Акбар Исоев
Намуди зоҳирӣ
(Тағйири масир аз Акбар Баҳоваддинович Исоев)
Акбар Исоев | |
|---|---|
| Акбар Баҳоваддинович Исоев | |
| Таърихи таваллуд | 31 август 1955 (70 сол) |
| Зодгоҳ | Хуҷанд , вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон |
| Кишвар |
|
| Фазои илмӣ | педагогика |
| Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
| Дараҷаи илмӣ: | номзади илм |
| Унвонҳои илмӣ | дотсент |
| Алма-матер | ДДОЛ ба номи С.М.Киров |
Акбар Баҳоваддинович Исоев (тав. 31.08.1955 ) шаҳри Хуҷанд — олим, омӯзгор, номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1977 ДДОЛ ба номи С.М.Кировро хатм намудааст. Ихтисос Муаллими нақша, расм ва меҳнат.
- Солҳои 1980-1987 Муаллими кафедраи Расм ва мусаввирӣ ДДОЛ ба номи С.М.Киров .
- Солҳои 1987-1989 сармуаллими кафедраи Расм ва мусаввирӣ ДДОЛ ба номи С.М.Киров .
- Солҳои 1989-1992 Аспиранти ДДОМ ба номи В.И.Ленин ш. Москва.
- Солҳои 1992-1994 сармуаллими кафедраи Расм ва мусаввирӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
- Соли 1994 дотсенти кафедраи Расм ва мусаввирӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
- Солҳои 1993-1996 Ноибдекан оид ба корҳои таълимии факултети Рассомӣ-графикӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
- Солҳои 1996-2001 Декани факултаи Рассомӣ-графикӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
- Солҳои 2001-2007 Мудири кафедраи Расм ва мусаввирӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
- Соли 2009 дотсенти кафедраи Расм ва мусаввирӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
- Солҳои 2011-2016 Мудири кафедраи Расм ва мусаввирӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
- Солҳои 2016 то ҳоло дотсенти кафедраи кафедраи Санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии факултети санъати тасвирӣ ва технология Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. Кафедраи Санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии факултети санъати тасвирӣ ва технология Исоев Акбар Баҳоваддинович(тоҷ.). www.hgu.tj. 17 Январ 2024 санҷида шуд.