургӣ ба таҳқиқи мавзӯъҳои гуногуни таърих, фолклор ва классикаи миллӣ фаъолона рӯй оварда, қаҳрамонони шӯриши Восеъро ба саҳнаи театр кашиданд (Абдурауф Фитрат, Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ). Дар заминаи сужетҳои «Шоҳнома» осори драмавии А. Пирмуҳаммадзода ва В. Волкенштейн «Рустаму Суҳроб», А. Лоҳутӣ «Коваи оҳангар», дар асоси достони «Хусраву Ширин»-и Низомӣ драмаи ҳамноми Мирзо Турсунзода ба миён омаданд. Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ драматургияи тоҷик воқеъияти майдони ҷангу ақибгоҳро фаро гирифта (Ҷалол Икромӣ ва А. Файко «Хонаи Нодир», Сотим Улуғзода «Дар оташ»), дар айни замон, корбасти мавзӯъҳои таърихиро идома дод. Солҳои баъди ҷанг сермаҳсултарин давраи инкишофи драматургияи тоҷик ба ҳисоб рафта, дар ин давра гуногунии жанриву услубии ин навъи адабӣ ба маротиб афзуд. Ҷустуҷӯҳои ҷиддии ахлоқиву маънавиро дар драматургияи тоҷик пйесаҳои Файзулло Ансорӣ «Ҳаёт ва ишқ», «Имтиҳон», «Ҳукми модар», «Як либос атлас», «Модар нигарон аст», Мирсаид Миршакар «Фоҷиаи Усмонов» (таҳрири дувумаш – «Шаҳри ман»), Ғанӣ Абдулло «Суруди кӯҳсор», Ҷалол Икромӣ «Хор дар гулистон», Аъзам Сидқӣ «Иродаи зан», Гулрухсор Сафиева «Ғори аҷинаҳо», Мавҷуда «Зистан мехоҳам» ва ғ. барҷастатар ифода карданд. Ҷанбаҳои ахлоқи иҷтимоӣ ва муаммои шахсу мавқеи ӯ дар ҷомеа дар пйесаҳои Меҳмон Бахтӣ «Захми забон», «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…», Султон Сафар «Уқоб», Нур Табар «Дар чорсӯ» омехта бо ҳиссиёти изтиробомез ба тасвир омада, бисёре аз нақсҳои ҷамъиятӣ ва низоми фармонфармойиро фош намуданд. Инкишофу бозёфтҳои драмаи таърихӣ аз бисёр ҷиҳатҳо ба ному фаъолияти устод Сотим Улуғзода вобаста мебошад, ки дар драмаҳои «Рӯдакӣ», «Темурмалик», «Алломаи Адҳам ва дигарон», «Шифокори бузург» образҳои пурғунҷоишу мушаххаси таърихӣ офарида, рӯҳи бунёдкори халқро таҷассум намудааст. Асари А. Атобоев «Робиаи Балхӣ» ҳам ба ҳамин силсила мансуб буда, анъанаи мазкур имрӯз дар навтарин пйесаҳои Меҳмон Бахтӣ «Фирдавсӣ», «Шоҳ Исмоили Сомонӣ», Сафармуҳаммад Айюбӣ «Меъроҷи Шоҳин» ва «Сомонхудот», Бароти Абдураҳмон «Искандар ва Спитамен», асарҳои алоҳидаи Нур Табарову Ато Ҳамдам ва диг. падидору устувор гардид. Корбасти муваффақонаи драматургии сужетҳои адабиёти классикӣ дар солҳои 60-70-ум аз ҷониби Ғанӣ Абдулло дар пйесаҳои «Рустаму Суҳроб» ва «Фарёди ишқ» идомаву тарвиҷ ёфт.

Адабиёти кӯдакону наврасон[вироиш]

Дар давоми 80 соли фаъолияти иттиҳодияи нависандагони кишвар адабиёти кӯдакону наврасон ҳам чун як соҳаи махсуси эҷоди бадеӣ ташаккулу инкишоф ёфт. Устод Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Пайрав, А. Ҳамдӣ аввалин хиштҳои бинои соҳаро гузошта, Б. Азизӣ, Ҷ. Суҳайлӣ, Р. Ҷалил, П. Толис, М. Фарҳат, А. Баҳорӣ, М. Миршакар, Ҳ. Карим, А. Деҳотӣ, Б. Раҳимзода, А. Шукуҳӣ, Гулчеҳра, Ғ. Мирзо, Ф. Ансорӣ, У. Раҷаб, Н. Розиқ, А. Шарифӣ, Б. Ҳоҷӣ, Р. Амонов, Мавҷуда, Гулназар, О. Аминзода. Б. Ортиқов, Н. Бақозода, А. Бобоҷон, А. Истад, Ҷ. Ҳошимӣ, Н. Бақозода, Л. Кенҷаева, Ю. Аҳмадзода, М. Субҳон ва дигарон ривоҷ доданд ва барои кӯдакону наврасон асарҳои шоистаи даврон офариданд.

Тарҷумаи бадеӣ[вироиш]

Бо ҳидояти бевоситаи Иттифоқи нависандавони Тоҷикистон тарҷумаи осори гуногуни классикони адабиёти ҷаҳон роҳандозӣ шуда, хонандаи тоҷик бо намунаҳои сарвати маънавии халқҳои дигари олам ошнойии бештаре пайдо кардааст. Адибон, дар навбати худ, дар ҷараёни тарҷумаи осори бузургони адабиёти ҷаҳон дарси маҳорат омӯхтаанд Яке аз соҳаҳои муҳимми рушду такомули адабиёти тоҷик дар давоми 80 соли ахир тарҷумаи бадеӣ мебошад, ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои пешрафти он пайваста диққату ғамхорӣ зоҳир намудааст. Дар ин давра намунаҳои зиёде аз осори классикони адабиёти ҷаҳон ба тоҷикӣ тарҷумаву чоп шуда, дар болобурди савияи маърифати бадеии мардум хидмати сазовор кардаанд. Аз ҷумла, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҳошим, Ҳасан Ирфон, Ҳабиб Аҳрорӣ, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Эммонуил Муллоқандов, Анора, Шариф Шараф, Шамсӣ Собир, Аслам Адҳам, Абдулло Зокир, Ҷумъабой Азизқулов, Нусур Холмуҳаммадов, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Аскар Ҳаким, Ҳикмат Раҳмат, Нур Табаров, Низом Қосим, Юнус Юсуфӣ, Азимқул Насимов, Маҷид Салим, Абдуғаффор Абдуҷабборов ва диг. дар ташаккулу такомули тарҷумаи бадеии тоҷикӣ саҳми назаррасе гузоштаанд. Дар ин давра танқиду адабиётшиносии тоҷик ҳам хеле ташаккул ёфта, асосан, бо ду роҳ пеш рафтааст: омӯзиши мероси гузаштагон ва тадқиқи ҷараёни кунунии адабиёт.[2]

Адабиётшиносӣ[вироиш]

Дар баробари пеш рафтани адабиёти бадеӣ илми адабиётшиносӣ низ инкишоф ёфтааст. Мунаққидони тоҷик Шарифҷон Ҳусейнзода, Носирҷон Маъсумӣ, Воҳид Асрорӣ, Соҳиб Табаров, Худоӣ Шарифов, Абдунабӣ Сатторзода, Асадулло Саъдуллоев ва дигарон асарҳои адибонро ҳаматарафа таҳлил намуда, боиси чуқуртар ва комилтар шудани эҷодиёташон гардидаанд.

Дар ҳар ду самти мазкур ҳам адабиётшиносӣ ва танқиди тоҷик аз усули сотсиологизми вулгар то шинохту таҳқиқи илмии адабиёт роҳи ноҳамвореро тай кардаанд. Муҳимтарин дастовардаҳои соҳа ба номи Устод Айнӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, А. Мирзоев, Л. Бузургзода, Ш. Ҳусейнзода, Н. Маъсумӣ, Х. Мирзозода, М. Шакурӣ, Р. Ҳодизода, Р. Амонов, С. Табаров, Аълохон Афсаҳзод, Абдуқодир Маниёзов, Атахон Сайфуллоев, Х. Шарифов, Хуршеда Отахонова, М. Муллоҷонов, Абдунабӣ Сатторзода, Худойназар Асозода, Ҳамроқул Шодиқулов, Ю. Акбаров, А. Кӯчаров, А. Набиев, А. Ҳаким, Р. Мусулмонқулов, Ҷ. Бақозода, А. Насриддинов, Н. Салимов, Абдувалӣ Давронов, В. Самад, А. Абдуманнонов, С. Абдулло, Н. Файзуллоев ва чанди дигар вобаста мебошад. Ҳамин тариқ, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар тӯли 80 соли фаъолияти пуршарафу пурсамараш имкону тавони худро тамомӣ ба кори муттаҳид ва тарбият кардани нерӯҳои солиму шоистаи адабии ҷумҳурӣ равона доштааст, ки ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи бадеию ғоявии адабиётамон будааст. [3]

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 7 - 8 ISBN 978-99947-2-379-9
  2. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 8 ISBN 978-99947-2-379-9
  3. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 4 - 9 ISBN 978-99947-2-379-9