Азизҷон Азимӣ
Азизҷон Азимӣ | |
|---|---|
| Азизҷон Азимӣ | |
| | |
| Таърихи таваллуд | 7 феврали 1997 (29 сол) |
| Зодгоҳ | шаҳри Хуҷанд |
| Шаҳрвандӣ |
|
| Самти фаъолият | корофаринӣ |
Азизҷон Азимӣ (зодаи 7 феврал 1997, Хуҷанд) — корофарин, пажӯҳишгар ва коршиноси ҳушвора аз Тоҷикистон, бунёдгузор ва мудири омили ширкати англ. zypl.ai, бунёдгузори созмони ҷамъиятии англ. TajRupt ва раиси Шурои зеҳни сунъӣ дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз пешгомони рушди фанновариҳои иттилоъотӣ ва ҳушвора дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Азизҷон Азимӣ дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Аз хурдсолӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва илмҳои дақиқ шавқу рағбат доштааст. Ӯ дар синфи 9-ум дар озмуни байнулмилалии I-SWEEEP соли 2008 дар шаҳри Ҳюстон, ИМА ширкат карда, барандаи ҷои аввал ва нишони тилло шуд[2].
Пас аз ин пирӯзӣ таҳсилашро дар мактаби хусусии Разӣ дар Ню-Йорк идома дода, соли 2012 онро бо баҳои аъло хатм кардааст. Дар ин мактаб ӯ барандаи ҷоизаи донишгоҳии раисҷумҳур Барак Обама шуда, ҳамзамон роҳбари ҳукумати донишомӯзон интихоб шудааст[3].
Таҳсил
[вироиш | вироиши манбаъ]Азимӣ таҳсилро дар Донишгоҳи Ҳофстра оғоз карда, сипас ба Донишгоҳи Ню-Йорк (NYU) гузашта, онро дар 19-солагӣ бо ду дипломи аъло дар улуми иқтисод ва равобити байнулмилалӣ хатм кардааст[4].
Ӯ сипас дар Мактаби мудирияти давлатии Ҷон Ф. Кеннедии Донишгоҳи Ҳарвард (MPP) ва Мактаби олии тиҷоратии Донишгоҳи Стэнфорд (MBA) таҳсил карда, барандаи стипендияи байнулмилалии англ. Knight-Hennessy Scholars шудааст[5].
Фаъолияти касбӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Азизҷон Азимӣ бунёдгузори созмони ҷамъиятии TajRupt аст, ки дар заминаи рушди тафаккури интиқодӣ ва имконоти ҷавонон дар Тоҷикистон фаъолият мекунад. Дар чорчӯби ин ибтикор нахустин маркази омӯзиши ҳуши маснуъӣ дар Осиёи Марказӣ таъсис дода шуд[6].
Вай ҳамчунин бунёдгузор ва мудир омили ширкати zypl.ai — стартапи ҳуши маснуъӣ аст, ки дар бахши молия, скоринги қарзӣ ва додапардозӣ фаъолият мекунад. Ширкат бо ҷалби сармоягузории байналмилалӣ дар чанде аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна фаъолият дорад[7].
Азимӣ раиси Шурои зеҳни сунъӣ дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар таҳия ва иҷрои Роҳбурди миллии ҳуши маснуъӣ дар кишвар саҳм гузоштааст[8].
Дастовардҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Azizjon Azimi. Stimson Center.
- ↑ Из Худжанда до Америки. Радиои Озодӣ.
- ↑ Намояндаи Тоҷикистон дар рӯйхати Forbes. АМИТ «Ховар».
- ↑ Из Худжанда до Америки. Радиои Озодӣ.
- ↑ Azizjon Azimi. Stanford University.
- ↑ Молодой ученый из Таджикистана. Your.tj.
- ↑ zypl.ai привлек $3 млн инвестиций. Digital Business. (пайванди дастнорас)
- ↑ Azizjon Azimi. Stimson Center.
- ↑ Тоҷикистониҳое, ки кишварро муаррифӣ карданд. Asia-Plus.
- ↑ Azizjon Azimi(англ.). Forbes. 16 феврали 2026 санҷида шуд.
- ↑ Молодой ученый из Таджикистана готовит специалистов по искусственному интеллекту – YOUR (ru-RU) (9 Декабри 2019). 7 феврали 2026 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
Пайвандҳои беруна
[вироиш | вироиши манбаъ]- Википедия:Статьи с вики-разметкой в изображении карточки
- Зодагони 7 феврал
- Зодагони соли 1997
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони вилояти Суғд
- Соҳибкорони тоҷик
- Мутахассисони ҳӯши маснӯъӣ
- Хатмкардагони Донишгоҳи Ню-Йорк
- Хатмкардагони Донишгоҳи Ҳарвард
- Хатмкардагони Донишгоҳи Стэнфорд
- Зодагони Хуҷанд
- Зодагони 1997