Александр Морозов
Александр Морозов | |
|---|---|
| | |
| Таърихи таваллуд | 16 (29) октябр 1904 |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 14 июн 1979 (74 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар | |
| Фазои илмӣ | муҳандис-конструктор[d] |
| Ҷойҳои кор | |
| Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои техникӣ[d] |
| Алма-матер | |
| Ҷоизаҳо | |
| Вебгоҳ | morozov-a-a.narod.ru |
Александр Александрович Морозов (16 [29] октябр 1904, Bezhitsa[d], Oryol Governorate[d][1] — 14 июн 1979, Харкив) — муҳандис-конструктори танкҳои шӯравӣ, ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1943, 1974), генерал-майори хидмати муҳандисӣ-танки (1945), генерал-майор-муҳандис (1971), доктори илмҳои техникӣ (1972), мошинсози шоистаи ҶШС Украина (1970). Ба раванди лоиҳакашии танки Т-34, нусхаи такмилёфтаи он Т-34-85 ва инчунин бисёр мошинҳои дигари зиреҳпӯш роҳбарӣ кардааст.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Падараш, Александр Дмитриевич, дар корхонаи релсбарории Брянск ба ҳайси чобукдаст (слесар) кор мекард, аз соли 1914 дар Корхонаи паровозсозии Харков (ХПЗ, ҳоло Корхонаи давлатии «Завод имени В. А. Малышева») фаъолият дошт. Модараш, Екатерина Васильевна, чор фарзанд: Александр, бародараш Николай ва ду хоҳараш — Анна ва Вераро тарбия намуд. Александр писари калонии оила буд. Аз хурдӣ ба сохтани механизмҳои гуногун аз маводи дастрас шавқу ҳавас дошт ва вақти зиёдро бо абзорҳо мегузаронд.
Соли 1914, чанде пеш аз оғози Ҷанги якуми ҷаҳонии солҳои 1914—1918, оилаи Морозовҳо аз деҳаи худ ба Харков кӯчиданд. Дар ҷойи нав писари калонӣ 5 синфи омӯзишгоҳи реалиро хатм кард.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1919 ба ҳайси коргузор ба дафтари техникии ХПЗ ба кор қабул шуд, сипас дар бюрои конструктории (БК) корхона ба сифати нақшакаш ва нусхабардор кор карда, дар таҳияи ҳуҷҷатҳои аввалин трактори тасмачархи ватанӣ бо номи «Коммунар» иштирок намуд.
Моҳи ноябри соли 1926 ба сафи РККА (Артиши Сурхи Коргару Деҳқон) ба хидмати ҳатмӣ даъват шуд. Дар вазифаи техника-моторист дар бригадаи авиатсионии ҳавзаи низомии Киев хидмат кард. Соли 1928 аз хидмат рухсат шуд.
Дар охири солҳои 1920 ва аввали солҳои 1930 роҳбарияти кишвар ба рушди танксозии ватанӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Доктринаи низомии РККА истифодаи оммавии техникаи зиреҳпӯшро дар назар дошт. Бюроҳои конструкторӣ, аз ҷумла БК-и ХПЗ, ба лоиҳакашии мошинҳои зиреҳпӯши муосир нигаронида шуданд.
Пас аз рухсатӣ аз артиш Морозов ба ХПЗ (октябри 1928, он вақт — Корхонаи паровозсозии Харков ба номи Коминтерн) баргашт ва ба вазифаи конструктор дар гурӯҳи конструктории танкӣ қабул шуд. Ин таъйинот роҳи минбаъдаи ҳаёти ӯро муайян кард. Ҳамзамон бо кор дар БК барои сохтани аввалин танкҳои миёнаи ватанӣ [Т-12-и таҷрибавӣ (1929) ва Т-24-и силсилавӣ (1930)], ӯ дар шуъбаи ғоибонаи Институти автотрактории Маскав ва шуъбаи шабонаи Техникуми мошинсозии Харков (1929—1931) такмили ихтисос намуд.
Ҳангоми лоиҳакашии танки Т-24 роҳбарияти БК-и ХПЗ тахмин мекард, ки он аввалин намунаи силсилавии «манёврӣ» хоҳад шуд. Аммо тибқи натиҷаҳои озмоишҳои муқоисавии Т-24 ва танки ТГ-1, ки дар Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) сохта шуда буд, ТГ-1 ғолиб омад. Вале он низ, сарфи назар аз қарорҳои зиёди инноватсионии техникӣ, камбудиҳои худро дошт: истеҳсолаш гарон, нигоҳдорӣ ва таъмираш душвор буд. Бинобар ин, роҳбарияти БК-и ХПЗ қарор қабул кард (1931), ки силсилаи танкҳои худро аввал дар асоси нақшаҳои танкҳои ширкати амрикоии «Кристи» таҳия кунад. То ин вақт Морозов пас аз хатми таҳсил дар институтҳои зикршуда, роҳбари гурӯҳ дар БК таъйин гардид (1931). Дар солҳои 1931—1934 танкҳои сабуки чарху тасмачархи БТ-2 (1931), БТ-5 (1932), БТ-7 (1935) ва БТ-7М (1939) таҳия карда шуданд. Морозов дар лоиҳакашии трансмиссия ва қисми ҳаракатдиҳандаи онҳо иштирок намудааст.
Моҳи майи соли 1934 Морозов дар курси командирони танкҳо таҳсил кард. Ин ба ӯ, ҳамчун муҳандиси ҷавон, имкон дод, ки ихтирооти худро аз нигоҳи аъзои экипажи танк ва устоҳои таъмиркунанда арзёбӣ кунад. Дар солҳои 1936—1938 ба бахши лоиҳакашии нави БК роҳбарӣ мекард.
Соли 1937 роҳбарияти ХПЗ ва БК-и корхона барои камбудиҳо дар сохти БТ-7 мавриди таъқиб (репрессия) қарор гирифтанд. Конструктори асосӣ М. И. Кошкин таъйин шуд. Пас аз тағйироти кадрӣ, вазифаи асосии БК-и ХПЗ такмил додани сохтор ва модернизатсияи танки БТ-7 гардид.
Дар ин давраи душвор Кошкин хатогиҳоро таҳлил намуда, иқтидори коллективҳои БК ва ХПЗ-ро арзёбӣ кард ва И. В. Сталинро бовар кунонд, ки ба сохтани танки нав, ки пурра бо тасмачарх ҳаракат кунад, вале аз ҷиҳати суръат ва манёвр аз мошинҳои чарху тасмачарх кам набошад, шурӯъ кардан лозим аст. Морозов ҳамчун муовини сардори БК (1938), сипас сардори БК ва муовини конструктори асосӣ, дар сохтани ду намунаи таҷрибавӣ — прототипҳои танки нав — А-20 ва А-32 иштирок кард. Дар рафти бартараф кардани камбудиҳо ва беҳтар намудани параметрҳои намунаҳои таҷрибавӣ, симои техникии танки ояндаи Т-34 ташаккул ёфт. Морозов ҳамчун роҳбари техникии лоиҳа таҳти роҳбарии Кошкин ва Н. А. Кучеренко дар такмили ҳуҷҷатҳои конструкторӣ ва азхудкунии истеҳсоли танки Т-34 (моҳи декабри соли 1939 ба яроқпартоии РККА қабул шуд) саҳми фаъол гузошт.
Пас аз марги Кошкин дар соли 1940, Морозовро конструктори асосии БК-и ХПЗ таъйин карданд. Таҳти роҳбарии ӯ танки нави Т-34 бо суръати баланд ба истеҳсоли силсилавӣ ворид карда шуд.
Моҳи октябри соли 1941 ХПЗ ба шаҳри Нижний Тагили вилояти Свердловск кӯчонида шуд. Дар ҷойи нав Морозов — конструктори асосии БК-и Корхонаи Уралии № 183 ба номи Коминтерн (аз соли 1945 — Корхонаи вагонсозии Урал ба номи И. В. Сталин, ҳоло иттиҳодияи истеҳсолии «Уралвагонзавод») ба ташкили истеҳсоли оммавии танки Т-34 ва корҳои такмилу модернизатсияи амиқи он роҳбарӣ кард. Натиҷаи заҳматҳои ӯ то соли 1944 танки Т-34-85 гардид, ки бо бурҷи бештар муҳофизатшаванда, ҷойгиршавии беҳтари экипаж ва муҳимтар аз ҳама, бо тӯпи пурқуввати 85-миллиметрии ЗИС-С-53 муҷаҳҳаз буд. Ин танк низ ба истеҳсоли силсилавӣ оғоз кард. Тибқи нишондиҳандаҳои асосӣ, танки Т-34-85 беҳтарин танки миёнаи Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1939—1945 эътироф шудааст. Ҳамзамон бо оғози истеҳсоли силсилавии Т-34-85, Морозов ба кор дар болои лоиҳаҳои нав шурӯъ кард. Ҳамин тариқ, соли 1944 лоиҳакашии мошини ҷангӣ — «объекти 137» оғоз ёфт ва соли 1946 он бо номи «танки Т-54» ба яроқпартоӣ қабул гардид. Соли 1947 истеҳсоли силсилавии он шурӯъ шуд.
Соли 1951 Морозов ба Харков ба вазифаи конструктори асосии корхонаи ба номи В. А. Малышев баргашт (солҳои 1966—1976 ҳамзамон директори корхона буд) ва ба таҳияи мошини комилан нав — танки Т-64 (объекти 432) шурӯъ кард, ки аз соли 1963 ба таври силсилавӣ истеҳсол шуда, соли 1966 ба яроқпартоии Артиши Шӯравӣ қабул шуд. Бо сохтани танки навбатии Т-64А (1966), дар истилоҳоти низомӣ мафҳуми «танки асосии ҷангӣ» ба ҷойи истилоҳҳои қаблии «танки миёна» ва «танки вазнин» ворид шуд.
Аз июни соли 1976 ба ҳайси мушовири БК-и мошинсозии Харков кор мекард ва узви Шӯрои илмӣ-техникии Вазорати саноати мудофиаи СССР буд.
Ҷоизаҳову орденҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Барандаи 2 Мукофоти Сталинии дараҷаи 1 барои соли 1941 (1942) ва барои солҳои 1943—1944 (1946), Мукофоти Сталинии дараҷаи 2 барои соли 1947 (1948) ва Мукофоти Ленинӣ (1967).
Бо 3 ордени Ленин (1942, 1943, 1974), ордени Инқилоби Октябр (1971), ордени Кутузов дараҷаи 1 (1945), ордени Суворов дараҷаи 2 (1945), 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1941, 1954, 1964), ордени Ситораи Сурх (1944) ва медалҳо сарфароз гаштааст.
Морозов то охири умр дар Харков зиндагӣ кард. Дар қабристони № 2-и Харков ба хок супурда шудааст. Нимпайкараҳои биринҷии Морозов дар Брянск ва Харков гузошта шудаанд. Дар Харков дар девори хонае, ки ӯ зиндагӣ мекард, лавҳаи ёдгорӣ насб шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 Морозов Александр Александрович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- Зодагони 29 октябр
- Зодагони соли 1904
- Зодагони Империяи Русия
- Даргузаштагони 14 июн
- Даргузаштагони соли 1979
- Даргузаштагон дар Иттиҳоди Шӯравӣ
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Инқилоби Октябр
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени Ситораи Сурх
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»
- Сарфарозшудагон бо медали «Ветерани меҳнат»
- Барандагони Мукофоти ленинӣ
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо