Алиса Лю
Алиса Лю | |
|---|---|
| англ. Alysa Liu | |
| | |
| Иттилоъоти инфиродӣ | |
| Ҷинс | зан |
| Кишвар | |
| Тахассус | искейти намойишӣ |
| Зодрӯз | 8 августи 2005[2] (20 сол) |
| Зодгоҳ | |
| Қад | 158 сантиметр |
| Вебгоҳи расмӣ(англ.) | |
Алиса Лю (англ. Alysa Liu; зод. 8 августи 2005, Кловис, Калифорния) — амрикоӣ фигурскейтбоз, ки дар навъи яккасаи занона баромад мекунад. Қаҳрамони дукаратаи олимпӣ (2026), қаҳрамони ҷаҳон (2025), дорандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон (2022), ғолиби Финали Гран-при (2025), дорандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон (2020), дорандаи медали нуқраи Финали Гран-при миёни ҷавонон (2019), қаҳрамони дукаратаи ИМА (2019, 2020). Бо пирӯзӣ дар синни 13-солагӣ ҷавонтарин қаҳрамони таърихи чемпионатҳои ИМА миёни калонсолон гардид.
Лю — аввалин фигурскейтбози амрикоӣ мебошад, ки ҷаҳиши чоркарата (лутс)-ро дар мусобиқаҳои зери сарпарастии Иттиҳоди байналмилалии конкбозон иҷро кардааст[3]. Алиса Лю аз синни хурдсолӣ унсурҳои мураккабро иҷро мекард.
Ба ҳолати 22 декабри соли 2025 дар раддабандии Иттиҳоди байналмилалии конкбозон ҷойи 5-умро ишғол мекунад[4].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Алиса Лю 8 августи соли 2005 дар шаҳри Кловиси иёлати Калифорния таваллуд шудааст. Падараш Артур Лю дар солҳои 1990 аз Чин пас аз иштирок дар ҳодисаҳои майдони Тянанмэн ба ИМА муҳоҷират кардааст. Ҳоло ба фаъолияти адвокатӣ дар Окленд машғул буда, панҷ фарзандро танҳо тарбия мекунад, ки Алиса калонтарини онҳост[5]. Алиса тавассути модарии суррогатӣ ба дунё омадааст; ҳуҷайраи тухмро донори номаълум пешниҳод кардааст.
Фаъолияти варзишӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Оғоз
[вироиш | вироиши манбаъ]Лю дар синни панҷсолагӣ ба рӯи ях баромад, вақте ки падараш — ҳаводори фигурскейтбоз Мишель Кван — ӯро ба яке аз майдонҳои яхмолакбозии Окленд бурд.
Соли 2016 дар синни 10-солагӣ ҷавонтарин қаҳрамони таърихи ИМА дар дараҷаи intermediate гардид[6].
Соли 2017 дар чемпионати ИМА миёни нависҳо (англ. Novice) ҷойи 4-умро гирифт.
Соли 2018 дар синни 12-солагӣ қаҳрамони ИМА миёни ҷавонон шуд ва дар барномаи озод 6 ҷаҳиши сегонаи тоза, аз ҷумла ду комбинатсияи «се-се»-ро иҷро намуд.
Мавсими 2018—2019
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 2019 дар синни 13-солагӣ дар разряди калонсолони чемпионати ИМА дебют карда, қаҳрамон гардид. Дар барномаи озод ду ҷаҳиши «аксели сегона», аз ҷумла яке дар каскад бо тулуп иҷро кард. Ҷавонтарин қаҳрамони таърихи ИМА шуд (пеш аз он Тара Липински соли 1997 дар синни 14-солагӣ пирӯз шуда буд). То мавсими 2019/20 ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳатто дар сатҳи ҷавононро надошт, зеро 8 август таваллуд шудааст ва ба синни ҳадди ақали талабшуда панҷ ҳафта дертар расида буд.
Мавсими 2019—2020
[вироиш | вироиши манбаъ]Моҳи августи соли 2019 дар марҳилаи ISU Junior Grand Prix дар Лейк-Плесид аввалин шуда миёни занон ҷаҳиши чоркаратаи лутц ва аксели сегона дар як барнома иҷро кард. Дар чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон (2020) пас аз варзишгарони рус Камилла Валиева ва Даря Усачёва ҷойи 3-умро гирифт (2-юм дар барномаи кӯтоҳ ва 3-юм дар барномаи озод).
Мавсими 2020—2021
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз мавсими 2020—2021 зери роҳбарии мутахассиси канадагӣ Ли Баркелл тамрин мекунад. Дар чемпионати ИМА ҷойи 4-умро ишғол намуда, 213,39 имтиёз ба даст овард[7].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ http://www.isuresults.com/bios/isufs00103196.htm
- ↑ Olympedia (ингл.) — 2006.
- ↑ Alysa Liu becomes first American woman to land quad. olympicchannel.
- ↑ ISU World Standings 2024/2025 — Women(англ.). ИСУ (25 April 2025).
- ↑ Американская угроза. Кто бросит вызов российским фигуристкам. Спорт-Экспресс.
- ↑ Skating prodigy Alysa Liu, a senior national competitor at 13, is using the present to avoid future shock. OlympicTalk (NBC) (31 Декабри 2018).
- ↑ Брэди Теннелл победила на чемпионате США по фигурному катанию, Лью – 4-я, Чок и Бейтс лидируют после ритм-танца. Sports.ru.