Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Адҳам Маъмурзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Адҳам Маъмурзода
Маъмурзода Адҳам Маъмур
Таърихи таваллуд: 18 март 1983(1983-03-18) (42 сол)
Зодгоҳ: Истаравшан , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (2005) Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2022)
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII.

Адҳам Маъмурзода — сиёсатшинос, арбоби давлатӣ. Вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII. Узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан даъвати ҳафтум, солҳои 2025-2030 Раиси шаҳри Истаравшан.[1]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Солҳои 2005-2006 - Мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
  • Соли 2006 - Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
  • Солҳои 2006-2007- Роҳбари дастгоҳ-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
  • Солҳои 2007-2008 - Мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
  • Солҳои 2008-2010 - Роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
  • Солҳои 2007-2010 - Асисстенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ҳамзамон) мутахассиси шуъбаи ташкилии дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, шахри Душанбе
  • Солҳои 2010-2011 - Мудири бахши омор ва баҳисобгирии дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, шаҳри Душанбе
  • Соли 2011 - Мудири шуъбаи умумии дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, шаҳри Душанбе
  • Солҳои 2011-2012 - Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, шаҳри Душанбе
  • Солҳои 2012-2014 - Роҳбари Маркази таблиғот ва таҳлилии дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, шаҳри Душанбе
  • Солҳои 2011-2014 - Аспиранти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши фалсафа ва иҷтимоӣ
  • Солҳои 2011-2015 - Раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”—и ҲХДТ (ҷамъиятӣ)
  • Солҳои 2014-2020 - Муовини сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 2019-2022 - Аспиранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 2020-2021 - Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан
  • Аз 3 марти соли 2021 – Раиси шаҳри Истаравшан
  • Аз 11 апрели соли 2025 - Узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология.[2]
  1. Маъмурзода Адҳам Маъмур(тоҷ.). www. majmilli.tj. 22 августи 2025 санҷида шуд.
  2. Маъмурзода Адҳам Маъмур(тоҷ.). www. majmilli.tj. 22 августи 2025 санҷида шуд.