Алалия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Алалия (юнонӣ а – ҳиссачаи инкорӣ ва lalia – нутқ) — мавҷуд набудан ё маҳдудияти нутқ дар кӯдаконе, ки қобилияти шунавоӣ ва ақли муқаррарӣ доранд. Алалия дар натиҷаи осеббинии маркази нутқ дар нимкураҳои калони майнаи сар ҳангоми таваллуд, инчунин то гапзан шудан ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани кӯдак пайдо мешавад. Ҳангоми алалияи ҳаракатӣ фаҳмиши нутқи муқаррарӣ то андозае нигоҳ дошта мешавад. Кӯдак кам ва нодуруст сухан мегӯяд, калимаҳоро нодуруст, нопурра талаффуз мекунад ва ҷойи овозҳоро иваз менамояд. Масалан, ба ҷойи саг «ав» ба ҷойи олам «алам», ба ҷойи болға «лобға» мегӯяд. Ҷумлаҳоро ноқис ифода мекунад. Масалан, «Маҳмуд хоб», «Аҳмад хӯрдан аст» ва ғайра Ҳангоми алалияи ҳиссӣ нутқ умуман вуҷуд надорад. Кӯдак мекӯшад, ки гап занад, лекин суханаш барои атрофиён номафҳум аст. Ҳолати алалияи ҳиссӣ хеле кам вомехӯрад. Кӯдаконе, ки дар натиҷаи иллатҳои гуногун нутқашон таъхир ёфтааст, то 5 – 7-солагӣ гап зада наметавонанд. Баъзан ин ҳолат то синни 12 – 13-солагӣ ва зиёдтар давом мекунад. Кӯдакони гирифтори алалия аз ҷиҳати инкишофи психикӣ қафо мемонанд. Ба онҳо омӯзондани навиштану хондан дар тамоми давраҳо душвор аст. Бинобар ин онҳоро дар мактабҳои махсус таълим медиҳанд.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Луғати тафсирии истилоҳоти педагогика, Д., 1988;
  • Трауготт Н. Н., К вопросу об организации и методике речевой работи с моторными алаликами, дар кит. Хрестоматия по логопедии, т. 2, М., 1997;
  • Қодиров Қ. Б., Давлатов М. Т., Расулов С. Х., Вожаномаи тафсирии истилоҳоти психологӣ ва педагогӣ, Д., 2008.

Сарчашма[вироиш]