Jump to content

Азим Азизов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Азим Азизов
Таърихи таваллуд 20 ноябр 1953(1953-11-20)
Зодгоҳ Хуҷанд
Таърихи даргузашт 26 август 2010(2010-08-26) (56 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Фазои илмӣ тиб
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (1977)

Азим Азизов (20 ноябри 1953, Хуҷанд — 26 августи 2010, Душанбе) — духтури кӯдакон, доктори илмҳои тиб (2000), профессор (2002).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултети педиатрии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (ИДТТ) ба номи Абуалӣ ибни Сино (1977). Духтури кӯдакон (1977 — 83), ординатори кафедраи бемориҳои кӯдакони ИДТТ (1983 — 85), аспиранти Институти тиббии шаҳри Ростови Федератсияи Россия (1985 — 88), ассистент, дотсент (1988 — 97), мудири кафедраи таълими бемориҳои кӯдакони ДДТТ (аз 1997).

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Оид ба масоили нефрологияи кӯдакон як силсила тадқиқот анҷом додааст. Муаллифи зиёда аз 100 асару мақолаҳои илмӣ, 8 тавсияи методӣ ва пешниҳоди навоварона аст. Мақолаҳояш дар хориҷи кишвар ба табъ расидаанд. Таҳти роҳбарии ӯ кафедра ба масъалаи омӯзиши пулмонологияи кӯдакон машғул буд.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Тавсиянома оид ба нигоҳубини беморон, Д., 2006;
  • Оценки качество жизни детей с пиелонефритом и гломерулонефритом, Д., 2004;
  • Особенности течения заболевания мочевыделительной системы у детей, маҷаллаи «Педиатрия», 2008;
  • Клинико-иммунологической особенности тяжелых пневмонии у детей раннего возраста, маҷаллаи «Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон», 2008.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]