Алвар Гулстранд
швед. Allvar Gullstrand[1] | |
Таърихи таваллуд | 5 июн 1862[2][3][1][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 28 июл 1930[4][2][3][…] (68 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | чашмпизишкӣ |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Алвар Гулстранд (швед. Allvar Gullstrand; 5 июн 1862[2][3][1][…], Ландскруна[d][2][1] — 28 июл 1930[4][2][3][…], Оскар[d][2][5]) — чашмпизишки суэдӣ, барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши физиология ё пизишкӣ (1911).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар донишгоҳҳои Упсал (1880), Вена (1885) ва Ин-ти Каролини Стокголм (1987) таҳсил кардааст. Солҳои 1894—1913 профессор офталмология, 1913-27 мудири кафедраи оптикаи физиологию физикии Донишгоҳи Упсала буд. Оид ба шикасти нур дар муҳити гуногун, аз ҷумла дар гавҳараки чашм, пажӯҳиш анҷом додааст. Алвар Гулстранд табиати астигматизмро шарҳ дода, се шакли онро ҷудо намуд, усули нави тартиби системаи инкисор ва инъикосро ба вуҷуд овард, мафҳуми диоптрияро ба илм ворид сохт. «Чашми нақшавӣ», ки Алвар Гулстранд пешниҳод намудааст, то ҳол дар кори ҳисобу китоби оптикӣ истифода мешавад. Алвар Гулстранд чанд асбоби офталмологӣ — лампаи роғбин барои муоинаи дохили чашм, офталмоскопи бидуни рефлекси бинокулӣ, дастгоҳ барои таҳқиқи шаффофии муҳити чашм ва қаъри он, айнак-пурбин ва ғайра ихтироъ кардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 Landskrona stadsförsamlings kyrkoarkiv, Födelse- och dopböcker, SE/LLA/13241/C I/12 (1862-1876), bildid: 00118719_00020, sida 16
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 2.6 2.7 Allvar Gullstrand (швед.) — 1917.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 4.0 4.1 Гульстранд Альвар // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 5.0 5.1 Oscars kyrkoarkiv, Död- och begravningsböcker, SE/SSA/6025/F I/5 (1928-1934), bildid: 00030173_00087, sida 80
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулстранд Алвар // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 5 июн
- Зодагони соли 1862
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Даргузаштагони 28 июл
- Даргузаштагони соли 1930
- Барандагони Ҷоизаи Нобел дар бахши пизишкӣ
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо