Алии Тирмизӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Алии Тирмизӣ
Зодгоҳ:

Тирмиз

Маҳалли марг:

Тирмиз

Навъи фаъолият:

шоир

Алии Тирмизӣ, (Ҳакими Тирмизӣ) (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоир, мутафаккири мутасаввифи форс-тоҷик (асри 9).

Фаридуддини Аттор дар «Тазкират-ул-авлиё» Алии Тирмизиро чун шахси донишманду хушфазилат ва «дар фунуну улум комил» тавсиф намудааст. Ба шарофати фазлу дониш унвони «Ҳакимулавлиё» гирифта буд. Алии Тирмизӣ ба сабки рубоиёти халқӣ рубоиҳо эҷод кардааст. Азбаски рубоиёти аксар шоирони мутасаввиф ба ҳамин сабк аст, рубоиёти Алии Тирмизӣ ҳам бо ашъори шоирони дигар омехта шудаанд ва аз онҳо рубоиёти ба ӯ тааллуқдоштаро ҷудо кардан душвор аст. Ба қалами Алии Тирмизӣ инчунин рисолаҳои динию ирфонӣ тааллуқ доранд. Рисолаҳои мазкур шомили пораҳоеанд, ки ақидаҳову андешаҳои пандуахлоқӣ, андарзиву ҳакимонаро дар бар мегиранд. Дар шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии ӯзбекистон мақбараи Алии Тирмизӣ барҷост, ки чун ёдгории таърихӣ дар муҳофизати давлат аст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]