Албрус

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Албрус
Хатои Lua: expandTemplate: template "lang-krc" does not exist.
Нигора
Қитъа Аврупо ва Осиё
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Elbrussky District[d]
Mountain range Қафқози Бузург ва Bokovoy Range, Caucasus[d]
Баландӣ аз сатҳи баҳр 5 642 м[1]
Баландии нисбӣ 4 741 м[1]
Parent peak Албрус
Topographic isolation 2 473 км
Маводди созанда rhyolite[d], tuff[d], санги хоро, Гнейс ва Варақсангҳо
Тасвири нақшаи мавқеият
Албрус дар харитаи
Албрус
Албрус
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Албрус, Элбрус — баландтарин қуллаи қаторкӯҳи Паҳлуии Кавкази Калон.

Албрус махрути дусараи вулқони хомӯш буда, аз гудозаҳои андезитӣ, хоро ва варақсанги кристаллӣ таркиб ёфтааст. Қуллаи ғарбӣ (5642 м) аз шарқӣ (5595 м) бо гарданаи амиқ ҷудо шудааст. Масоҳати пиряхҳо 134,5 км². Аз наздикии албрус дарё Кубан сар мешавад. Ду сари қаторкӯҳҳи албрус пӯшиши фирнӣ ва яхӣ дошта, аз онҳо 54 пиряхи сарозер ба вуҷуд омадаанд (калонтаринашон Азауи Калон, Ирик, Терскол). Қуллаи шарқии Албрусро аввалин бор (1829) роҳбалади экспедитсияи рус К. Хаширов (қабардин) ва қаторкӯҳҳи ғарбиашро (1874) кӯҳнавардони англис (роҳбарашон Ф. Грове) бо роҳбалад албрус Саттаев (балқар) фатҳ кардаанд. Солҳои Ҳокимияти Советӣ баландиҳои дастраси албрус ба минтақаи кӯҳнавардӣ ва доманаҳояш ба мавзеи туризм ва варзиши лижаронӣ табдил ёфтанд. Албрус яке аз марказҳои кӯҳнавардӣ ва туристӣ дар Кавказ аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]