Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Алимуҳаммад Муродӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Алимуҳамммад Муродӣ
Таърихи таваллуд 3 август 1945(1945-08-03) (80 сол)
Зодгоҳ деҳаи Қавоқ, ноҳияи Шӯрообод, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Навъи фаъолият шоир
Забони осор тоҷикӣ
Ҷоизаҳои адабӣ Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода

Алимуҳамммад Муродӣ (зод. 3 августи 1945, деҳаи Қавоқи ноҳияи Шӯрообод, вилояти Кӯлоб) — шоир ва рӯзноманигори тоҷик. Шоири халқии Тоҷикистон (2020). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1987).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Алимуҳамммад Муродӣ 3 августи соли 1945 дар деҳаи Қавоқи ноҳияи Шӯроободи вилояти Кӯлоб ба ҷаҳон омада, соҳиби номаи камоли мактаби миёнаи зодгоҳаш гардидааст. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин аст. Солҳои зиёде дар матбуот кор карда, чанде муҳаррири рӯзномаи ноҳияи Ёвон, мудири шуъбаи рӯзномаи вилояти Қӯрғонтеппа, сармуҳаррири редаксияи мусиқии телевизиони ҷумҳурӣ, мудири шуъбаи нақди адабии маҷаллаи «Садои Шарқ» будааст. Ҳоло дар ноҳияи Мир Саййидалии Ҳамадонӣ кору зиндагӣ мекунад.

Маҳсули қалами Алимуҳаммад Муродӣ тавассути маҷмӯаҳои «Дастниҳол», «Боғи мурод», «Нози Наврӯз», «Чароғи рӯзадор», «Хайрбоди баҳор» ва чандин маҷмӯаҳои дастҷамъӣ дастраси хонандагон гардидааст.

Соли 2005 барои китоби «Хайрбоди баҳор» сазовори Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.

Аз соли 1987 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад[1].

Алимуҳаммад Муродӣ 28 августи соли 2020 бо унвони Шоири халқии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид[2].

  1. МУРОДӢ АЛИМУҲАММАД. navisandagan.tj. 4 августи 2020 санҷида шуд.
  2. Киҳо шоири халқии Тоҷикистон шуданд?(тоҷ.). Sputnik-tj.com. 28 августи 2020 санҷида шуд.