Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Алиакбар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Алиакбар

Алиакбар (соли таваллуд ва вафот номаълум) — сайёҳи охири садаи XV ва нимаи аввали садаи XVI-и Осиёи Миёна.

Соли 1506 аз Мовароуннаҳр ба саёҳати Хитой рафта, чаҳор вилояти онро гашт ва се моҳ муқими Бейҷин (Пекин) шуд. Ба ин сабаб ба ӯ лақаби «хитойӣ» насб гардид. Аз Хитой ба Осиёи Хурд рафта, дар Қустантания (Константинопол) иқомат кард. Чанд муддат дар Истанбул дар хидмати Алии Қушчӣ буд.

Соли 1516 ба забони тоҷикӣ бо номи «Таърихи Хитой ва Хутан» сафарномае иборат аз бист боб таълиф кард. Асар очерки таърихию географист, ки доир ба тарзи давлатдорию тиҷорат, тариқи зисту хоҷагидории мардумон, ёдгориҳои таърихию маданӣ, маъбаду масҷидҳо, ҷашну маросимҳо ва шуғлу ҳунари сокинони ин кишварҳо маълумоти муфассал медиҳад. «Таърихи Хитой ва Хутан» дар Туркия бо номи «Қонунномаи Чин ва Хутан» ё «Хитойнома» машҳур буда, охири садаи XVI ба туркӣ тарҷума шудааст.