Айюб ибни Абулбаракат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Айюб ибни Абулбаракат
Зодгоҳ: Шаҳрисабз
Самт: шоир
Забони осор: форсӣ, тоҷикӣ

Айюб ибни Абулбаракат (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик (асри 16)]].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Шаҳрисабз дар оилаи Хоҷа Абулбаракат ном шахси ашрофзода ва эҷодкор ба дунё омадааст. Илмҳои расмии замонашро дар назди падар, сипас дар мадрасаҳои Самарқанд омӯхт. Мувофиқи маълумоти «Му­заккир-ул-аҳбоб»-и Хоҷа Ҳасани Нисорӣ Айюб дар эҷоди анвои гуногуни шеърғазал, қасида, рубоӣ, маснавӣ ва ғайра соҳибистеъдоду тавоно будааст. Миқдори зиёди намунаҳои ашъораш ба воситаи тазкираи Нисорӣ ва манбаъҳои дигар боқӣ мондаанд. Ба сабаби шеърҳои ҳаҷвӣ ва ошкоро гуфтан, камбудиҳои замонашро фош кардан бадарға шуд ва ба Гуҷароти Ҳиндустон рафт. Дар ин ҷо ҳам барои ин навъ ашъораш ба зиндон афтод. Дар осори Айюб ғазалҳои дар тараннуми ишқ, аҳду вафо, тавсифи фасли баҳор ва зебоиҳои табиат эҷодшуда ба назар мерасанд. Абёти зерин намунае аз шеъри Айюб мебошанд, ки дар бораи зиндонӣ шуданаш гуфтааст:

***
Шоҳе зи хубон зад нафас, афтода дар доми қафас,
Чун андалебони қафас, дармонда аз гуфтори худ.
***
Саҳар, ки саҳни чаман пургулу шақоиқ буд,
Чаман ба коми дили андалеб шоиқ буд.
Зи роҳи мақсад агар тофтам инони талаб,
Зи ҳамраҳии рафиқони номувофиқ буд…
Надошт тоқати ҷавру ҷафои ӯ Айюб,
Агарчи бар ҳама ақрон ба сабр фоиқ буд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]