Алмосбек Отамбоев

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Алмазбек Шаршенович Атамбаев
2012-03-20 Almazbek Atambayev.jpeg
Зодрӯз 17 сентябри соли 1956
Зодгоҳ вилояти Чуй, ҶШС Қирғизистон
Вазифа сиёсатмадор, ходими давлатӣ

Алмосбек Шаршенович Отамбоев (тав. 17 сентябри соли 1956, деҳ. Арашан, ноҳияи Аламудун, вилояти Чуй, ҶШС Қирғизистон) — Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, раиси Ҳизби Сотсиал-демократии Қирғизистон.

Зиндагинома[вироиш]

Соли 1980 Донишкадаи идоркунии Москваро хатм кардааст, ихтисос “инженер-иқтисодчӣ, ташкилоти идоракунии иқтисодиёт” . Дар вазифаҳои гуногуни вазорати алоқаи ҶШС Қирғизистон ва Шӯрои олии ҶШС Қирғизистон кор кардааст. Бо нашри китоб ва фуруши он дар Русия солҳои 1989-1991 машғул буд. Раиси гурӯҳи саноатии “Форум” ва шурои директорони корпорацияи "Кыргызавтомаш" фаъолият бурда роҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон шудааст.

30 сентябри 2005 - 24 апрели 2006 – вазири саноат, савдо ва туризми ҳукумати Қурмонбек Боқиев, (ба истеъфо бинобар норозигӣ аз сиёсати президент баромадааст) буд. Аз с. 2006 ноибраиси ҳаракати “Барои ислоҳот дар Қирғизистон. Ду маротиба номзад ба мақоми Президенти Қирғизистон (2000 ва 2005) пешбарӣ шуда буд. Соли 2007 ( 30 март то 27 ноябр) Нахуствазири Қирғизистон таъин шуд ва ба истеъфо баромад. Солҳои 2008-2009 ба узвият ва сипас раиси “Ҳаракати муттаҳидаи Қирғизистон” интихоб шудааст, ки мухолифини ҳукумат буд. Баъд аз сарнагун шудани ҳукумати Президент Қурмонбек Боқиев, апрели 2010 – 31 декбри 2011 дар мансаби муовини аввал ва нахуствазири Ҷумҳурии Қирғизистони ҳукумати Роза Исаковна Отунбаева кор кардааст. 30 октябри соли 2011 дар интихобот ғолиб баромада Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон (аз 1.12.2011) таъин шудааст.

Омладор, падари ду духтар Диана ва Динара ва писар Қодирбек аз зани аввал ва духтар Алия аз зани дуюм.[1]

Манбаъ[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]

Commons-logo.svg
Анбори Википедиа аксҳое дар бораи ин мавзӯъ дорад:
[[Commons:Category:Almazbek Atambayev|Алмосбек Отамбоев]]