Jump to content

Акрам Додоҷонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Акрам Додоҷонов
Акрам Ахмедҷонович Додоҷонов
Таърихи таваллуд 13 май 1960(1960-05-13) (64 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Акрам Ахмедҷонович Додоҷонов (тав. 13.05.1960, Душанбе), муаллими фанни графика, номзади илмҳои педагогӣ (1998), дотсент (2002).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1977–1978 дар Институти лоиҳакашии «Душанбегипрогор» ҳамчун нақшакаш фаъолият намудааст. Солҳои 1978–1982 дар факултети индустриалию педагогии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1982–1983 устои таълимӣ-истеҳсолотии омӯзишгоҳи техникии №7 Душанбе, 1983–1985 муаллими кафедраи умумитехникии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе, 1985–1988 аспирант, 1988–1989 устои таълимӣ, ассистенти кафедраи фанҳои умумитехнткии донишкадаи номбурда буд. Солҳои 1989–1992 ба ҳайси ассистенти кафедраи роҳнамои касбии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев, 1992–1993 муаллими калони кафедраи номбурда фаъолият намудааст. Солҳои 1993–1997 вазифаи муовини декани факултети индустралию педагогӣ оид ба тарбия, 2002–2005 мудири кафедраи механикаи техникӣ ва нақшакашӣ, 2005–2009 декани факултети технология ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро ба уҳда дошт. Аз соли 2009 инҷониб дотсенти кафедраи механикаи техникӣ ва нақшакашии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аст. Муаллифи 6 дастури методӣ ва зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ мебошад, ки дар онҳо масъалаҳои муҳими таҳсилоти технологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, миёнаи махсус ва миёна матраҳ шудааанд. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2001) мукофотонида шудааст.

  • Корҳои амалӣ аз геометрияи тасвирӣ ва нақшакашӣ (Воситаи таълимӣ), Д., 2003;
  • Роль педагогической науки Республики Таджикистан в трудовой подготовке и профориентации школьников // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ, № 4, Д., 1998;
  • Эстетическое воспитание студентов педагогических вузов в процессе обучения технологии // Проблемаҳои актуалии таҳсилоти технологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, миёнаи махсус ва миёна (Маводҳои конференсияи илмӣ), Д., 2009.