Азрақии Ҳиравӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Шарафуззамон Абулмахосин Зайнуддин Абубакр Чаъфар ибни Исмоил (1067 Ҳирот - 1133 Кирмон) — яке аз шоирони асри 11 форсу тоҷик буд

Тарҷумаи ҳол[вироиш]

Шарафуззамон Абулмахосин Зайнуддин Абубакр Чаъфар ибни Исмоил яке аз шоирони асри 11 форсу тоҷик буда, соли 1067 дар Хирот ба дунё омадааст ва соли 1133 дар Кирмон вафот кардааст. Аммо маълумоти мазкур доир ба таърихи таваллуд ва вафоти шоир аниқ нест. Ӯ писари шоир Исмоили Варрок мебошад. Исмоили Варроқ шахси ҷонбохтаи адабиёту фарҳанг ва маърифат буда, касест, ки Абулқосим Фирдавсӣ ҳангоми аз дасти гумоштагони Султон Маҳмуди Ғазнавӣ гурехтанаш қариб шаш моҳ дар хонаи ӯ паноҳ ёфта буд. Азрақӣ девони ашъор дорад. Дар баъзе тазкираҳо қайд шудааст, ки Азрақӣ достони «Синдбоднома» дорад. Азракии Хирави дар ташбехот, бадеъ ва васфи табиат устод аст. Девони Ашоир дар хачми 2000 байт ба мо расидааст. Дигар аз осори маъруфи у «Достони Симбод» ё «Синдбоднома» аст, ки дар асоси тарчумаи насрии Абулфавориси Фанорӯзи (асри10) ба назм кашида будааст, вале имрӯз пайдо нест. Ривоят мекунанд, ки Азракии Хирави «Алфия ва Шалфия» ном китобе барои Тугоншох (хокими Хуросон) навишта будааст, вале ин асар низ боки намондааст. Девони Азрақӣ соли 1957 дар Теҳрон ба табъ расидааст.

Аз ғазалиёт[вироиш]

Ин барбатест санъати ӯ сеҳрошкор,
В-андар аҷаб зи санъати ӯ чашми рӯзгор,
Чун он ки аз чаҳор табоеъ мураккабем,
Таркиб кардаанд табоеъ дар ӯ чаҳор.
Ӯд аст номи ӯву бад ин сон кӣ дида ӯд?
З-ин гунна бурда анбару ӯд андар ӯ ба кор.
Хубиш беқиёсу дар ӯ нақш беадад,
Нағзиш бемисолу дар ӯ ақд бешумор.
Оромгоҳи ӯ бувад андар канори дӯст,
Овози ӯ нишоти дили ошиқони зор.
Хуррамтар аз баҳору сарояд ба зеру бам,
Гаҳ кинаи «Сиёвуш»-у гаҳ «Сабзаи баҳор».
Бе дурру ганҷ ҳар кӣ ба рӯ захма барзанад,
Ҳам «Ганчи гов» ёбаду ҳам дурри шоҳвор.
Бори дигар бар ситоки гулбуни бебаргу бор,
Афсари заррин барорад абри марворидбор.
Гоҳ мино зиннат орад бар нигори бӯстон,
Гоҳ марҷон зевар орад бар арӯси марғзор.
Дасти савсан нуқраи покиза орад дастбанд,
Гӯши гулбун лӯълӯи носуфта орад гӯшвор.
Диръи қатрон ҳалқа аз дарё бипӯшад осмон,
Тарки марҷон кавкаб аз хоро барорад кӯҳсор.
Хирмани марҷону мино ҳар куҷо чашм афганӣ,
Баршукуфтаст аз чаман ё бардамидаст аз чанор.
Гар ба Иброҳим райҳон гашт оташ турфа нест,
Турфа, к-аз райҳон ҳаме оташ фурӯзад навбаҳор.
Бустон аз чашму абру дасти бод андар чаман,
Ҳақа дорад дар шақоиқ, даст дорад дар нигор.
Аз насими бод дорад ғунча пуранбар даҳан,
В-аз сиришки абр дорад лола пурлӯълӯ канор.
Дӯш то рӯзи фарох он санами тангдаҳон
Лаби чун лола ҳамедошт зи май лоласитон.
Нофаҳо дошт аз ӯ хона пур аз мушки сиёҳ,
Боғҳо дошт аз ӯ дида пур аз сарви равон.
Рухи ӯ лоласитон буду сари зулфаки ӯ
Зангиён дошт ситон хуфта бар он лоласитон.
Гоҳ пайваста ҳаме гуфт ғазалҳои сабук,
Гоҳ оҳиста ҳаме хурд қадаҳҳои гарон.
Даҳани кучаки ӯ дидам ҳангоми сухан,
К-аз зарифӣ дили ман ғолиядон кард гумон.
Гуфтам: - «Ин ғолиядон чист?» - Бихандид бутам,
Ки «ҳаме ғолиядон бознадонӣ зи даҳон?!»

Аз рубоиёт[вироиш]

Дар ишқи буте дилам гирифтор шудаст,
В-аз фурқати ӯ рухам чу динор шудаст,
Ин қисса маро зи дӯст душвор шудаст,
Дил дар кафи ёру аз кафам ёр шудаст.
Чун бар ҳама кас намешавад роз нуҳуфт,
Ман гавҳари рози худ намедонам суфт.
Танҳот ҳаме ҷӯям, эй бо маҳ ҷуфт,
Ҳам бо ту магар ғами ту битвонам гуфт.
З-он рӯз, ки ман ишқи ту кардам оғоз,
Дар банди бало мондаму дар доми гудоз.
Ҳар ноз, ки донӣ, бикун, эй мояи ноз,
Бошад, ки чу ман забун ба каф н-орӣ боз.
Эй гулрухи сарвқомат, эй мояи ноз,
Бар ту зи намозу рӯза ранҷест дароз.
Чандин ба намозу рӯза танро магузор,
Бар гул набувад рӯзаву бар сарв намоз.