Ғайрат Азиззода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғайрат Азиззода
Азиззода Ғайрат Муллоаҳмад
Таърихи таваллуд: 17 октябр 1973(1973-10-17) (50 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Мастчоҳ , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Азиззода Ғайрат Муллоаҳмад (17 октябри 1973, ноҳияи Масчо) — омӯзгор, иқтисодчӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Азиззода Ғайрат Муллоаҳмад 17 октябри соли 1973 дар ноҳияи Масчо ба дунё омадааст. Миллат тоҷик. Соли 1994 Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуровро ва cоли 2014 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро (ғоибона) хатм кардааст. Ихтисос-омӯзгор, молия ва қарз.

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1994—2001 — Омўзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12, ноҳияи Мастчоҳ Солҳои 2002—2009 — Раиси кооперативи истеҳсолии «Сароб»-и ноҳияи Мастчоҳ Солҳои 2009—2010 — Мутахассис дар намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Солҳои 2010—2014 — Директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Захираи моддии Суғд»-и Агентии захираҳои моддӣ, шаҳри Хуҷанд. Соли 2014 (10.02.) — Муовини авали директори корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Захираи моддии Суғд»-и Агентии захираҳои моддӣ, шаҳри Хуҷанд Аз декабри cоли 2014 то с.2020 — Раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд.

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[1]

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ буд. Бо медали «Хидмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Азиззода Ғайрат Муллоаҳмад(тоҷ.). www.parlament.tj. 2 апрели 2020 санҷида шуд.