Александр Горелов
Александр Горелов | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | 27 марти 1923 |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 1953 |
| Маҳалли даргузашт | |
| Навъи фаъолият | ходими низомӣ |
| Намуди қушун | пиёданизом[d] |
| Рутба | сарвашт |
| Ҷоизаҳо | |
Алекса́ндр Петро́вич Горе́лов (27 марти 1923, Baranovka[d], Saratov Governorate[d] — 1953, Вилояти Қӯрғонтеппа) — Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1946), капитани гвардия.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Пеш аз ҶБВ (1941-45) коргари базаи нафти ноҳияи Ворошиловобод (ҳозира Ҷалолиддини Румӣ)-и Тоҷикистон буд. Апрели 1942 ба сафи Артиши Сурх даъват шуд. Соли 1943 омӯзишгоҳи пулемётчиёнро дар ш. Тошканд хатм кард. Дар ҶБВ аз моҳи майи 1943. Соли 1945 фармондеҳи баталиони полки 120-уми дивизияи 38-уми гвардиягии тирандози Армияи 8-уми Ҷабҳаи 1-уми Белоруссия буд. Дар ҷангҳои Берлин (апрели 1945) иштирок намудааст. Баталиони ӯ кӯпруки Шпрееро ишғол намуда, ҷасорати беҳамто нишон дод. Пас аз ҷанг ба Тоҷикистон баргашта, дар Кумитаи ҳизбии Қӯрғонтеппа кор кард.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурх, Кутузов (дараҷаи 3), Ситораи Сурх ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Горелов Александр Петрович / Б. Аҳмадов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Зодагони 27 март
- Зодагони соли 1923
- Зодагони Иттиҳоди Шӯравӣ
- Даргузаштагони соли 1953
- Даргузаштагон дар Иттиҳоди Шӯравӣ
- Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Ситораи Сурх
- Википедия:Саҳифаҳо бо корбурди параметри «ном» дар шаблони «Қуттӣ»
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Шаблони «Пайвандҳои беруна» холӣ