Jump to content

Алафҳои бегона

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Алафҳои бегона — рустаниҳои худрӯйи киштзор ва боғот.

Алафҳои бегона дар полиз, бешазор, марғзору чарогоҳ, чорбоғу гулбоғ, гулзору сабзамайдон, канори роҳҳо, соҳили рӯду дарёҳо, ҳавзу наҳрҳо ҳам месабзанд.

Мафҳуми алафҳои бегона шартист. Macалан, юнучқа, ки алафи хеле пурқимат аст, дар киштзори гандум алафи бегона мебошад. Дар олам беш аз 5 ҳазор намуди алафҳои бегона маълум аст. Дар Тоҷикистон 600—650 намуди алафҳои бегона мерӯяд. Дар водиҳои ҷумҳурӣ 300 намуди алафҳои бегонаро ба қайд гирифтаанд, ки 74 намуди онҳо ба рушду инкишофи зироат халал мерасонад, масалан, аҷириқ, ангури сагак, банги девона, курмак, хоралаф, матинҷ, най, печак, саломалайкум, хори морак, хурфа, қӯноқ, ғумой ва ғайра алафҳои бегона ба шароити сабзишу нумӯи рустаниҳои мазрӯъ мутобиқ гардида, ҳамроҳи онҳо месабзанд, ҳосилро паст намуда, ба иҷрои корҳо халал мерасонанд; намии хок, моддаҳои ғизоӣ ва гази карбонатро ҷаббида, ҷараёни фотосинтезро суст, хокро аз нури офтоб паноҳ месозанд, ғизогирии микроорганизмҳоро номураттаб мегардонанд. Ҳамзамон, дар боғот алафҳои бегона миқдори энергияи гармиеро, ки хок инъикос мекунад, коҳиш медиҳанд, ба ҳавогирии ниҳолҳо монеъ мешаванд, барои авҷи касалиҳои гуногун шароити мусоид фароҳам меоваранд. Зарари бисёр алафҳои бегона на ба навъу хели рустанӣ, балки ба зиёд рустани онҳо вобаста аст. Баъзе намуди алафҳои бегона кам рӯянд ҳам, метавонанд зарари ҷиддӣ расонанд. Macалан, решаи аҷириқ моддаҳое хориҷ мекунад, ки ба рушду инкишофи ниҳолҳо зиён доранд. Алафҳои бегона аз рӯи усулҳои ғизогирӣ ва афзоиш гетеротрофӣ ва афтотрофӣ мешаванд. Ба алафҳои бегонаи гетеротрофӣ алафҳои нимпаразит ва паразит (масалан заҳрпечак) мансубанд. Алафҳои бегонаи автотрофӣ дорои хлорофилланд, ки он қобилияти фотосинтез дорад. Вобаста ба нашъунамо алафҳои бегона яксола, дусола ва бисёрсола мешаванд. Ба алафҳои бегонаи як ва дусола эфемерҳо, алафҳои баҳорӣ ва тирамоҳӣ мансубанд (аз 3 ҳафта то 2 сол умр мебинанд). Алафҳои бегонаи бисёрсола чандин сол нашъунамо карда, ҳар сол мерӯянд, аз тухм ва бо роҳи нашвӣ зиёд мешаванд. Алафҳои бегонае, ки бо роҳи нашвӣ меафзоянд, асосан аз реша, решапоя, пиёзак, бехҷаст, лӯнда зиёд мегарданд. Ба боғу токзор хусусан зарари алафҳои бегона и решапоядор ва тирреша калон аст.

Тадбирҳои мубориза

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тадбирҳои мубориза бо алафҳои бегона: нест кардани онҳо; пеш аз шинондани ниҳолҳо нағз нарм кардани замин, риоя намудани тадбирҳои карантин; роҳ надодан барои ба тавассути об, пору ё шамол паҳн гаштани тухми алафҳои бегона; истифодаи гербисидҳо.

  • Сорные растения Таджикистана, ч. 1 — 2, М. — Л., 1953;
  • Котт С. А., Сорные растения и борьба с ними, М., 1969;
  • Фисюнов А. В., Сорные растения, Альбом, М., 1984.