Алтератсияи ладӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Алтератсияи ладӣ — зинаҳои ноустувори ладро бо тарзи нимпардагӣ (хроматикӣ) баланд ё паст карда, кашиши онҳоро ба нотаҳои устувор зиёд месозад. Дар ҳар лад садоҳои устувори сеовозагии тоникӣ аз алтератсияи ладӣ эминанд. Чунин хелҳои алтератсияи ладӣ вуҷуд доранд:

дар мажор
  • зинаи II паст ё баланд мешавад;
  • зинаи IV баланд мешавад;
  • зинаи VI паст мешавад;
дар минор (аслӣ)
  • зинаи II паст мешавад;
  • зинаи IV паст ё баланд мешавад;
  • зинаи VII баланд мешавад.[1]

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.21. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)