Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Азим Байзоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Азим Байзоев
Таърихи таваллуд 1 феврал 1959(1959-02-01)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 28 феврал 2025(2025-02-28) (66 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология[d]
Алма-матер

Азим Байзоев (Байзоев Азим Муҳаммадиевич; 1 феврал 1959, Истаравшан, вилояти Суғд28 феврал 2025, Душанбе) — филолог, шарқшинос, забоншинос, тарҷумон ва мактабшиноси тоҷик, номзади илмҳои филология (1992)[1]. Аълочии маорифи Тоҷикистон (2010).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Азим Байзоев 1 феврали соли 1959 дар шаҳри Истаравшан дар оилаи дегрез усто Муҳаммадӣ ба дунё омадааст[2]. Падари ӯ, усто Муҳаммадӣ, марди донишманду ҳунарманд буд, ки дар устохонаи худ бо истеҳсоли дегҳо, испорҳо ва қисмҳои осиёб машғул буд[3]. Азим аз кӯдакӣ ба падар дар корҳои устохона кумак мекард ва бо ин роҳ ба ҳунарҳои мардумӣ ошно мешуд.

Дар соли 1976 мактаби миёна, соли 1982 факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро бо ихтисоси филолог-шарқшинос ва соли 2005 Донишкадаи ҳуқуқ ва андози Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст[4].

Солҳои 1982—1984 ассистенти кафедраи филологияи Эрон. Солҳои 1984—1986 — хидмат дар Артиши Шуравӣ дар Афғонистон. Солҳои 1986—1989 ассистенти кафедраи филологияи Эрон, солҳои 1989—1992 ассистенти ҳамин кафедра ва аз 1992 то охирири умр дотсенти кафедраи филологияи Эрон буд. Ӯ ҳамзамон солҳои 2012—2016 ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ва аз соли 2016 то охири умр сармутахассиси Академияи таҳсилоти Тоҷикистон буд.

Сафарҳои хориҷӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1981 таҷрибаомӯзи Донишгоҳи Кобул, Афғонистон, соли 1997 шунавандаи курсҳои дипломатӣ дар Академияи хидмати хориҷии Исломобод, Покистон, соли 2006 муҳаққиқи Донишгоҳи Канзас, ИМА, соли 2015 иштирокдори барномаи байналмилалӣ барои таҳсилоти фарогир, Йокогама, Ҷопон. Солҳои 2009—2013 дар Донишгоҳи давлатии Аризона (ИМА) аз забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ дарс додааст.

Иштирокдори бештар аз 30 конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ дар Русия, ИМА, Эрон, Маҷористон, Ҷопон, Словакия, Руминия, Озарбойҷон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва ва Туркия мебошад.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Азим Байзоев аввалин бор хусусиятҳои лексикии «Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ва масъалаҳои ташаккул ва инкишофи истилоҳшиносии забони порсии дариро ба таври амиқ таҳлил намудааст[1].

Соли 2001 дар Душанбе бо номи The Official Beginners Guide to Tajiki ва соли 2004 дар Лондон ва Ню-Йорк бо номи A Beginners Guide to Tajiki китоби дарсии забони тоҷикӣ (дар ҳаммуаллифӣ бо Ҷон Ҳайвард) барои инглисизабонон бо сарсухани Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба табъ расонид, ки аввалин китоби расмӣ дар ин ҷода буда, ҳоло бо истифода аз он дар чанде аз донишгоҳҳои ИМА, Конодо ва кишварҳои Аврупо гурӯҳҳои омӯзиши забони тоҷикӣ фаъолият мекунанд[1].

Бори аввал масъалаҳои назарӣ ва амалии таҳ­си­лоти фарогирро дар партави таҷрибаи пешқадам ва имконоти ҳақиқии татбиқи он дар шароити То­ҷи­кистон таҳлил намуда, доир ба он ду монография – яке ба забони русӣ (2016) ва дигаре ба забони тоҷикӣ (2017) ба табъ расонидааст

Муаллифи 4 монография, 8 асари илмӣ-таҳлилӣ (дар ҳаммуаллифӣ), 10 китоби дарсӣ (аз ҷумла, ду китоби дарсӣ барои хориҷиён), 12 дастури таълимӣ-методӣ, 8 осори бадеӣ, бештар аз 180 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, ки ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ ва форсӣ дар нашрияҳои Тоҷикистон, Русия, ИМА, Бритониёи Кабир, Эрон, Покистон, Афғонистон ва Қирғизистон ба табъ расидаанд.

Бо нишони Ситораи Сурх, Ифтихорномаи Президиуми Шурои Олии ИҶШС, Ифтихорномаи фахрии КМ ВЛКСМ, медали «Хидмати шоиста», ҷоизаи ба номи Аббос Алиев (дар соҳаи маориф) ва медалҳои ҷангию ҷашнӣ, қадр шудааст.

Азим Байзоев 28 феврали 2025 дар шаҳри Душанбе даргузашт[5].

  • Ҷавонии кишвари куҳан. Исломобод, 1997.
  • Меҳри инсон дарди инсонро давост (маҷмӯаи назму наср). Д., 2004.
  • Persian & Tajiki Comparative Grammar (for Persian Speaker Students). Dushanbe, 2007. 109 с.
  • Non-Formal Education in the Republic of Tajikistan (Analytical Document, with others). Dushanbe, 2008.
  • Arabic Words in Persian (Manual). Washington, 2008. 136 с.
  • Persian Verbs (Manual). Washington, 2008. 133 с.
  • Масоили гендерӣ дар забон ва адабиёт. Д., 2008. 126 с.
  • Monitoring: еducation needs of children with visual impairments in the Republic of Tajikistan (with others). Dushanbe, 2009.
  • Забони форсӣ (барои донишҷӯёни соли аввал). Д., 2009. 170 с.
  • Чашми дил (маҷмӯаи назму наср). Д., 2009. 104 с.
  • Мониторинг подушевого финансирования в контекс­те инклюзивного образования. Д., 2013 (ҳам­муал­лиф).
  • Индекси фарогирӣ (инклюзия): рушди таҳсил ва иштирок дар мактаб. (Тони Бут ва Мел Айнскоу, тар­ҷу­ма аз англисӣ, таҳрир ва такмил). Д., 2015. 198 с.
  • Истилоҳот ва калимасозӣ дар «Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино. Д., 2016. 196 с.
  • Инклюзивное образование: передовой опыт и проблемы его внедрения в условиях Таджикистана. Д., 2016. 112 с.
  • Забони давлатӣ (тоҷикӣ) барои синфи нуҳуми мак­табҳои таълимашон ба забони русӣ. Д., 2016. 188 с.
  • Забони давлатӣ (тоҷикӣ) барои синфи нуҳуми мак­табҳои таълимашон ба забони ӯзбекӣ. Д., 2016. 188 с.
  • Забони давлатӣ (тоҷикӣ) барои синфи нуҳуми мактабҳои таълимашон ба забони қирғизӣ. Д., 2016. 188 с.
  • Забони давлатӣ (тоҷикӣ) барои синфи нуҳуми мактабҳои таълимашон ба забони туркманӣ. Д., 2016. 188 с.
  • Забони форсӣ. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни соли аввал. Нашри дуюм бо тағйироту иловаҳо. Д., 2016. 186 с.
  • Роҳнамои омӯзгор барои китоби дарсии «Забони модарӣ» (синфи 1). Д., 2016. 110 с.
  • Таҳсилоти фарогир: раҳёфти маҷмӯӣ ба ҳалли мушкилот дар заминаи таҷрибаи пешқадам. Д., 2017. 150 с.
  • Аҷоиботи Баткам (асари бадеӣ). Д., 2018.
  • Этот удивительный мир – Алокш. Д., 2018.
  1. 1.0 1.1 1.2 Байзоев Азим // А — Б. — Д. : СИЭМТ, 2023. — (Донишномаи донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои қарни XXI / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2018—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99985-0-014-3.
  2. Мавлюда Хашими. Светлый путь устода Азима Байзоева(рус.). www.asiaplustj.info. ASIA-Plus (1 феврали 2024). 28 феврали 2025 санҷида шуд.
  3. Сомон Комилов. «Ни один профессор не научит тому, чему учит жизнь». Как педагог из Таджикистана открыл миру таджикский язык(рус.). YOUR (1 феврали 2024). 28 феврали 2025 санҷида шуд.
  4. Кафедраи филологияи Эрон. ДМТ (23 Январ 2025). 28 феврали 2025 санҷида шуд.
  5. Азим Байзоев, яке аз мубаллиғони омӯзиши забони тоҷикӣ, даргузашт(тоҷ.). asiaplustj.info. ASIA-Plus (28 феврали 2025). 28 феврали 2025 санҷида шуд.