Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Академияи ВКД Тоҷикистон)
Соли таъсисёбӣ 2000
Бозтаъсис Мактаби олии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷкистон
Соли бозтаъсис 2000
Навъ муассисаи давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ
Сардор Файзалӣ Шарифзода[1]
Донишҷӯён 1500
Докторон 3[2]
Омӯзгорон 28
Нишонии ҳуқуқӣ

Душанбе, кучаи Восеъ, 123.

Тоҷикистон
Сайт avkd.tj

Акаде́мияи Вазора́ти корҳо́и дохили́и Ҷумҳури́и Тоҷикисто́нмуассисаи олии таълимӣ дар Тоҷикистон.

Таъсис[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2000 дар натиҷаи азнавсозии Мактаби олии ВКД, ки соли 1991 дар асоси мактаби миёнаи махсуси душанбегии ВКД СССР (соли 1970 ташкил шудааст) ва шуъбаи душанбегии факултети таълими ғоибонаи Мактаби олии дар Тошкент будаи ВКД СССР (соли 1982 ташкил шудааст) таъсис ёфт.

Самт[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои хадамоти мухталифи мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар соҳаҳои зерин мутахассис тайёр мекунад: идоракунӣ дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ, фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, маъмурӣ-ҳуқуқӣ, тафтишотӣ-криминалистӣ, муҳандисӣ-техникӣ, ҳолатҳои фавқулода, фармондеҳӣ.

Сохтор[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 факултет ва 18 кафедра амал мекунанд. Фак-ти № 1 яке аз сохторҳои муҳими академия буда, дар он барои таъмини эҳтиёҷоти дастгоҳи марказии ВКД, сарраёсатҳо ва шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо кадрҳои роҳбарикунанда тайёр карда мешаванд. Дар ин факултет инчунин кормандони дигар хадамот ва ҷузъу томҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, аз ҷумла кормандони Вазорати адлия, Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Комитети ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти ҶТ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Департаменти гумрук дар асоси шартнома таҳсил мекунанд. Дар сохтори факултети № 1 курсҳои олии академӣ амал мекунанд, ки дар онҳо роҳбарони дараҷаҳои гуногун – ҷонишинони сардори шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо ихтисоси худро такмил медиҳанд. Факултети № 2 барои эҳтиёҷоти мақомоти корҳои дохилӣ ҳуқуқшиносҳои дорои маълумоти олӣ тайёр мекунад. Шакли таҳсил рӯзона ва муҳлати таҳсил 4 сол аст. Дар факултети № 3 шакли таҳсил ғоибона буда, барои мақомоти корҳои дохилӣ ва инчунин дар асоси шартнома барои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ мутахассисон тайёр карда мешаванд. Дар ин факултет инчунин курсҳои якмоҳаи такмили ихтисоси ҳайати миёнаи роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ амал мекунанд. Фак-ти № 4 дар шаҳри Хуҷанд воқеъ буда, барои мақомоти корҳои дохилӣ мутахассисони хурди дорои маълумоти ҳуқуқии олии нопурра ва барои қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ ҳайати хурди роҳбарикунанда тайёр менамояд. Мӯҳлати таҳсил дар ин факултет 2 сол аст. Дар факултет ҳамчунин курсҳои ибтидоӣ ва такмили ихтисоси ҳайати қаторӣ ва миёнаи роҳбарикунандаи Раёсати корҳои дохилии вил. Суғд фаъолият доранд. Факултетити № 5 аз рӯи 2 ихтисоси нав – «Бехатарии сӯхтор» ва «Дифоъ дар ҳолатҳои фавқулода» бо тахассусҳои «Муҳандис» ва «Муҳандис-наҷотдеҳ» мутахассис тайёр мекунад. Таҳсил дар факултет дар шакли рӯзона (4 сол) ва ғоибона (5 сол) ба роҳ монда шудааст.

Донишҷӯён[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар академия 1500 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Академия 10 маҷлисгоҳ барои лексияҳо, 78 синфхона барои машғулиятҳои гурӯҳӣ (28-тои онҳо махсус гардонида шудаанд), 6 китобхона (дорои зиёда аз 95 ҳазор китобҳои дарсӣ ва махсус) дорад.

Омӯзгорон[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар академия 28 нафар муаллимони унвонҳои илмидошта (3 нафар доктори илм ва 25 нафар номзади илм), 1 нафар Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар Корманди шоистаи Тоҷикистон, 10 нафар «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра фаъолият менамоянд. Ҳайати профессорону муаллимони академия шумораи зиёди китобҳои дарсӣ, монография, маҷмӯаи осори илмӣ, мақолаҳои илмӣ ва ғайра таълиф карда, дар такмили қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии ҶТ саҳми худро гузоштаанд. Олимони академия дар таҳияи Кодекси ҷиноятии ҶТ, Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ, қонунҳои ҶТ «Дар бораи милитсия», «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Дар бораи ҳимояи иҷтимоию ҳуқуқӣ аз зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон» ва ғайра фаъолона иштирок карданд. Дар академия аз соли 2009 Маркази омӯзиши забони англисӣ фаъолият дорад. Академия ба ривоҷу равнақи варзиш диққати ҷиддӣ медиҳад. Дар А. 11 бахши варзишӣ амал мекунад. Варзишгарони академия дар тамоми мусобиқаҳои варзишии шаҳрию ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Варзишгарони академия аз сент. 2008 то сентябри 2009 дар мусобиқаҳои умумиҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, сазовори 23 медал (тило, нуқра ва биринҷӣ) гардидаанд. Академия маҷаллаи илмии «Осори академия»-ро ба табъ мерасонад, ки дар он олимон ва омӯзгорони академия мақолаҳои илмии худро чоп мекунанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.