Алоуддини Қазвинӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Алоуддини Қазвинӣ
Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алоуддин Қазвинии Ҳилолӣ
Фазои илмӣ:

муаррих

Алоуддини Қазвинӣ (Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алоуддин Қазвинии Ҳилолӣ; таваллуд ва вафот номаълум) — муаррихи форс-тоҷик (асри 14).

Зиндагинома[вироиш]

Муаллифи китоби маъруфи таърихии «Миноҳиҷ-ут-толибин фӣ маориф-ис-содиқин» (Роҳнамоиҳои толибон дар шинохти содиқон), ки соли 1377 таълиф гардида ба Шоҳшуҷоъ тақдим шудааст.

Китоб ба таърихи Ислом бахшида шуда, аз се қисм иборат мебошад: қисми аввал дар офариниши олам; қисми дуюм – таърихи паёмбари Ислом ва хулафо; қисми сеюм – таърихи мулуки Ислом (Умавиён, Аббосиён, Бувайҳиён, Сомониён, Ғазнавиён, Ғуриён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён)-ро фаро гирифтааст. Бахши хеле боарзиши китоб таърихи Шоҳшуҷоъ аст, ки дар он воқеаҳои асри 13-и Шерозро муфассалан баён кардааст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]