Аломатҳои математикӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аломатҳои математикӣ — ишораҳои шартии мафҳум, ибора ва ҳисобкуниҳои математикӣ. Пайдоиши ишораҳои математикӣ бо инкишофи мафҳумҳои математика робитаи мустаҳкам дорад. Нахустин аломатҳои математикӣ рақамҳо буданд. Аввалин аломатҳои ҳарфӣ дар рисолаҳои олими Юнони Қадим Диофант вомехӯранд. Аломатҳои алгебравии ҳозиразамон дар асрҳои 15 – 17 ба вуҷуд омаданд. Инкишоф ва такмили аломатҳои математикӣ ба пайдоиши соҳаҳои нави математика (ҳисоби оператсионӣ, ҳисоби вариатсионӣ, ҳисоби тензорӣ) ва мантиқи математикӣ мусоидат кард. Аломатҳои асосии математикӣ дар ҷадвал оварда шудаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]