Айюб Ҳайдаров
![]() | |
Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии Иттифоқҳои касабаи ҶШС Тоҷикистон
|
|
1963 — 1983 | |
Котиби якуми Кумитаи ҳизбии шаҳри Чкаловск
|
|
1958 — 1963 | |
Пешгузашта | Петр Борисов |
Ҷонишин | Ҳамид Нодиров |
|
|
Таваллуд |
7 ноябр 1922 |
Даргузашт |
23 январ 1999 (76 сол) |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Ҷоизаҳо |
Айюб Ҳайдаров (7 ноябр 1922, Истаравшан, вилояти Суғд — 23 январ 1999, Душанбе) — ходими давлатӣ ва сиёсии тоҷику шӯравӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Айюб Ҳайдаров 7 ноябри соли 1922 дар шаҳри Ӯротеппа ба дунё омадааст[1]. Замони дусола буданаш, падараш даргузашт[2] ва ӯ зери тарбияи модар бузург шуду мактаби № 1 шаҳр[3] ва дар солҳои 1939-1941 Институти педагогии Ленинобод ба номи С. М. Кировро хатм кард.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1941—1946 — муаллими синфҳои ибтидоӣ, корманди шуъбаи маориф ва инструктори кумитаи ҳизбӣ дар шаҳри Ӯротеппа.
- 1946—1948 — шунавандаи мактаби дусолаи хизбӣ дар шаҳри Душанбе.
- 1948—1950 — котиби кумитаи ҳизбии ноҳияи Калининобод.
- 1950—1951 — котиби дуюми кумитаи ҳизбии ноҳияи Ӯротеппа.
- 1951—1952 — ҷонишини раиси комиҷроияи вилояти Ленинобод[4].
- 1952—1955 — шунавандаи мактаби олии ҳизбӣ дар шаҳри Маскав.
- 1955—1963 — ҷонишини сардори шӯъбаи сиёсӣ, котиби дуввум ва котиби якуми кумитаи ҳизбии шаҳри Чкаловск.
- 1963—1983 — раиси Шӯрои ҷумҳуриявии Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон.
Аз соли 1959 то соли 1986 ӯ узви КМ ҲК Тоҷикистон буд[3]. Солҳои 1959—1967 депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон ва дар солҳои 1966—1986 депутати Шӯрои Олии ИҶШС даъватҳои 7, 8, 9, 10 интихоб шудааст.
Ордену ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо се Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду ордени «Нишони Фахрӣ», 4 медал ва 4 Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон унвони ифтихории «Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон» (1982) қадрдонӣ шудааст.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Айюб Ҳайдаров 23 январи 1999 дар Душанбе даргузашт[3].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ХАЙДАРОВ Аюб Хайдарович. centrasia.org. ЦентрАзия. 19 октябри 2022 санҷида шуд.
- ↑ М. Солеҳов. Зиндагии ибратбахш(тоҷ.), Ҷумҳурият (6 ноябри 1997).
- ↑ 3.0 3.1 3.2 Манижа КУРБАНОВА. Был такой человек, ASIA-Plus (15 ноябри 2007), стр. С. 13.
- ↑ Сурен Акопянс. Славный сын республики(рус.), Чкаловский вестник (7 сентябри 2008).
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 7 ноябр
- Зодагони соли 1922
- Зодагони шаҳри Истаравшан
- Даргузаштагони 23 январ
- Даргузаштагони соли 1999
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Аъзои Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бидуни тасвир дар Викианбор
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- Шаблони «Пайвандҳои беруна» холӣ