Гадойбой Алиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Алиев Гадойбой)
Гадойбой Алиев

Гадойбой Алиев (1901, деҳаи Ҷигдалики ноҳияи Конибодом — 6. июн 1988, ҳамон ҷо) — пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Колхозчӣ (1931 — 40) ва сардори звенои пахтакории колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Конибодом (1940 — 66). Аз соли 1966 нафақагир буд. Звенои Алиев соли 1947 ҳосили фаровони пахта рӯёнд. Бо ордени Ленин ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]