Алочабоф
(Тағйири масир аз Алочабоф (деҳа, н. Рӯдакӣ))
Деҳа | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Рӯдакӣ |
Ҷамоат | Деҳоти Россия |
Координатаҳо | 38°32′36″ с. ш. 68°47′26″ в. д.HGЯO |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 3321 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон |
Ҳайати динӣ | мусулмонон |
Вақти минтақавӣ | UTC+5 |
Коди телефон | +992 |
Коди мошин | TJ07 |
Алочабоф — деҳа дар ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рудакӣ. Аз Алочабоф то маркази ноҳия — шаҳраки Сомониён 13 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 3321 нафар (2017)[1], тоҷикон.
Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]
Алочабоф мактаб надорад. Кӯдакон дар мактабҳои № 45 ва 75-и шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд. Бунгоҳи тиббӣ, нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Душанбе обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Алочабоф // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.