Алексей Болдирев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Александр Болдирев
русӣ: Алексей Васильевич Болдырев
Таърихи таваллуд 16 (27) март 1784
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 17 (29) август 1842 (58 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ фалсафа, шарқшиносӣ[2], забоншиносӣ, арабшиносӣ[2] ва эроншиносӣ[2]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: master's degree[d] (1806)
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Order of Saint Anna, 2nd class
Логотипи Викитека Осор дар Викитека

Болдирев Алексей Василевич (русӣ: Алексей Васильевич Болдырев; 16 [27] март 1784, Poltava[d]17 [29] август 1842, Маскав[1]) — забоншинос-шарқшиноси рус.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Маскав (1805). Баъдан дар Олмон ва Фаронса таҳсил кардааст. Профессор (1815) ва ректори Донишгоҳи давлатии Маскав (1832-37). Соли 1811 дар Донишгоҳи давлатии Маскав таълими мунтазами забонҳои Шарқ (арабӣ, яҳудии қадим, форсӣ ва ғ.)-ро ҷорӣ намуд. Муаллиф ва мураттиби «Грамматикаи мухтасари забони арабӣ» (1827, 1836), «Хрестоматияи арабӣ» (1824, 1832), «Хрестоматияи форсӣ» (1826, 1833-34; намунаҳоро аз эҷодиёти Аттор, Саъдӣ, Ҳофиз, Нахшабӣ, Ҷомӣ, Мирхонд ва дигарон дар бар мегирифт). Ин асарҳо то охири асри 19 чун дастури таълим ба кор бурда мешуданд. Алексей Болдирев ва шогирдонаш матнҳои форсиро ба русӣ тарҷума карда, дар маҷаллаҳову маҷмӯаҳо чоп менамуданд. Тарҷумаи баъзе пораҳо аз қиссаи ишқии «Лайлӣ ва Маҷнун» ба қалами Алексей Болдирев тааллуқ дорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Болдырев Алексей Васильевич (рус.) / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  2. 2.0 2.1 2.2 Чешская национальная авторитетная база данных

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]