Айюқ
Айюқ (арабӣ Бузбон, лот. Capra Capella) — ситораи равшантарини бурҷи Мумсикулъинон (α-Возничий) ва наздиктарин ба Қутби Шимолӣ, шашумин ситораи равшан дар осмони ситоразор. Дар номи бурҷ (Auriga) дар асотири юнонӣ худои баҳр Посейдон ифода ёфтааст. Номи Айюбӣ дар лавҳачаҳое, ки зиёда аз 2 ҳазор сол то мелод навишта шудаанд, ёдовар шудааст. Дар расми атласҳои европоии осмони ситоразор Айюқ чун бузичае дар пушт ё оғӯш, дар тасвирҳои дастхатҳои нуҷуми исломӣ дар синаи Мумсикулъинон тасвир ёфтааст. Айюқ ситораи дуқӯшаи спектралӣ буда, массааш тақрибан 2,5 массаи Офтобро ташкил медиҳад, синнаш 5,25×108 с., ҳарор. 5700 К, давраш 104 шабонарӯз, масофа то Замин 42,2 ± 0,5 с.р. (12,9 ± 0,1пк), тобишаш аз Офтоб 150 маротиба зиёд. Айюқ манбаи гамма-афканишот аст
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.