Александр Можайский
| Александр Можайский | |
|---|---|
| русӣ: Алекса́ндр Фёдорович Можа́йский | |
| | |
| Зодрӯз | 9 (21) март 1825 |
| Таърихи даргузашт | 20 март (1 апрел) 1890 (65 сол) |
| Мансубият | |
| Қисм | rear admiral[d] |
| Равобит | |
Александр Фёдорович Можайский (9 [21] март 1825, Kotka[d], Дукнишини бузурги Финландия[d] — 20 март [1 апрел] 1890, Санкт-Петербург) — арбоби низомӣ-дарёии Русия, ихтироъкор, яке аз пешоҳангони авиатсия.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар оилаи афсари дарёӣ, адмирали флоти рус Ф. Т. Можайский ба дунё омадааст. Корпуси кадетии дарёиро хатм кардааст (1841); солҳои 1841-63 ва 1879-82 дар флоти низомӣ-дарёӣ, дар солҳои 1863-79 дар идораҳои мулкӣ оид ба гузаронидани ислоҳоти деҳқонӣ хидмат намудааст. Соли 1882 бо рутбаи генерал-майор (аз соли 1886 контр-адмирал) ба истеъфо баромад.
Аз соли 1856 Александр Можайский имкониятҳои сохтани дастгоҳҳои парвозии (ДП) аз ҳаво вазнинро таҳқиқ мекард: парвози паррандагон ва бодпаракҳоро меомӯхт. Соли 1876 аввалин парвозҳоро дар ҷаҳон бо бодпараки кашолашаванда анҷом дод. Солҳои 1876—1877 парвози моделҳои тайёраҳоро бо боли беҳаракат (нисбат ба корпус), ки бо ёрии пружинаи соатӣ ба кор медаромаданд, бо муваффақият намоиш дод. 23.3.1878 ба Вазорати ҷанг лоиҳаи тайёраи ҳаҷмаш воқеиро пешниҳод кард, ки комиссия онро бо нишон додани нокифоягии тавоноии дастгоҳи қуввадиҳанда ва дигар сабабҳо рад намуд. 3(15).11.1881 [аз рӯи дархост аз 4(16).6.1880] Александр Можайский аввалин патенти ДП-ро дар Русия ба даст овард. Тобистони соли 1882 дар Красное Село, наздикии Санкт-Петербург, ба сохтани тайёра шурӯъ кард. Тобистони соли 1883 Александр Можайский васлкунии тайёраро ба анҷом расонид. Тайёра моноплани сохти чӯбӣ буда, вазнаш тақрибан 934 кг ва суръати ҳисобшудаи парвозаш то 40 км/соат буд; аз фюзеляж-қаиқ бо дарозии 14,6 м; ду мошини буғӣ бо тавоноии 20 ва 10 қ. а. (14,9 ва 7,46 кВт) бо деги обпарто ва яхдон барои онҳо; се винти қутрашон якхела; болҳо, ки ҳар кадомаш 10,7 м дарозӣ доштанд; дум, ки болову поён мешуд ва барои тағйир додани самти парвоз аз рӯи амудӣ хидмат мекард; шассиҳои чорчарха иборат буд. Дар нимаи дуюми июли соли 1885 (бино ба маълумоти дигар, дар аввали тирамоҳи соли 1884) кӯшиши парвоз нобарор анҷом ёфт. Дастгоҳи парвозии Александр Можайский ҳамчун яке аз аввалин кӯшишҳои амалии сохтани тайёраи тавассути инсон идорашаванда ҷолиби диққат аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Саҳифаҳои дорои аргументи такрорӣ дар фарохонии шаблон
- Зодагони 21 март
- Зодагони соли 1825
- Даргузаштагони 1 апрел
- Даргузаштагони соли 1890
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Дорандагони ордени Владимири Муқаддас
- Дорандагони ордени Владимири муқаддас дараҷаи 4
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони Империяи Русия