Албурзкӯҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Албурз (Албурзкӯҳ))

Албурз, Албурзкӯҳ — номи кӯҳи устураист, ки дар ҳамосаҳо, қиссаву ривоятҳо, афсонаҳои мардуми ориёинажод вомехӯрад.

Ривоятҳо оид ба Албурз[вироиш | вироиши манбаъ]

Қиссаву ривоятҳо оид ба Албурз дар байни мардуми ориёӣ дар замони бостон, ҳангоми ҳаракати онҳо ба тарафи Кавказ ва ба ғарби Эрон ба вуҷуд омадаанд. Албурз дар оғоз кӯҳҳои соҳили дарёи Аму буданд, сипас ба ин ном кӯҳҳои дигарро ном бурдаанд. Элбруси Кавказ низ Албурз мебошад. Дар қисми шимолӣ Эрон низ кӯҳе бо ин ном вуҷуд дорад. Дар Авесто (бахши «Яштҳо») муодили Албурз калимаи Ҳараберезаити — Кӯҳи баланд мебошад. Калимаи «бурз», ки дар забони форсии тоҷикӣ дар осори шоиру нависандагон, масалан, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ вомехӯрад, маънои баланд, «Боло»-ро дорад. Маънои калимаи «бурзболо» (дар лаҳҷаҳои тоҷикӣ ба шакли вайроншудаи «бузбала» маъмул аст) маънои «қадбаланд», «болобаланд»-ро дорад. Дар забони тоҷикӣ баъзан табдили «б» ба «в» ба мушоҳида мерасад (яъне «бурз» ба «вурз, варз» табдил ёфтааст). Масалан, калимаи «Варзоб» аз ҳамин реша аст ва маънояш «болооб» аст. Калимаи «Варзиманор» маънои «манори баланд»-ро дорад. Дар асотири мардуми ориёӣ Албурз кӯҳест, ки дар муддати ҳаждаҳ (дар баъзе асарҳои дигар масалан, «Бундаҳиш» ҳаштсад сол омадааст) сол аз замин сар кашид ва ба ситорагон, Моҳ, Хуршед ва ба Чархи фалак расид. Дар атрофи он 2224 кӯҳи дигар аз замин ба боло қад афрохтанд. Албурз нишемангоҳи эзидон Митра — Меҳр, Аредвисура Аноҳита (Ноҳид) мебошад. Подшоҳон Ҷамшед, Ковус дар Албурз қасрҳо сохта буданд. Мувофиқи ривоятҳо шахси пир ба қасри Ковус даромада аз он ҷо ҷавон мебаромад. Дар осори таърихии арабӣ ва адабиёти форс-тоҷик қиссаву ривоятҳои бисёре оид ба Албурз ба назар мерасанд. Масалан, дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ омадааст, ки лонаи Симурғ дар Албурз (Албурзкӯҳ) буд ва Зол дар он ҷо бузург шуд:

Яке кӯҳ буд номаш Албурзкӯҳ,
Ба хуршед наздику дур аз гурӯҳ.
Ба-д-он ҷой Симурғро лона буд,
Ки он хона аз халқ бегона буд.

Рустам Кайқубодро аз Албурз оварда ба тахти шоҳӣ нишонд; модари Фаридун аз таъқиби Заҳҳок гурехта дар Албурз паноҳ бурд ва дар шонздаҳсолагӣ Фаридун аз Албурз фуромад:

Чу бигзашт аз он бар Фаридун ду ҳашт,
Зи Албурзкӯҳ андар омад ба дашт.

Фаридун Заҳҳокро дар қуллаи баландтарини Албурз, ки Дамованд ном дошт, занҷирбанд кард. Дар ашъори шоирону нависандагони дигар, қиссаву ривоятҳои эҷодиёти даҳанакии халқ ишораҳо ба Албурз мавҷуданд. Дар байти зерини мутааллиқ ба Манучеҳрӣ ҳамон маъниву мазмуне омадааст, ки дар устураҳои қадим (Авесто) дида мешавад:

Сар аз Албурз зад қурси Хуршед,
Чу хунолуда дузде сар зи макман.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Манучеҳри Сутуда, Албурз, маҷ., «Меҳр», (Урдибиҳишт, Хурдод, Тирмоҳ), 1331 ҳ. ш.;
  • Пури Довуд, Аноҳита, Т., 1343;
  • Авесто, Д., 2001;
  • Ёҳақӣ Муҳаммадҷаъфар, Фарҳанги асотир ва ишорати достонӣ дар адабиёти форсӣ, Т., 1375 ҳ. ш.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]