Jump to content

Аккумулятор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аккумулятор

Аккумулятор (лотинӣ accumulator — захиракунанда) — асбобест барои захира кардан ва дар мавриди зарурӣ ба истеъмолкунандаҳо додани энергия. Вобаста ба навъи энергияи захирашаванда аккумуляторҳо электрикӣ, гидравликӣ, ҳароратӣ, инерсионӣ мешаванд. Аккумулятори электрикӣ энергияи электрикиро дар намуди энергияи химиявӣ захира мекунад ва мувофиқи талаб онро боз ба энергияи электрикӣ табдил дода, ба истеъмолкунандаҳо медиҳад (нигар Манбаъҳои химиявии ҷараён). Хусусияти кории аккумулятори электрикӣ дар баргардандагии реаксияи химиявӣ асос ёфтааст, ки аз элементҳои галванӣ бо ҳамин фарқ мекунад. Он аз электродҳои мусбат ва манфии дар маҳлули электролит ҷойгиршуда иборат аст. Дар сатҳи ба электролит расидаи электродҳо фарқи потенсиалҳо пайдо мешавад, ки онро қувваи электрҳаракатдиҳанда (ҚЭҲ)-и аккумулятор меноманд. Вобаста ба навъи электролит аккумулятори электрикӣ кислотагӣ ва ишқорӣ мешавад. Саноат намудҳои зерини аккумулятори электрикиро истеҳсол мекунад: сурбӣ-кислотавӣ (Lead Acid), никелу кадмиявӣ (NiCd), никел-металл-гидридӣ (NiMH), литий-ионӣ (Li ion), литий-полимерӣ (Li pol) ва никел-руҳ (NiZn). Ин аккумуляторҳо бо муҳлати хидмат (шумораи сиклҳои заряд-разряд), шиддати миёнаи заряду разряд (ба ҳар элемент 1 — 2 В), энергияи хос (бо Ҷ, кҶ ё Вт•соат), ки аз 1 кг масса ё 1 дм3 ҳаҷм ҳангоми разряд гирифта мешавад, коэф. амали муфид ва гунҷоиш (бо Ампер-соатҳо) фарқ мекунанд. Фаъолияти аккумулятори электрикиро бо роҳи зарядноккунӣ (гузаронидани ҷараёни электрикӣ) барқарор кардан мумкин аст. Барои ҳосил кардани шиддати баланд, гурӯҳи аккумуляторҳоро пай дар пай пайваст мекунанд, ки силсилаи (батареяи) аккумуляторҳо номида мешавад. Аккумулятори электрикӣ дар нақлиёти худрав, авиатсия, аппаратҳои кайҳонӣ, таҷҳизоти алоқа, асбобҳои ҳавопаймоӣ ва киштиронӣ ва ғайра истифода мешаванд. Аккумулятори гидравликӣ барои дар системаҳои гидравликӣ як хел нигоҳ доштани фишор ва сарфи моеъ (газ) хидмат мекунад. Бештар дар системаҳое истифода мешавад, ки сарфи моеъ ё газ дар онҳо тағйирёбанда аст. Намуди аккумулятори гидравликӣ — аккумулятори пневматикӣ аст, ки барои кам кардани тағйирёбии фишори ҳавои фишурдашуда дар шабакаи пневматикӣ хидмат мекунад. Аккумулятори ҳароратӣ энергияи гармиро захира карда, меъёру мунтазамии бо буғу энергия таъмин кардани таҷҳизоти саноатро ба амал меоварад. Аккумулятори инерсионӣ ҷисми мутаҳаррикест, ки миқдори ҳаракаташ назар ба миқдори ҳаракати қувваҳои ба ҷисм таъсиркунандаи беруна фузунтар аст (масалан, маховик). Захираи энергияи маховик дар мошинҳо, муҳаррикҳо, воситаҳои нақлиёт ва ғайра истифода мешавад.