Алунит
Зоҳир
Алунит (фаронсавӣ alunit – зок) — минералест аз гурӯҳи сулфатҳои мураккаб. Формулаи химиявиаш: KAl3[SO4]2(OH)6.
Дар системаи тригоналӣ кристалл мебандад. Сохташ маҳиндонаи сахт ё хока. Рангаш сафед, хокистарӣ, зардча мешавад. Сахтиаш 3,5 – 4; зичиаш 2600 – 2800 кг/м3. Алунит аз ҷинсҳои вулқонӣ дар натиҷаи таъсири маҳлулҳои гидротермалии сулфатӣ ва дар ҷинсҳои таҳшин аз оксидшавии колчедани сулфур ба вуҷуд меояд. Алунит асосан барои ҳосил кардани зок, оксиди алюминий, намаки калий ва ғайра истифода мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.