Jump to content

Аксели Галлен-Каллела

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аксели Галлен-Каллела
финӣ: Akseli Gallen-Kallela
Суратҳо
Таърихи таваллуд 26 апрел 1865(1865-04-26)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 7 март 1931(1931-03-07)[1][2][5][…] (65 сол)
Маҳалли даргузашт
Мамлакат:
Жанр такчеҳра
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аксели Валдемар Галле́н-Ка́ллела (финӣ: Akseli Gallen-Kallela; 26 апрели 1865, Пури, Дӯкнишини бузурги Финлонд — 7 марти 1931, Стокҳолм, Суэд) — мусаввир ва графики фин, роҳбари равияи миллию романтикӣ дар ҳунари нави фин.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Академияи Р. Жюлени Порис (1889). Таъсири Ж. Бастен-Лепажро таҷриба кард. Аз сабки романтикию деҳқонии охир («Писарбача ва 307», 1884) ба наққошии ҳамосӣ дар мавзӯи «Колевалҳо» («Дифои Сампо», 1896; «Модари Лемминкяйнен», 1897 ва ғайра) рӯ овард. Ҳамчун манзараофару чеҳранигор низ фаъолият кард. («А. М. Горкий», 1906). Бо талоши шакл додани сабки томи миллӣ фаъолона ба тарроҳии тазӣинӣ (ангораҳои гулдӯзӣ, ҳаккокии филиз, кандакорӣ ва доғзании чӯб, мебелҳо, қолинҳои дастбофи суннатӣ, маркаҳои почта ва пулҳои коғазӣ) пардохт. Ду хона-студияи шахсияшро тарроҳӣ кард: дар Руовеси (1894) ва «қаср»-и Леппявара дар наздикии Ҳелсинки (1913; дар ин ҷо ҳоло осорхонаи ӯ боз шудааст). Китоби «Хотирот ва мулоҳизаҳо пиромуни ҳунар»-ро (1923) нашр кардааст.

  • Левинсон А. Я. А. Галлен. СПб., 1908;
  • Безрукова М. И. Искусство Финляндии. М., 1988;
  • Новая российская энциклопедия. Т. 4 (1). М., 2008.