Алеут (галаҷазира)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Алеут — галаҷазира, силсилаи ҷазираҳои вулқонӣ дар шимолӣ Уқёнуси Ором, ҷанубӣ ғарбтари нимҷазираи Аляска. Аз 110 ҷазира ва сахраҳои (шухҳои) сершумор иборат аст. Аз аляска то ҷазираҳои Командор ба масофаи 1900 км камоншакл тӯл кашидааст. Тобеи штати Аляска (ШМА). Масоҳаташ 37,8 ҳазор км2. Аҳолиаш наздики 10 ҳазор нафар (якҷоя бо чандсад сокинони таҳҷоӣ – алеутҳо; маълумоти соли 2006). Маҳалли аҳолинишини асосӣ – Адак (дар ҷазира ҳамном). Алеут Баҳри Берингро аз Уқёнуси Ором ҷудо мекунад. Алеут теғаи қаторкӯҳҳои зериобӣ буда, аз сатҳи баҳр то 2860 м (вулқони Шишалдина дар ҷазира Унимак) қад кашидааст. Аксари ҷазираҳо вулқонӣ буда, серзилзилаанд. Алеут 25 вулқони амалкунанда дорад. Иқлимаш баҳрии нарм (субарктикии уқёнусӣ), сербориш, доимо туманнок. Ҳарорати миёнаи август 11,9°С. Ландшафташ аз марғзорҳои субарктикӣ ва тундраҳои кӯҳӣ иборат аст. Хокаш ба шарофати ҷинсҳои вулқонӣ – серҳосил. Дар алеут гӯсфанду оҳупарварӣ ривоҷ дорад. Бо мақсади аз нобудшавӣ нигоҳ доштани гуногунии биологӣ моҳидорӣ, шикори тюлен ва мӯинадорҳо танҳо ба аҳолии таҳҷоӣ – алеутҳо иҷозат дода шудааст. Аксари ҷазираҳо мансуби Мамнӯъгоҳи миллии алеут мебошанд. Алеутро экспедитсияи сайёҳони рус А. И. Чириков ва В. Беринг (1741 – 42) кашф кардааст. Охири садаи XVIII – аввали садаи XIX саноатчиёни рус дар ин ҷо чанд шаҳраки аҳолинишин сохтанд. Соли 1867 алеутро Россия якҷоя бо Аляска ба ШМА фурӯхт. Дар ҷазираи Уналашка пойгоҳи ҳарбӣ-баҳрии Датч-Харбори ШМА ҷойгир аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]