Алкилонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Алкилонӣ — ба пайвастҳои гуногуни химиявӣ дохил намудани гурӯҳи алкилҳо. Алкилониро ба воситаи алкилгалогенидҳо (масалан, C2H5CI), эфирҳои кислотаҳои ноорганикӣ [масалан, диметилсулфат (СНзО)2СO2], олефинҳо (масалан, этилен) ва ғайра мегузаронанд. Алкилонии аммиак, аминҳо ва гидразин ба тавассути алкилгалогенидҳо, диалкилсулфатҳо ва намаки онҳо сурат мегирад. Ҳангоми алкилонии аммиак (ё аминҳо) бо алкилгалогенидҳо (реаксияи Гофман) аввал алкилгалогенид аз ҳисоби ҷуфти электронҳои озоди нитроген пайваст ва сипас гид рогенгалогенид бо аммиаки (ё амини) барзиёд ҷудо мешавад. Зимни ин реаксия аминҳо ва гидразинҳои якумин, дуюмин, сеюминро ҳосил кардан мумкин аст. Алкилонии бензол бо алкилгалогенидҳо дар якҷоягии АIСIз-и беоб (реаксияи Фриди-Крафтс) гузаронда мешавад. Реаксияи мазкур имкон медиҳад, ки ҳамаи атомҳои гидроген дар ҳалқаи бензолӣ пайиҳам ба гурӯҳи алкил иваз карда шаванд. Дар байни реаксияҳои пайвастшавии олефинҳо реаксияи дароз кардани силсилаи карбонӣ мақоми махсус дорад. Мисоли он алкилонии олефинҳо бо парафин дар якҷоягии кислотаи фосфат ё сулфат мебошад. Бо ин роҳ изооктан ҳосил мекунанд, ки сӯзишвории адади октаниаш баланд маҳсуб меёбад. Карбогидридҳои алифатии шоханок зери таъсири агентҳое, ки изомеризатсия мегарданд, бо олефинҳо пайваст шуда, бензин (бензини алкилонида) ҳосил мекунанд. Чунин реаксия бо изобутан дар иштироки кислотаи сулфати 98%-а ҷараён мегирад. Дар натиҷа ғайр аз изооктан чанд изомери дигар (ҳарорати ҷӯшиш 108 – 116°С), ки адади октаниашон ба 100 наздик аст, ҳосил мешаванд. Алкилонӣ дар техника барои ба даст овардани сӯзишвории адади октаниашон баланд (октан, изооктан ва ғайра), аминҳо (якумин, дуюмин, сеюмин ва ғайра), гомологҳои бензол (этилбензол) ва ғайра истифода мегардад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Kappep П., Kypc органической химии, Jl., 1962;
  • Несмеянов А. H., Несмеянов Н. A., Начало органической химии, M., 1969;
  • Пет ров A. А., Органическая химия, M., 1981.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]