Jump to content

Адиби Нишопурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Адиби Нишопурӣ
Таърихи таваллуд 1864
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1926
Маҳалли даргузашт
Кишвар

Адиби Нишопурӣ (Мирзо Абдулҷавод ибни Мулло Аббос, форсӣ: عبدالجواد ادیب نیشابوری‎; 1867, Нишопур — 1926, Машҳад) — адиб, шоир, муҳаққиқ, мударрис ва андешаманди эронӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Падараш Мулло Аббоси Нишопурӣ яке аз ашхоси муътабар ва маъруфи Нишопур буд. Соли 1880 ба азми таҳсил ба Машҳад омад ва то охири умр дар ҳамин ҷо зиндагиву эҷод кард. Адиби Нишопурӣ адабиёти форсу араб, илмҳои ҳайат, риёзиёт ва тибро омӯхт ва чун донишманди улуми гуногун эътироф гардид. Ба қалами Адиби Нишопурӣ маҷмӯаи ашъор — «Лаолии макнун» (Машҳад, 1954; иборат аз 6 ҳазор байт) тааллуқ дорад. Ба мавзӯъҳои ишқӣ (ирфонӣ), панду насиҳат даст задааст. «Рисола дар арӯзи форсӣ ва арабӣ», "Рисола дар шарҳи «Муаллақоти сабъа» аз навиштаҳои адабиётшиносии Адиби Нишопурӣ мебошанд. Адиби Нишопурӣ «Шарҳи Хатиби Табрезӣ бар „Ҳамоса“-и Абутамом» ном асарро таҳрир ва ихтисор кардааст.