Адолат Мирзоалиева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Адолат Мирзоалиева
Адолат Шералиевна Мирзоалиева
Таърихи таваллуд 25 феврал 1972(1972-02-25) (52 сол)
Зодгоҳ Ваҳдат , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин , Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003).

Адолат Шералиевна Мирзоалиева (тав. 25.02.1972, ш. Ваҳдат) — адабиётшинос, номзади илмҳои филология (2004). Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1991—1996 дар факултети филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил намудааст. Солҳои 1996—1999 аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи адабиёти тоҷик, 1999—2001 муовини декани факултети филологияи тоҷик оид ба тарбия, 2001—2009 мудири шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд. Аз соли 2009 то ба имрӯз иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аст. Оид ба поэтикаи ғазалиёти Бадриддини Ҳилолӣ тадқиқоти илмӣ анҷом дода, муаллифи якчанд мақолаҳои илмӣ мебошад.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Мушкилоти таълими достонҳои ҳамном (воситаи таълимӣ), Д., 2010;
  • Мақоми санъати талмеҳ дар ғазалиёти Ҳилолӣ // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ, № 8, Д., 2003;
  • Вазни ғазалиёти Ҳилолӣ // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ, № 3, Д., 2004;
  • Тавсиф дар ғазалиёт Бадриддини Ҳилолӣ // Ҷавонон ва ҷаҳони андеша (Маҷмӯаи илмӣ), Д., 2005;
  • Таҷнис дар ғазалиёти Бадриддини Ҳилолӣ // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ, № 3, Д., 2006.
  • Таърихи адабиёти Шарқ. Д., 2009;
  • Мушкилоти таълими достонҳои ҳамном (воситаи таълимӣ). Д., 2010;
  • Таърихи адабиёти тоҷик (асрҳои У111- Х), (бо ҳаммуалифии С. Саидов) 2013;
  • Таърихи адабиёти тоҷик (асрҳои Х1- Х11), (бо ҳаммуалифии С. Саидов) 2014;
  • Забони тоҷикӣ (барои хориҷиён, ҳаммуаллиф). Д., 2015.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ