Актиномисетҳо
Актиномисетҳо | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Actinobacteria.
|
||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||
Actinomycetales Buchanan 1917 emend. Zhi et al. 2009 |
||||||||||
|
Lua error in Модул:Wikidata at line 301: Функция для отображения значения не найдена..
Актиномисетҳо (Actinomicetes), стрептомисетҳо, занбӯруғҳои шуоъшакл — навъе аз микроорганизмҳост.
Сохт
[вироиш | вироиши манбаъ]Сохти актиномисетҳо ба бактерия ва занбӯруғҳо шабоҳат дорад. Актиномисетҳоро соли 1877 олими немис К. О. Ҳартс дар ғуддаҳои актиномикози гов ошкор кардааст. Актиномисетҳо аз торҳои борики шохаронда иборатанд, ки печ хӯрда тана (митселия)-ро ба вуҷуд меоранд. Актиномисетҳо. аз спора (дар узви спораовар ҳосил мешавад) ва порчаи танаи нашвӣ афзоиш мекунанд. Спораҳо вобаста ба намуди актиномисетҳо мудаввар, тухмшакл, дарозрӯя ва қаламчашакл мешаванд. Ба актиномисетҳо проактиномисетҳо, микобактерияҳо, микококкҳо, микромоноспораҳо мансуб мебошанд. Бисёр намудҳои актиномисетҳо пигмент ҳосил мекунанд. Вобаста ба пигмент ранги актиномисетҳо кабуд, бунафш, сурх, норанҷӣ, зард, сабз ва ғайра мешавад. Актиномисетҳо хусусан дар хок, лойқаи обанбор, ҳаво ва боқимондаи рустаниҳо бисёранд. Баъзе намудҳои актиномисетҳо барангезандаи касалиҳои актиномикоз, сил, хуноқ мебошанд. Актиномисетҳо бештар сапрофитанд, яъне аз ҳисоби моддаҳои органикии тайёр нумӯ мекунанд. Дар байни онҳо аэробҳо ва анаэробҳо низ вомехӯранд. Бисёр актиномисетҳо барои истеҳсоли антибиотикҳо (стрептомитсин, биомитсин, террамитсин), витаминҳо (масалан, витамини В), баъзе аминокислотаҳо, пигментҳо, моддаҳои рушди рустанӣ, гормонҳо ва ғайра истифода мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зенова Г. М., Почвенные актиномицеты, М., 1992;
- Определитель бактерий Берджи, М., 1997.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.