Алафкуш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Алафкушҳо, ҳербисидҳо (аз лот. herba — алаф ва caedo — мекушам) — моддаҳои кимиёие, ки барои нест кардани алафҳои бегона истифода бурда мешавад.

Ҳербисидҳо умумӣ, махсус ё интихобӣ мешаванд. Ҳербисидҳои умумӣ барои нест кардани рустаниҳои атрофи корхонаҳои саноатӣ, майдонҳои ҳавоӣ, роҳҳои оҳану мошиигард, кӯлу обанборҳо ва ҳербисидҳои махсус барои муҳофизати зироати кишоварзӣ аз алафҳои бегона истифода бурда мешаванд. Ҳоло бештар аз 1000 пайвастҳои дорои хосияти ҳербисидӣ маълуманд. Аз онҳо қариб 140-тоашон дар амаланд. Ҳербисидҳо асосан дар намуди хока, маҳлул, эмулсия тайёр карда мешаванд. Истифодаи онҳо ба ҳавопаймою агрегатҳои гуногун таъмин карда мешаванд. Феҳристи онҳо гуногунанд (агелон, атразин, зенкор, котофор, рамрад, соморин ва ғ.).[1]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — С. 126