Академияи Афлотун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Академия дар харитаи Афинаи қадим

Академияи Афлотун — иттиҳоди динию фалсафиест, ки тақрибан соли 387-и то милод Афлотун таъсис дода буд; мактаби Афлотун то асри 6-и милод вуҷуд дошт.

Таърих[вироиш]

Академияи Афлотун (дар ибтидо Гекадемия) аз номи қаҳрамони асотирӣ – Академ, ки боғи Афлотун низ ба номи ӯ гузошта шуда буд, гирифта шудааст. Ба иттиҳоди номбурда схоларх, ки аъзои Академияи Афлотун интихоб мекарданд, сарварӣ менамуд. Аъзои Академияи Афлотун бо ихтиёри худ аз серхобӣ худдорӣ мекарданд, аз ишқи нафсонӣ канораҷӯӣ менамуданд ва гӯшт намехӯрданд. Дар Академияи Афлотун бисёр илмҳои замона – фалсафа, риёзиёт, нуҷум, табиатшиносӣ ва ғайра тадқиқ мешуданд. Махсусан ба масъалаи илми риёзӣ диққати бештар медоданд. Дар пештоқи дарвозаи Академияи Афлотун чунин шиор навишта шуда буд: «Касе, ки риёзиётро намедонад, ба Академия дохил нашавад!» То замони Ситсерон Академияи Афлотунро ба Қадим ва Нав, баъдтар ба Қадим, Миёна ва Нав ҷудо мекарданд; дар давраи эллинизм тақсимоти дигари таърихи Академияи Афлотун низ вуҷуд дошт.

Академияи Афлотуни Қадим[вироиш]

Академияи Афлотуни Қадим тамоюли пифагории фалсафаи мутааххири Афлотунро тарафдорӣ намуда, ақидаҳои космологии дар «Тимей» баёншударо инкишоф медод. Ба дараҷаи мутлақ бардоштани баҳсҳои диалектикӣ, ки дар ҷараёни онҳо ҳаққонияти баробари ҳукмҳои зид исбот мегардид, ба принсипи ҷаҳонбинӣ табдил ёфтани онҳо, (ки торафт ба равоқия муқобил мешуд), боиси ба вуҷуд омадани шаккокияи академӣ гардид ва мавқеи Академияи Афлотуни Миёнаро муайян кард. Карнеад қоидаи имконнопазир будани дониш ва аз ин рӯ, нодуруст будани ҳама гуна аҳкомро ба дараҷаи мутлақ бардошт. Қоидаи мазкурро академияи Нав тарафдорӣ мекард. Соли 86-и то милод ҳангоми Афинаро муҳосира кардани сарлашкари Рим Сулла бинои Академияи Афлотун вайрон шуд ва боғи он хароб гардид. Китобхонаи Академияи Афлотун низ нобуд шуд. Вале ҳанӯз дар соли 78 то милод Антиох дар Афина муаллимӣ мекард (Ситсерон дар назди ӯ дарс хондааст). Вазъи Академияи Афлотун то соли 176, яъне то вақте ки дар Афина файласуфи Рим Марк Аврелӣ чор кафедраи фалсафа таъсис кард, номаълум аст. Аз охири асри 2 то охири асри 4 дар Академияи Афлотун асосан ба омӯзиши илми баён (риторика), адабиёт ва фанҳои маълумоти умумӣ машғул буданд. Дар замони Плутархи Афинагӣ (вафот тақрибан соли 432) ба Академияи Афлотун навафлотунияи майлони афлотинию ямвлихӣ дохил шуд. Соли 529 Юстиниан дар Афина мактабҳои қадимаи фалсафиро барҳам дод. Тақрибан соли 531 як қатор навафлотуниёни афинагӣ бо сарварии Дамаский ба дарбори шоҳи сосонӣ Хусрав муроҷиат карданд.

Эҳёи афлотуния дар асри 15 боиси таъсиси Академияи Афлотун дар Флоренсия (соли 1459) гардид. Навафлотуния заминаи асосии масъалаҳои фалсафии Академияи Афлотунии Флоренсия: аз тарғиби ғояҳои ишқи афлотунӣ то кӯшиши ба ҳам омехтани таълимоти афлотуния бо арастуия, қаббола, герметизм, зардуштия ва дигар навъҳои афкори динию фалсафӣ буд.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик навишта шудааст.