Алӣ Кофӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Али Кофӣ)
Алӣ Кофӣ
ар. علي كافي
2 июл 1992 — 30 январ 1994
Пешгузашта Муҳаммад Бузиаф
Ҷонишин Ламин Зеруал

Таваллуд 17 октябр 1928(1928-10-17)
Даргузашт 16 апрел 2013(2013-04-16)[1] (84 сол)
Мадфан
Ҳизб
Эътиқод atheist[d]
Ҷоизаҳо
Algerian National Order of Merit, Grand Master rank
Рутба полковник
Набардҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Алӣ Ҳусейн Кофӣ (ар. علي حسين كافي17 октябри 1928, Алҷазоир — 16 апрели соли 2013, Женева, Швейтсария[2]) — сиёсатмадор ва дипломати Алҷазоир.

Дар деҳаи Алҷазоир Ал — Харруш дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Падари ӯ узви бародарони мусулмони Раҳмония буд. Дар соли 1946, Алӣ Ҳусейн Кафӣ барои таҳсил ба ш. Константин рафт ва дар он ҷо ба Ҳизби Халқии Алҷазоир пайваст ва яке аз муборизони истиқлоли кишвар дар даҳаи 1950 шуд. Пас аз эътироф кардани истиқлоли Алҷазоир, ӯ ба ҳайси сафир дар якчанд давлатҳо кор кардааст: Сурия, Лубнон, Ливия, Тунис, Миср, Ироқ ва Италия. Соли 1992, пас аз қатли Муҳаммад, Будиаф раҳбари Шӯрои олии давлатӣ шуд.

Вай ҳамчун сарвари давлат барои мубориза бар зидди фундаменталистон чораҳои шадид меандешид: вай қонунҳои навро оид ба мубориза бо терроризм қабул кард, ваколатҳои полисро васеъ намуд ва соати комендантӣ ҷорӣ кард.[3]

Дар соли 1994, ӯро Ламин Зеруал дар мансаби президент иваз кард.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Munzinger Personen (нем.)
  2. Сообщение о кончине Бойгонӣ шудааст 21 июни 2013  сол. (франц.)
  3. История Алжира(пайванди дастнорас — таърих). 7 Декабри 2008 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 апрели 2009.