Алихонтӯра Соғунӣ
Алихонтӯра Соғунӣ | |
|---|---|
| Алихон Шокирхоҷаев | |
| |
| Таваллуд |
21 март 1885 |
| Даргузашт |
28 феврал 1976 (90 сол) |
| Оромгоҳ | |
| Дин | ислом |
Алихонтӯра Соғунӣ (уйғӯрӣ ئەلىخان تۆرە ساغۇنى; 21 март 1885, Тахмоқ, генерал-губернатории Туркистон — 28 феврал 1976, Тошканд) — арбоби сиёсӣ, динӣ ва низомии Туркистон, нависанда, олим ва нахустин Президенти Ҷумҳурии Туркистони Шарқӣ (1944—1946).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Алихон 21 марти соли 1885 дар шаҳри Тоқмоқ (дар баъзе сарчашмаҳо — Боласoғун, аз ин рӯ тахаллуси «Соғунӣ»-ро гирифтааст) дар оилаи олими дин ба дунё омадааст. Падараш Шокир аз шаҳри Андиҷон будааст. Бо сабаби дониши амиқи дар илоҳиёт доштааш ба ӯ лақаби «тӯра»-ро додаанд. Ду маротиба ба зиёрати Ҳаҷ шарафёб шудааст, нахуст соли 1905 ва бори дуюм соли 1924. Давоми солҳои 1915—1923 мударриси мадрасаҳои Бухоро буд. Баъди суқути Аморати Бухоро аз ҷониби Артиши Русия ва таъсиси давлати Шӯравӣ ӯ ҳам чун ҳазорон зиёиёни Осиёи Марказӣ мавриди таъқиби мақомоти Шӯравӣ қарор мегирад ва солҳои 20-ум чанд маротиба боздошту озод мешавад. Дар маълумоти Википедия омадааст, ки ӯ дар зиндони Бишкек (Пишпек) як муддат маҳбус будааст.
Моҳи ноябри соли 1930 ӯ бори дигар аз ҷониби мақомоти давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ боздошт шуда, бо ҳукми додгоҳ ба 10 соли зиндон маҳкум мегардад. Вале аз боздоштгоҳ фирор карда, соли 1931 марзи Шӯравиро убур мекунад ва ба ҳудуди Чин мегузарад. Ӯ дар шаҳри Қулҷа (Ғулжа) маҳали иқомат гузида ба таълиму тадриси улуми динӣ ва “Қуръон” машғул мешавад. Гуфта мешавад, ки ӯ ба табобат ҳам машғул будааст. Зуд миёни мардуми маҳаллӣ шӯҳрат ёфта, аввал имоми яке аз масҷидҳо ва дере нагузшата имоми масҷиди марказии Қулҷа – масҷиди ҷомеи «Байтуллоҳ» таъйин мегардад.
Дар он ҷо ба тарғиби озодии мардум ва истиқлолияти кишвар аз сулолаи Гоминдан пардохт. Дар ноябри соли 1944, вақте ки дар вилояти Илӣ шӯриш оғоз шуд, Ҷумҳурии Туркистони Шарқӣ эълон гардид ва Алихонтӯра Президенти он интихоб шуд. Вай ҳамчунин Сарфармондеҳи артиши миллӣ буд.
Дар июни соли 1946, дар натиҷаи як амалиёти махсуси мақомоти амниятии Шӯравӣ (КГБ), Алихонтӯра махфиёна аз Хулҷа ба Иттиҳоди Шӯравӣ (Тошканд) бурда шуд. То охири умр дар Тошканд дар ҳабси хонагӣ ва зери назорати қатъӣ қарор дошт, вале ба корҳои илмӣ ва адабӣ машғул буд.
Ӯ 28 феврали соли 1976 вафот кард ва дар қабристони Шайх Зайнуддинбобо дар Тошканд ба хок супурда шуд[1].
Осор ва мероси илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Алихонтӯра Соғунӣ асарҳои муҳиме ба мерос гузоштааст, ки аксари онҳо ба забони ӯзбекӣ ва форсӣ-тоҷикӣ мебошанд:
- «Таърихи Муҳаммадӣ» — дар бораи ҳаёти паёмбар Муҳаммад.
- «Туркистон қайғуси» — асари таърихие, ки дар он ҳодисаҳои сиёсии минтақа ва ишғоли он аз ҷониби Русия таҳлил шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Yoqubjon Xo‘jamberdiyev. Alixonto‘ra Sog‘uniy (O‘zbek). Toshkent: "Azon kitoblari" nashriyoti, 2021 — 628-bet. ISBN 978-9943-7272-7-4.
