Айният (математика)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Айният дар математика, баробарии ду ифодаи таҳлилӣ, ки барои ҳамаи қиматҳои имконпазири ишораҳои онҳо ҷой дорад. Масалан, 1) баробарии (a + b) ^2 = a^2 + 2ab + b^2 барои ҳамаи қиматҳои а ва b дуруст аст; 2) барои ҳамаи қиматҳои ададии a≠b ҷой дошта, аммо ҳангоми a=b будан қисми чапи баробарӣ маънояшро гум мекунад; 3) баробарии lgxy= lgx+ lgy барои ҳамаи қиматҳои x› 0, y› 0 ҷоиз буда, лекин ҳангоми x‹ 0, y‹ 0 будан қисми рости баробарӣ маъно надорад. Агар яке аз ифодаҳои таҳлилӣ бо табдили айниятии дигаре ҳосил гардад, ду ифодаи таҳлилӣ айниятан баробар мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]