Адабиётшиносии тоҷикии асри 19
Дар садаи XIX Гегел дар «Лексияҳо оид ба эстетика» (1817 — 29) рушди фарҳангу ҳунарро аз Шарқи Қадим (ки онро ватани шакли рамзии ҳунар донистааст) то замони худ аз назар гузаронд ва ин нақшаи таърихии ӯ моҳиятан идеалистӣ бошад ҳам, фарогири рӯҳи таърихият ва диалектика буд.
Гегел дар асарҳояш ба фардияти аҳли ҳунар, ба ифодаи хислатҳои шахсии ӯ, ба сабку услуб ва ғайра бештар аҳамият дод, назарияи романро кор кард ва романро ҳамосаи (эпоси) замони нав донист, ки зиндагии хусусии шахс ва саҳни вусъатноки ҳаёти иҷтимоиро ба ҳам мепайвандад.
Дар садаи XIX инчунин назарияи реализми танқидӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла Стендал адабиётро оинаи зиндагӣ шумурд ва талаб кард, ки адабиёт бояд қонуниятҳои олами воқеиро зоҳир созад ва на фақат олами зоҳириро тасвир намояд, балки ба дунёи ботинии (равонии) шахс ҳам сар фурӯ барад.
Балзак хусусияти методи эҷодии адабиёти маорифпарварӣ, романтизм ва воқеъгароиро аз чанд ҷиҳат муайян карда, дар масъалаи хислати шахс ва алоқаи он бо муҳит мулоҳиза ронд ва мафҳуми «инсони иҷтимоӣ»-ро ба доираи пажӯҳишҳои илм ворид кард.
Дар садаи XIX мунаққидон ва назарияпардозони рус дар тараққии афкори зебоишинохтӣ (эстетикӣ) ҳиссаи калон гузоштанд. В. Г. Белинский, А. И. Герсен, Н. Г. Чернишевский таърихи адабиёти русро дар иртибот бо таърихи муборизаи озодихоҳӣ баррасӣ карданд. Онҳо масъалаи иртиботи ҳақиқати ҳаёт ва ҷаҳонбинии аҳли ҳунарро ба миён гузошта, мавқеи адабиётро дар дигарсозии инқилобии зиндагӣ мавриди муҳокима қарор доданд, масъалаи халқияти адабиётро низ аз ҳамин дидгоҳҳал намуданд.
Белинский хусусиятҳои мактаби воқеъгароии (реализми) русро дар давраҳои шаклгирии он муайян кард. Инқилобгароёни демократ Н. А. Добролюбов ва Н. Г. Чернишевский ин кори ӯро давом дода, бисёр хусусиятҳои муҳими эҷодиёти нависандагони бузурги русро равшан намуданд.
Аз нимаи дуюми садаи XIX вобаста ба зуҳури марксизм давраи наве дар таърихи адабиётшиносӣ сар шуд. К. Маркс ва Ф. Энгелс қонунҳои иҷтимоии тараққии ҷамъиятро кашф намуда, робитаи мураккаби байни асоси (базиси) иқтисодии ҷамъият ва барсохти (надстройкаи) он (аз ҷумла адабиёт)-ро муайян карданд. Афкори онҳо ба дарки қонунҳои иҷтимоии тараққиёти ҳунар, барои аз мавқеи табақотӣ (синфӣ) омӯхтани таърихи адабиёт ва танқиди адабӣ нигоронда шуда буд.
Бахусус, таълимоти марксистӣ барои равшан кардани масъалаҳои назарияи мактаби воқеъгаро (реализм) имкон дод.
Дастури асосии ҳунари воқеъгароӣ, аз назари Ф. Энгелс, ба ҷуз аз тасвири ҳаққонияти ҷузъиёт, дар вазъиятҳои типӣ тасвир шудани характерҳои типӣ мебошад. Ин таъриф барои фаҳмидани воқеъгароии садаи XIX аҳамият дорад ва ба таври куллӣ моҳияти асосии воқеъгароиро ифода мекунад.
К. Маркс ва Ф. Энгелс ба аҳамияти ҷаҳонбинии ҳунарманд, ғоянокӣ, халқият, синфияти адабиёт ва ғаразнокии он аҳаммияти калон додаанд. Фикрҳое, ки онҳо доир ба давраҳои гуногуни тараққиёти адабиёт (давраи атиқа, асрҳои миёна, Эҳё, Маорифпарварӣ ва ғайра), хусусан дар бораи эҷодиёти нависандагони садаи XIX — Гёте, Балзак, Лассал ва дигарон баён кардаанд, ба сифати методологияи марксистии адабиёти шӯравии тоҷик қабул гардида буд.
В. И. Ленин дар мақолаи «Ташкилоти партиявӣ ва адабиёти партиявӣ» (1905) ва дигар мақолаву тезис ва суханрониҳояш кӯшиш намуд, ки адабиётшиносии марксистиро бо корҳои ҳаррӯза ва амалии муборизаи синфӣ ва инқилоби пролетарӣ татбиқ намояд. Вай партиявиятро дар асоси ҳамаи дигар масъалаҳои асосии назарияи адабиёт гузошт ва масъалаи идеали эстетикӣ, озодии ҳунарманд, халқияти адабиёт, анъанаву навоварӣ ва ғайраро аз ҳамин дидгоҳи сиёсӣ ҳал намуд. Ин таълимоти В. И. Ленин ва андешаҳои ӯ дар бораи ҷанбаҳои объективӣ (айнӣ) ва субъективӣ (зеҳнӣ) дар кори адабию ҳунарӣ дар мавриди эҷодиёти Л. Н. Толстой ва мавҷуд будани «ду маданият дар ҳар маданияти миллӣ» асоси методологии пажӯҳишҳои адабиётшиносӣ, нақди адабӣ ва методи эҷодии адабиёти шӯравиро барои чанд даҳсола муайян намуда буданд.
Дар адабиётшиносии тоҷик низ вобаста ба зуҳури афкори рӯшангарӣ (маорифпарварӣ ва ҷадидия) дар афкори адабӣ тағйирот ба вуқӯъ пайваст. Арзишҳо ва меъёрҳои баҳо ба намунаҳои адабиёт тағйир ёфт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Амирқулов С., Нигоҳе ба инкишофи таърихии адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳр (қарни 19), Д., 2010;
- Исрофилиё Ш. Р., Назаре ба адабиётшиносии чанд соли охир, г. «Адабиёт ва санъат», 3 марти соли 2011.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.