Адабиёти шифоҳӣ
Адабиёти шифоҳӣ (адабиёти омиёна ё адабиёти мардумӣ) — гунае аз адабиёт, ки дар ҷавомеъ бидуни навиштор ёфт мешавад, агарчи бисёре аз адабиёти шифоҳӣ рӯнависӣ шудааст[1]. Ҳеч таърифи стандартӣ вуҷуд надорад, зеро мардумшиносон аз тавсифоти мухталифе барои адабиёти шифоҳи ё адабиёти омиёна истифода кардаанд. Мафҳумсозии густурда ба он ба унвони адабиёте ишора мекунад, ки бо интиқоли шифоҳӣ ва адами вуҷуди ҳар гуна шакли собит мушаххас мешавад. Ин шомили достонҳо, афсонаҳо ва таърихест, ки аз тариқи наслҳо ба шакли гуфторӣ мунтақил шудааст[2].
Ин навъ адабиёт дар ҳар ҷомеъае вуҷуд дорад ва наметавон онро маҳдуд ба ҷавомеъи босавод ё мутамаддин донист. Адабиёти шифоҳӣ маъмулан тавассути фолклоршиносон ё донишмандоне, ки ба мутолеъоти фарҳангӣ ва адабиёти қавмӣ мепардозанд ҳамчун забоншиносон, инсоншиносон ва ҳатто ҷомеъашиносон мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор мегирад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Jack Goody. Oral literature(англ.). www.britannica.com. Encyclopaedia Britannica. 2 феврали 2023 санҷида шуд.
- ↑ Eugenio, Damiana (2007). Philippine Folk Literature: An Anthology. Quezon City: The University of the Philippines Press. pp. xxiii. ISBN 9789715425360.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Соколов Ю. Народная словесность // Литературная энциклопедия: Словарь литературных терминов: В 2-х т. — М.—Л.: Издательство Л. Д. Френкель, 1925. — Т. 1: А — П. — Стб. 485—501.
- Ong, Walter J. Orality and literacy: the technologizing of the word. — L. and N. Y.: Routledge, 2002. — 203 p. — ISBN 0-415-28129-6.