Академияи Ганди Шопур

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Академияи Ганди Шопур - (асрҳои III—VII) Донишгоҳи тиббии Ганди Шопур дар давраи салтанати Давлати Сосониён фаъолият намудааст. Донишгоҳи Ганди Шопур нахустин донишкадаи таълимиву табобатии тиббии ҷаҳон мебошад, ки дорои дармонгоҳ буд.

Таърихи бунёд[вироиш]

Давраи нашъунамои мактаби тиббии Ганди Шопур (асрҳои III—VII) марҳалаи дигари муҳими таърихи инкишофи тибби халқҳои Эрону Осиёи Миёна буда, он заминаи дар минтақаҳои гуногуни Осиёи Миёна ва Марказй бунёд шудани мактабу равияҳои нави тиб гардид. Академияи Ганди Шопур бо асоси комил гаҳвораи тибби илмии форс-тоҷик дониста мешавад. Таърихи бунёди он чунин аст: писари асосгузори сулолаи Сосониён Ардашери Сосон, ки коҳини маъбади худо Анаҳито буд. Шопури I, ки асосгузори давлати мутамаркази Сосониён дониста мешавад, миёнаи асри III қарор додааст дар қисми ҷанубии хоки ҳозираи Эрон ба сохтмони маркази илмй ва маданию маърифати шурӯъ карда, он шаҳрро Ганди Шопур (ҳоло истилоҳи (Гандишопур ё Гундишопур) истифода мегардад) номад. Баъди анҷоми сохтмон Шопури I амр кард, ки болои дарвозаи шаҳр ибораи зерин сабт шавад: «Донишу хирад аз шамшер зӯртар аст». Бо дастури Шопури I олимон асарҳои машҳури духтурони Юнону ҳиндро ба забони паҳлавй (забони давлатии сосониён) тарҷума мекарданд. Вай ҳамчунин амр карда буд, ки матнҳои Авасто ҷамъ карда ва мураттаб сохта щаванд. Дар давоми мавҷудияти беш аз 400-солаи давлати Cосониён Ганди Шопур шаҳри замонавитарини даврон ва маркази ҳақиқии илму фарҳанг гардид. Духтурон сазовори ҳурмату эҳтироми махсус буданд ва имтиёзҳои калон доштанд. Табибон ба тоифаи махсуси аҳли давлати сосониён мансуб ва аз андозу хироҷ озод буданд.

Рушду такоммули Донишгоҳ[вироиш]

Ҷолиби диққату таваҷҷӯҳ аст, ки ҳаққи меҳнати ҷарроҳ аз рӯи то чй андоза вазнину душвор будани кори иҷрошаванда муайян мегардид. Дар баробари ҳамин духтур мебоист қоидаю одоберо қатъӣ риоя мекард, ки ҳанӯз дар Авасто аниқу возеҳ баён ёфтаанду дар он назди духтури хуб талабҳои асосии зерин гузошта мешуданд: вай бояд сохти узвҳои одамро нағз донад, вазифаҳояшро ба хубӣ иҷро кунад, китоби бисёр хонад, дар бораи гиёҳҳои дорубоби шифобахш дониши ҳаматарафаю мукаммал дошта бошад, асбобу анҷоми ҷарроҳиро истифода карда тавонад, дар мавриди зарурӣ ҳар ваrт ба аёдати беморон ҳозир шавад, аз паи сарвату давлат надавида, аз рӯи меҳру шафқат ва накӯкорй беморонро муолиҷаю парасторй намуда, вазифаи худро дар назди халқ садоқатмандона иҷро кунад, беморонро бо рӯи хандон ва чеҳраи кушод пазирой намояд, нисбат ба онҳо меҳрубону пуртоқат бошад ва ғайра. Ҳамаи гуфтаҳои боло дар айёми мо ҳам муҳим буда, аз ҷумлаи талабҳои асосӣ дониста мешаванд. Дар замоне, ки Византия рӯ ба таназзул оварду император Земон соли 489 мактаби машҳури Эдес ва император Юстиниан соли 529 академияҳои Афина ва Искандарияро баст, зимни салтанати подшоҳи сосониён Хусрави I Анушервон (531—579) Донишгоҳи Ганди Шопур расман кушода шуда, ба авҷи рушду камолот расид. Он як навъ воситаи интиқоли маданияти қадимаи Юнону Рим ва санъати Табобати мардуми мамолики Шарқи Наздик буд. Олимоне, ки аз Византия ронда мешуданд, дар Эрон паноҳгоҳ меёфтанд. Масалан, қариб ҳайати пурраи олимони академияи Афина дар шаҳри Ганди Шопур ва олимони мактаби Эдес дар шаҳри Насиби Эрони ғарбӣ маскан гузиданд.

Маскани афкори илмӣ[вироиш]

Дар академияи Ганди Шопур афкори илмй сарфи назар аз мансубияти миллӣ гирду фароҳам меомад. Тиб ҳам мисли соҳаҳои дигари илм аслан байналмиллалӣ буд. Дар ин ҷо духтурони юнонй, суриявй, ҳинд ва форс аҳлона ва муттафиқона кор мекарданд. Дар таърихи афкорӣ илмй, ин аввалин марказе буд, қи дар он ҳар олим сарфи назар аз ихтисосу миллат ва эътиқоди диниаш дар соҳаи дилхоҳи илм кор карда метавонист. Дар ин ҷо аввалин бор дар таърихи илм духтурони миллатҳои мухталиф якҷоя кор мекарданду дар ҳамкорию ҳамдастии онҳо ғояи таълифи асарҳои энциклопедӣ, яъне қобуснома пайдо шуд. Намояндагони неоплатонизм китоби тиб таълиф карданд, ки матни дар шакли саволу ҷавоб мураттаб шуда буд. Донишгоҳи Ганди Шопур беш аз 300 сол вуҷуд дошт. Аз нуқтаи назари таърихй донишгоҳи Ганди Шопур аввалин мактабе буд, ки дар он омӯзиши тиб аҳамияти бевосита амалй дошт. Анҷоми тадбирҳои муолиҷаю пешгирии бемориҳо, кори таълимию омӯзгорӣ ва илмӣ, тарҷимаи асарҳо, тартиб додани маҷмӯаҳои қомусй аз ҷумлаи вазифаҳои асосии ин мактаб буданд. Донишгоҳи тиббии Ганди Шопур (Донишгоҳи Гунди Шопур) нахустин донишкадаи тиббии ҷаҳон аст, ки заминаи махсуси муолиҷавию профилактикӣ ва шӯъбаи дорусозӣ дошт. Раванди таълим аз қисмҳои назариявӣ ва амалӣ иборат буда, дар заминаи клиникаи (дармонгоҳи) донишгоҳ сурат мегирифт. Дар барномаи таълими духтурон ғайр аз омузиши фанҳои тибби боз омӯзиши забону адабиёт, таърих, илми нуҷум, санъати сухан, фалсафа ва ғайра пешбинӣ мешуд. Донишҷӯён ба ду забон — забонҳои паҳлавӣ ва юнонӣ таҳсил мекарданд. Савияи донишу малакаи донишҷӯён бевосита дар сари бистари бемор санҷида мешуд. Дар давлати Сосониён ду гурӯҳ духтурон — духтурони ҷисм ва духтурони рӯҳ амал мекардақд, Якeмиҳо беморонро бо ёрии дорую корд ва дуюмиҳо (табибони руҳӣ — тимсоли психотерапевтҳои ҳозира) бо ёрии сеҳри сухан, ҷоду, маросиму дуохонӣ ва соири воситаҳои таъсир ба рӯҳи бемор муолиҷа мекарданд. Ба донишгоҳи тиббй фақат ҷавононе қабул мешуданд, ки ҳафт ҷузъи муҳимтарини илмро (саҳву наҳв, ҳандаса, ҳисоб, нуҷум, диалектика, илми маонӣ ва баён, мусиқй) омӯхта, дар ин соҳаҳо дониши кифоя дошта бошанд. Хусусияти фавқулоддаи системаи таълими духтурони оянда дар донишгоҳи Ганди Шопур ҳамин буд, ки дар он ҷо на фақат тибби Эрони қадим, балки тибби ҳинд, араб ва юионию римй низ омӯхта мешуд. Дар ин ҷо ҳатто дар давраи аввали фёодализм ҳам дар роҳи омӯхтану паҳн намудани комёбиҳои пешқадами илми тиб ягон мамониат гузошта намешуд. Донишгоҳ китобхонаи калонтарин дошта, он дар беш аз 250 бино ҷойгир буд. Қитобҳо ба забонҳои паҳлавй (бисёре аз онҳо аз забонҳои юнонию ҳиндӣ, аз ҷумла китоби машҳури тиббии ҳинд «Қалима ва Димна» тарҷима шуда буданд), суриявӣ, юнонӣ ва санскрит таълиф ёфтаанд. Ҷолиби диққат аст, ки сардухтури клиника (дармонгоҳ) дар як вақт вазифаи ректори донишгоҳро иҷро мекард. Ба ин мансаб мутахассисони пуртаҷрибаю дониши назариявиашон мукаммал таъин мешуданд. Ба қавли муаррихон духтур Бахтишо нахустин ректори донишгоҳ буд. Донишгоҳи Ганди Шопур маҳалли ташкили бисёр ҷамъомадҳои олимон мегардад. Масалан, бо амри ҳоким Хусрави I Анушервон ҳанӯз соли 561 дар шаҳри Гаиди Шопур аввалин конгресси олимони тибби донишгоҳҳои қариб ҳамаи давлатҳои мутараққӣ даъват карда шуда, он бешубҳа инкишофи минбаъдаи илми тибро такон дод. Дар сари мизи раиси ҷамъомади олимон беҳтарин духтури дарбори Хусрави I Ҷабраил Дурустабд (намояндаи сулолаи Бахтишо) менишаст.

Дар ҳайати донишгоҳи Ганди Шопур ғайр аз донишкадаи (мактаби) асосии тиббӣ шӯъбаҳои (донишкадаҳои) дигар ҳам буданд, ки онҳо файласуфу риёзидонон, адибу мунаҷҷимон ва бисёр мутахассисони дигари соҳаи илмҳои гуманитарй ва дақиқро ба камол мерасонданд. Дар замони ҳукмронии подшоҳони сосонй мутахассисони соҳаи санъати муолиҷа — табибон муваффақиятҳои калонро соҳиб шуданд. Аз ҷониби духтурони Ганди Шопур мукаммал ва ҳамаҷониба омӯхтани қисми тиббии китоби муқаддаси «Авасто» асосу шарти ин муваффақият буд. Онҳо беш аз 4 ҳазор бемории терапевтй, ҷарроҳӣ, сирояткунанда, рӯҳӣ ва маризҳои дигарро, ки дар тибби «Авасто» зикр ёфтаанд, танзим карданд. Хизмати калони мутахассисоии тибби форс-тоҷик ҳамин аст, ки онҷо тибби «Авасто»-ро бо илми тибби юнонӣ, ҳинд, тибетӣ ғанй гардонда, онро аз ҷудоию маҳдудияти чандинасраи динй озод карданд, ва шароити мусоиди барои олимон муҳайёкардаи подшоҳони сосониро (хусусан дар Донишгоњи Ганди Шопур) истифода бурда, илми тибро ба зинаи баланд бардоштанд ва барои рушди он имконияту майдони васеъ муҳайё карданд. Дар соҳаи илми тиб кашфиётҳои муҳим муяссар шуданд. Тарзу усулҳои навтарини ташкилот ва муолиҷа, ки намояндагони донишгоҳи Ганди Шопур кашф ва тавсия кардаанд, наза,р ба тарзу усулҳои тавсиякардаи мактабҳои машҳури тиббии юнонию ҳинд беҳтар дониста шуда буданд. Онҳо доир ба амалияи духтурӣ дастурҳои сершумор тартиб дода, ба забони паҳлавй рисолаҳои илмй навиштаанд. Ихтирою истифодаи доруҳои нав, хусусан доруҳои растаниасос боз ҳам ривоҷ ёфт. Дар амалияи тиб истифодаи васеи омехтаҳои тилло, нуқра, мис, оҳан, пайвастагиҳои хлору сулфатдор сар шуд. Масалан, маълум аст, ки суғдиён хеле пеш аз Осиёи Миёнаро истило кардани арабҳо аз кӯҳсори ноҳияҳои Панҷакент ва Исфараи ҳозира навшодир ҳосил мекарданду як қисми онро ба бисёр мамолики Шарқ, хусусан ба Ҳиндустон мефурӯхтанд. Тадқиқи масъалаҳои ҳифзи модару тифл, гигиенаи шахсӣ ва ҷамъияти, эътилоли (патологияи) инфексиони, масъалаҳои ахлоқу одоби духтурӣ барин масъалаҳои муҳим авҷ гирифт. Самтҳои асосии илмии мактаби тибби Ганди Шопур ҳозир ҳам аҳамияти калонро молик буда, онҳо қабл аз ҳама масъалаҳои ташкилй тарҷимаи рисолаҳои тиббии ҳиндӣ, суриявй, юнонию римӣ, тартиб додани маҷмӯаҳои асарҳои мустақилонаи тиббии дойр ба фанҳои чудогона, гирду фароҳам овардани мавод ва дар шакли китобҳои xудогона интишор кардани материали ҷамъомаду ҷаласа ва конфронси илмию амалии дар донишгоҳ мунтазам ташкилёбанда, ҳамчунин аз рӯи ривояту эҷодиёти даҳонакй барқарор намудани тарзу усулҳои муоина ва муолиҷаи гум ё фаромӯшшударо дар бар мегирифтанд. Дар аҳди сосониён бо ёрии духтурон таълимоти Авасто доир ба никоҳ ва оила боз ҳам давом ва инкишоф дода шуд. Маҷмӯаи махсуси қонуну қоидаҳо интишор ёфта, чандин фасли он ба масъалаҳои никоҳ ва оила бахшида шуд. Ин қонуну қоидаҳо манфаати оила, модар ва кӯдакро ҳифз мекарданд. Ин қабл аз ҳама ба чунин бобу фаслҳо, монанди «Қомилҳуқуқии завҷа», «Дар бораи як касро парасторй кардани каси дигар», «Дар бораи бекор кардани никоҳ», «Дар бораи васй» ва ғайра дахл дорад. Никоҳи байни хешовандон манъ буда, духтарони 14-сола ва писарони 16—18 сола болиғ дониста мешуданд. Никоҳ фақат дар сурате имконпазир дониста мешуд, ки агар шавҳар ва завҷаи оянда ҳамдигарро аз рӯи меҳру муҳаббат интихоб карда бошанд. Амалияи дар ҳузури камаш панҷ шоҳид пеш аз заношӯӣ тартиб додани муоҳидаи никоҳ ҷолиби диққат аст, ки ба он муоҳида домоду арӯс ;ва шоҳидон имзо мегузоштанду мӯҳр пахш мешуд. Мувофиқи муоҳидаи никоҳ шавҳар ва завҷа барои рафтору кирдорашон ҷавобгар буда, ҳар дуяшон ҳам баробарҳуқуқ дониста мешуданд ва агар шавҳар ба занаш хиёнат кунад, ба занаш ҷарима медод. Дар муоҳидаи никоҳ ба хешовандони арӯс қалин додани домод, ки дар замони мо ҳам дар баъзе ҷойҳо маъмул мебошад, зикр наёфтааст. Солҳои сиюми асри XX аз кӯҳи Муuи қаламрави ноҳияи ҳозираи Айнии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои ҷолиби диққат суғдиёни қадим ёфт шуданд. Дар байни онҳо муоҳидаи никоҳи байни домод Уттеген ва арӯс Чата низ буд. Дар он Уттеген ба Чата қавл додааст, ки шавҳари поквиҷдону содиқ ва сазовори ҳамсари худ хоҳад шуд. Ба муоҳида шоҳидон низ имзо гузоштаанд. Матни пурраи муоҳидаи никоҳи Уттеген ва Чата дар китоби Ю. Нуралиев «Тибби замони Абӯалй ибни Сино» (Душанбе, 1981) дарҷ ёфтааст. Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки аҷдодони мо, хусусан духтурон аз замонҳои қадим ба масъалаҳои никоҳ ва оила диққату эътибори калон медоданд, зеро ба хубӣ медонистанд, ки оилаи аҳлу тифоқ на фақат сарчашмаи бебаҳои саломатӣ ва посдории маънавии ҷамъият, балки гарави покизагии авлоди оянда ва rудрату тавоноии давлат ҳам мебошад. Ба ин фақат ба туфайли савияи баланди маданияти миллат ва эътибори чиддӣ додан ба масъалаҳои никоҳ, оила ва тарбияи фарзандон муваффақ шудан мумкин буд. Мутаассифона дар натиҷаи ғорату яғмогариҳои бераҳмонаи истилогарони сершумор далелу санадҳои хаттии доир ба дараҷаи инкишофи илми тибби давраи салтанати беш аз 700-солаи Парфия ва Сосониён то айёми мо хеле кам расидаанд. 1300 сол муқаддам арабҳо шаҳри Ганди Шопурро забт карданд ва амволашро ба яғмо бурданду бо ҳамин мавҷудияти 300 солаи ёдгории аҷоиби тамаддуни инсонӣ — донишгоҳи Ганди Шопур — маркази тамаддун ва афкори илмӣ хотима ёфт (хушбахтона шаҳр хароб нагардид ва аҳолиаш маҳв нашуд). Ҳоло шаҳри Ганди Шопур шаҳри қадимтарини ҳафриётист. Қитобхонаи калон, бозёфту кашфиётҳои ғуншудаи илми ва қисми муайяни олимон ба пойтахти хилофати аббосиён шаҳри Бағдод фиристода шуд, ки дар он ҷо халифа Хорун-ар-Рашид дар сари ҳокимият буд. Дар Бағдод баъдтар тимсоли донишгоҳи тиббии Ганди Шопур бунёд шуд. Ҳамон вақт дар Бағдод даҳ[о бемористон кор мекарду бисёр духтурони дар донишгоҳи Ганди Шопур таълимгирифта ба он ҷо гузаштанд, ки дар байни онҳо Абдулло ибни Мукаффа, Абу Муслим, Бармакй, Рӯзбеҳ барин донишмандонй машҳур ҳам буданд. Онҳо рисолаҳои машҳури тиббӣ, аз ҷумла китоби қадимтарину пурқиматтарини ҳиндии «Калила ва Димна»-ро аз забони паҳлавӣ ба забони арабй тарҷима карданд.

Сулолаи Бахтишо[вироиш]

Дар давоми таърихи беш аз якунимҳазорсола дар бораи фаъолияти аввалин ташкилотчиёну муаллимон ва нахустин шогирдони донишгоҳи Ганди Шопур қариб ки маълумот намондааст. Аз рӯи маълумоти мавҷуда шахсияту симои духтурони ин мактабро муайяну муқаррар кардан муҳол аст. Вале кас аз рӯи ному сарлавҳаи асарҳои онҳо эътимод ҳосил менамояд, ки ҳамаи дастпарварони мактаби Ганди Шопур на фақат духтурони ҳозиқ, балки донишмандони ҳақиқӣ буда, 4—5 забонро аз бар кардаанд ва дар баробари фаслҳои амалии тиб доир ба дорусозй низ дониши мукаммал доштанд. То айёми мо номи фақат баъзе аз омӯзгорону шогирдони донишгоҳи Ганди Шопур маълум мондааст. Онҳо ба туфайли он маълуму машҳуранд, ки бисёриашон баъдтар ба Бағдод кӯчидаанду номи баъзеашон дар асарҳои Абубакри ар-Розӣ ва Абуалӣ ибни Сино зикр ёфтааст. Сулолаи табибон Бахтишо, асли насабаш аз Сурияи насронӣ аст. Саромади ин сулола Бахтишои I аввалин ректори донишгоҳи Ганди Шопур буд. Ҷурҷис намояндаи машҳуртарини сулолаи Бахтишо ба шумор меравад, ки вай соли 755 ба сифати мудири клиникаи мактаби тиббии Ганди Шопур ҳамро ҳи шогирдонаш Айс ва Иброҳим ба назди халифаи бемори Бағдод ал-Мансур хонда шуда, ӯро бомуваффақият муолиҷа кардаанд. Ҷурҷис бо илтимоси халифа чор сол дар Бағдод монда, таҷрибаю дониши худро ба духтурони маҳаллӣ омӯзонд ва аз забони юнонӣ чанд асари тиббиро ба забони арабй тарҷима карда, рисолаи тиббии «Ал-Қиннаш»-ро таълиф кард. Писари Ҷурҷис Бахтишои II (соли 801 вафот кардааст) табиби асосии халифаи Бағдод ал-Рашид буд, ки вай саломатии худро ба ин табиб пурра бовар мекард ва ӯро таҳтй васояту парастории худ гирифта буд.

Барзуя[вироиш]

Олими маъруфи тиб, файласуф, омӯзгори шинохтаи донишгоҳи Ганди Шопур, духтури асли насабаш эронӣ Барзуя симои барҷастае буд. Вай сазовори унвони сарвари духтурони форс гардидааст. Барзуя гармою сармо, намию хушкй, бод, моддаҳои заҳрдор, тарсу ваҳм, ғаму андӯҳ, фироқ, пири ва ғайраро омилҳое медонист, ки боиси беморӣ ва фавт мегарданд. Ӯ дар таърих қабл аз ҳама чун шахсе машҳур аст, ки ба туфайли донишу маърифати олӣ ва қобилияти аълои дипломатиаш бо супориши ҳокими сосонй Анушервон китоби махфии «Панчатантра»-ро («Ҳаёти безавол»-ро) пинҳонӣ аз Ҳиндустон ба Эрон овардааст. Барзуя китоби «Панчатантра»-ро бори нахуст аз забони ҳиндии қадима ба паҳлавӣ тарҷима карда, онро «Қалила ва Димна» номид. Ин китоб баъдтар ба забони бисёр халқҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба забони тоҷикй тарҷима шудааст. Ин факти таърихӣ ба шарофати худи Барзуя дастраси авлод гардидааст. Барзуя аз сарватҳои пешниҳодкардаи подшоҳ Анушервон даст кашида, аз ҳоким илтимос кардааст, ки таърихи аз Ҳиндустон ба Эрон оварда ба забони паҳлавй тарҷима шудани китоби «Ҳаёти безавол» дар муқаддима китоб дарҷ гардад. Подшоҳ ин илтимоси табиби ҳозиқро қабул кардааст.

Манбаъ[вироиш]

Нуралиев Ю. Тибби замони Абӯалӣ ибни Сино. - Душанбе, 1981